Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз нисбат ба масъалаҳои ҷиддӣ хунукназарӣ накунед, зеро баъдан натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда наметавонеду ғамгин мешавед. Ба суханҳои нафарони ношинос бовар накунед, чун онҳо намедонанд, ки чӣ мегӯянд. Пеш аз гузоштани қадами устувор барои иҷрои коре бо оилаи худ ҳатман маслиҳат кунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Ба назаратон чунин менамояд, ки барои издивоҷ кардан омодаед, вале ситораҳо мегӯянд, ки ҳоло саросема нашуда, дар бораи дӯстдоштаи худ ба хонаводаатон нақл кунед. Саврҳои оиладор дар ҳама кор ба ҳамсария худ бовар ва такя карда метавонанд. Муносибататонро то чанд муддат бо касе сард накунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз пеш аз оне ки ҷони худро барои дигарон дар хатар мегузоред, нағзакак андеша кунед, ки оё меарзад ё на. Аз нафаре хабари хуш шунида, хурсанд мешавед. Худро барои хатоҳои содиркардаатон сарзаниш накунед. Шом барвақт аз кор баромада, истироҳат кунед ва барои рӯзи дигар қувваи кофӣ ҷамъ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз чӣ коре накунед, атрофиён шуморо асабӣ мекунанд. Ба ҳамин хотир, кӯшиш кунед, ки аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯста, дар фазои нисбатан ором бошед. Аз оне ки шуморо танқид мекунанд, рӯҳафтода нашуда, баръакс аз пайи ислоҳи камбудиҳои худ шавед. Шом аз истеъмоли хӯроки серравған худдорӣ кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Агар шумо соҳибкор ва ба тиҷорат машғул бошед, дар ин рӯз аз пештара бештар бодиққат буданатон лозим аст. Бо атрофиён муноқиша накунед, вагарна баъдан пушаймон шуда, узр пурсиданатон лозим меояд. Аз имкониятҳое, ки тақдир ба шумо медиҳад, самаранок истифода баред.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ба ҳар сухане, ки аз даҳонатон мебарояд, диққат диҳед, то касеро аз худ хафа накунед. Дар мансаб ва тиҷорат ноумедӣ дар назар аст. Пеш аз оне ки садоятонро баланд мекунед, хуб андеша намоед. Хашмгин ва дилмонда нашавед, зеро баъдтар мефаҳмед, ки хафа шудан роҳи ҳалли масъала нест.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз новобаста аз ҳар гуна мушкилиҳо хоксор бошед. Бо ин роҳ эътиқоди дигарон нисбати шумо зиёдтар мешавад. Вобаста ба фаслҳои сол либос ба бар кунед, зеро субҳгоҳон ҳаво андак салқин шудаву эҳтимоли шамол хӯрданатон вуҷуд дорад. Ба ҳар чизе ки дар интернет мехонеду мебинед, бовар накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки муносибататонро дар ҷойи кор бо ҳамкоронатон вайрон накунед. Агар касеро ба нуқтаи назари худ бовар кунонидан хоҳед, суханҳои гуфтаатонро бо далелҳои воқеӣ ҷоннок кунед. Ба кор дода шуда, истироҳатро фаромӯш накунед. Ҳаммоми гарм ба саломатиатон фоида дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз дӯстони деринаатон бо мақсади дарёфти кӯмак ба шумо муроҷиат мекунанд. Баъзе қавсҳо кори наверо меёбанд, ки даромади хуб дорад. Нафарони оиладор бояд аз сирру асрори оиладорӣ бохабар бошанд. Агар соҳиби мошини шахсӣ бошед, дар роҳҳои байнишаҳрӣ суръати ҳаракатро баланд накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар дар ин рӯз ба тасмимҳои гирифтаи худ шубҳа накунед, дар чанд самт муваффақ шуда метавонед. Наздиконатон шуморо ситоиш карда, рӯҳбаланд мекунанд. Аз боварии роҳбари худ истифода набаред, вагарна ба худатон дарди сар мехаред. Ҷаддиҳои танҳо бояд ҷуфти барои худ муносибро пайдо намоянд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз диққати худро ба таҳияи вазифаҳои асосӣ равона сохта, барои расидан ба ҳадафҳо кӯшиш ба харҷ диҳед. Барои далвҳои ошиқ давраи сахт аст, бояд сабру таҳаммулро пеша намоед. Саломатиатон он қадар хуб нест, ба наздиктарин беморхона рафта, аз муоинаи табибон гузаред. Шумо инсони ояндадоред.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯз барои ҳутҳои рассом ва ҳунарманд бобарору нек аст. Нафарони эҷодкор аз манзараҳои дилфиреб ногаҳон илҳом мегиранд. Бо дили пур аз паси корҳоятон шавед, зеро хатари ҷиддие шуморо таҳдид намекунад. Агар дербоз ба дидорбинии нафаре нарафтаед, пас имрӯз ҳатман аз ҳолаш хабар бигиред