Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
2166

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Шуморо лозим аст, ки муносибатҳои худро бо шарикони корӣ ба дараҷаи олӣ ба роҳ монед. Забон ёфтан бо ҳамкорон боиси ривоҷ ёфтани кор ва ба даст овардани даромади хуб мегардад. Ба эродҳои роҳбар бе хафагӣ гӯш андозеду камбудиҳоятонро бартараф кунед, то кафшатонро пеши поятон нагузоранд. 

 Савр ( 21 апрел – 22 май)

Корҳои нотамоме, ки тӯли чанд моҳ ҷамъ шуда буд, ба анҷом хоҳад расид. Барои вохӯриҳои корӣ рӯзи чандон мувофиқ нест, агар ин вохӯриро ба рӯзи дигар мегузоштед, беҳтар мебуд. Барои гапҳои беҳуда вақт сарф накунед. Нимаи дувуми рӯз бо нафаре, ки дӯсташ медоред, бо гуноҳи шумо каме муноқиша сар мезанад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз рӯйи об баромадани дурӯғи ошиқатон дилатонро реш-реш мекунад. Ҳолати рӯҳиятон боиси беморӣ гашта метавонад, бинобар ин, саломатии худро эҳтиёт намоед. Нимаи дувуми рӯз шиносоии аҷибе ҷавзоҳои муҷаррадро дар назар аст. Агар риштаи дўстиро қавитар намоед, дари бахтатон кушода мешавад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз ҳар кореро оғоз кунед, бе ягон мушкилӣ анҷом меёбад. Кӯшиш намоед, ки корҳои муҳиматонро то нимаи дувуми рӯз ҳал кунед. Муваффақ мешавед, агар танбалӣ накунед. Нимаи дувуми рӯз эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Асабҳоятонро эҳтиёт кунед, чунки сарчашмаи касалиҳоятон аз асаб аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Фикри таъмир ва сохтмон ба саратон меояд, вале беҳуда нагуфтаанд, «поятро баробари кӯрпаат дароз кун, то сармо назанад», пеш аз он, ки усто даъват мекунед, киссаҳоятонро такорӯ карда бинед, ки пулатон мерасад ё не. Вазъи иқтисодиатонро ба назар гирифта кор кунед, вагарна ба қарз ғутиданатон аз эҳтимол дур нест. Эҳтиёткорӣ дар ҳама самтҳои зиндагӣ барои зодагони бурҷи асад зарур аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Имрӯз ҳар кореро оғоз намоед, зуд анҷом меёбад. Умуман худро тавоно ҳис мекунед. Нимаи аввали рӯз барои вохӯриҳо ва ҳар гуна сафарҳои корӣ хуб аст. Аммо ба даст овардани моҳии тилло аз сумбулаҳо маҳорат мехоҳад. Кӯшиш кунед, ки ғуруру ҳавобаландиятонро як тараф гузошта, пурдонии худро бо коратон исбот намоед. Фаромӯш накунед, ки фақат дар сурати дар амал исбот намудани кордониатон даромади калонро соҳиб мешавед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Шуморо зарур аст, ки муносибат ва рафтору кирдоратонро дар тарозуи ақл баркашед, чунки як сухани дағал метавонад моҷарои калонеро бархезонад. Ботамкин бошед, санги вазнинро об намебарад гуфтаанд, барои зарбаи ҷавобӣ баъдтар фурсат меёбед, вале алҳол тундӣ танҳо бар зарари кор хоҳад гашт.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Вазифае, ки пеш иҷро мекардед, шояд насиби нафари дигар шавад. Озурда набошед, шумо аз чунин тағйирот бурд мекунед. Нимаи дуюми рӯз даромади калони пулӣ имконияти харидани чизи кайҳо орзу кардаатонро медиҳад. Агар маблағ камӣ кунад, зиёд фикр накарда қарз бигиред. Ташвиш накашед, қарзро бо осонӣ баргардонида метавонед. 

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз ба саратон фикрҳои аҷиб меояд, вале барои амалӣ намудани онҳо маблағи зиёд лозим аст. Саросема нашуда, аввалан ба роҳбаратон пешкаш кунед, шояд дастгирӣ кунад. Баъзеҳо аз бемории шахси наздик асабӣ мешаванд, беҳтараш худро ором кунеду ба ҳассосият дода нашавед. Воҳима накарда, роҳҳои табобати бемориро ҷӯед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз дар коргоҳатон ба амрҳои роҳбарият гӯш андозед. Бо ҳамкоронатон меҳрубон бошеду бадгуфторӣ накунед. Сифатҳои хуби инсониро фаромӯш насозед. Охири рӯз бо пайдо шудани сарчашмаи нави даромад имконияти баргардонидани қарзҳоятон пайдо мешавад. Мулоқоти ошиқонаро ба таъхир гузоред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Нақшаҳое, ки кайҳо тарҳрезӣ карда будед, барбод мераванд. Озурда нашаведу худро азоб надиҳед. Минбаъд ҳар кореро, ки карданӣ мешавед, бе маслиҳат оғоз накунед, то дучори нокомӣ нагардед. Нимаи дуюми рӯз барои вохӯриҳои корӣ хеле бобарор аст. Фурсатро аз даст надиҳед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар коргоҳатон аз тарафи роҳбарият бо мукофотпулӣ меҳнатҳои содиқонаатон қадр карда мешавад. Душманонатон аз рашку ҳасад сӯхта, дар сари роҳатон чоҳ кофтанӣ мешаванд. Эҳтиёт бошед, то бо иғвогариҳояшон шуморо сиёҳ накунанд. Нимаи дуюмирӯз сафари дур дар назар аст. Нафароне, ки мошин меронанд, бояд дар роҳ эҳтиёткор бошанд, зеро хавфи сар задани садама вуҷуд дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД