Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3288

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз ҳодисаҳои рухдода чанд дарси муҳими ҳаётӣ мегиред. Эҳтимоли каме нотоб шуданатон аз субҳ дар назар аст, вале баъди нисфирӯзӣ саломатиятон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Даромади иловагӣ имкон надорад, вале давоми рӯз ба пул эҳтиёҷ пайдо намекунед. Ба хонаатон шомгоҳон меҳмон меояд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз ҳангоми робита бо атрофиён ба якравӣ роҳ медиҳед. Бар замми ин, бо зудранҷиву инҷиқӣ сабабгори муноқишаҳои зиёде мегардед. Барои ба мағозаву бозор рафтан рӯзи дигарро интихоб намоед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз рафтори беандеша ва қаҳру ғазаб худдорӣ намоед, вагарна аз оқибати кори кардаатон сахт пушаймон мешавед. Баъзе корҳои муҳимро ба таъхир гузоштанатон нодуруст аст. Ҳар кореро, ки сар мекунед, ҳатман ба охир расонед. Дӯстдоштаатон хабари хуш расонида, табъатонро болида мегардонад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз имкони ислоҳ намудани вазъият муяссаратон намегардад. Беҳтараш ба асабонияту норозигӣ роҳ надода, оромона аз пайи рафъ кардани мушкилиҳои молиявӣ шавед. Ба нафаре, ки кӯшиши ба дилатон роҳ ёфтанро мекунад, дарҳол бовар накунед. Бегоҳирӯзӣ танҳо ба сайругашт бароед.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи мусоидест барои амалӣ сохтани орзуву ниятҳо. Қабл аз амалӣ сохтани орзуҳо нағзакак андеша намоед. Асадҳои муҷаррад дар ин рӯз бахти худро пайдо карда метавонанд. Баъзеҳо рафторҳои беандешаи худро ислоҳ намуда, тавба мекунанд. Нисбати саломатиатон фориғболӣ накунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Бо мушкилоти хурди оилавӣ дучор гашта, дар рафъ намудани масъалаҳои молиявӣ душворӣ мекашед. Аз хариди калон ё маблағгузорӣ худдорӣ намоед. Хобҳои мағшуш дидану бад шудани вазъи саломатӣ ва бемориҳо имкон доранд. Сунбулаҳои муҷаррад бахти худро пайдо мекунанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзҳои наздик имкони ба даст овардани маблағи хубро пайдо мекунед. Маблағи ёфтаатон аз фаъолии шумо вобастагӣ дорад, аз ин рӯ, танбал нашавед. Кӯшиши ба таъхир гузоштани корҳоро накунед. Ба нафаре сахт ошиқ шуданатон эҳтимол дорад, кӯшиши аз сар дур кардани ин ҳиссиёт бенатиҷа меанҷомад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ҳисси кунҷкобии шумо зиёд мегардад. Ба ҳар саволе, ки ҷавоб пайдо кардан мехоҳед, шарм надошта, пурсидан гиред. Шиносоии нав ё хабари ногаҳонӣ ҳаётатонро то андозае тағйир медиҳад. Ба сари қароре омада натавонистанатон маънои онро дорад, ки фикронии мустақил надоред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар хариди калон кардану маърака барпо кардан хоҳед, имрӯз айни муддаост. Бо нафарони аҷибе шинос шуда, фоида ба даст меоред. Эҳтимол, дар ҳаётатон нафаре пайдо мешавад, ки қобилиятҳои зиёди шуморо кашф месозад. Агар оиладор бошед, андеша намоед, ки ба ҳаётатон шахси бегонаро роҳ додан мехоҳед ё не.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи душвор аст, ба саломатиятон диққат диҳед. Хабари ногувор боиси нофаҳмӣ дар оилаатон мегардад. Мардҳо дар гуфтор бояд боандеша бошанд ва нуқтаи назари худро ҳимоя намоянд. Барои ба меҳмонӣ рафтани бонувон рӯзи мусоид аст. Дар ҳаёти шахсӣ ба рашк роҳ надиҳед ва бо наздикон хушмуомила бошед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Нерӯи ҳаётиятон кам гашта, эҳтимоли асабхаробӣ ва тундмиҷозӣ вуҷуд дорад. Эҳсосоти худро дар ҳама ҳолат идора кунед. Тамоми корҳои оғознамудаатон боиси мушкилиҳои молиявӣ мегарданд. Далвҳои муҷаррадро шиносоиҳои кутоҳмуддат интизор аст, аз ин рӯ, зудбовариро аз худ дур кунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз сарфу хароҷоти ғайринақшавӣ имкон дорад. Баъзе атрофиён раҳматонро оварданӣ шуда, шуморо истифода бурдан мехоҳанд. Саломатии худро эҳтиёт кунед, эҳтимоли ба бемории сироятӣ гирифтор шуданатон зиёд аст. Дар ҳаёти шахсӣ сахт ошиқ мешавед ё аз дӯстдоштаи худ дилмонда мегардед.

ҶаддӢ (22 декабр-20 январ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД