Ҳамал
Дар ин рӯз бо одамон бисёр муошират накунед. Вагарна руҳан хаста гашта, саломатиятон коста мегардад. Дар танҳоӣ истироҳати хуш кунеду вақтатонро ба кори дӯстдоштаатон бахшед. Қабл аз он ки аз пайи ба даст овардани маблағи пулӣ мегардед, чӣ қадар пул хостанатонро муайян созед.
Савр
Дар ин рӯз аксари нақшаҳои саврҳо ҷомаи амал мепӯшанд. Дар сафари берун аз шаҳр бо шахсе шинос мешавед, ки ба зудӣ ба дилатон роҳ меёбад. Баъди нисфирӯзӣ хонаву дари худро ба тартиб дароред, вагарна аз омадани меҳмони нохонда дар ҳолати ногувор мемонед.
Ҷавзо
Ҷавзоҳо аз касе вобаста будан намехоҳанд ва барои аз уҳдадориҳо озод будан кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин рӯз дар бораи нафаре, ки бо ҳам робитаи хуб доред, хабари бад мешунавед. Беҳтараш ба худ бовар кунед, на ба овозаҳо. Танҳо дар ҳамин сурат виҷдонатон поку муносибатҳои дӯстонаатон боқӣ мемонад.
Саратон
Дар ин рӯз бо шахси дӯстдоштаатон самимиву росткор бошед. Дар акси ҳол барои ҳарфҳои гуфтаву рафтори кардаатон худро гунаҳкор мешуморед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, на ба дӯстон. Хусусан агар кори худро сар карда бошеду барои тиҷорат маблағи зиёдро сарф карданӣ бошед.
Асад
Дар ин рӯз роҳбарият ба меҳнати бовиҷдононаи асад диққат дода, барои хизматҳояш қадрдонӣ мекунад. Яку якбора чанд корро оғоз карданӣ шуда, ҳунару маҳорати худро баҳудаву беҳуда нишон надиҳед. Ҳама кор андоза дорад. Агар бо дӯстоштаатон муноқиша карда бошед, худро дар назди ӯ паст назанед.
Сунбула
Дар ин рӯз боғайрату нерӯятон дучанд гашта, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонед. Истеъдоди худро дар соҳаи адабиёт, санъат ва техника нишон диҳед. Аз нишастҳои дӯстона худро дур накашед. Хусусан агар кайҳо боз истироҳат накарда бошед, вақте расидааст, ки асабҳоро ором кунонед.
Мизон
Дар ин рӯз имкони ба даст овардани маблағи хуб ва нишон додани касбияти худро доред. Бо хешовандон дар робита шуда, аз кору саломатияшон пурсон шавед. Дар ҳаёти шахсӣ худро бекасу танҳо эҳсос мекунед. Руҳафтода набошед, зиндагӣ бе пастиву баландӣ намешавад.
Ақраб
Дар робита бо шарикони корӣ ба садои қалб гӯш андозед. Нисбати нафароне, ки ба назаратон шубҳанок менамоянд, эҳтиёткор бошед. Рӯзи хубест барои омӯзиши забони хориҷӣ ва сафари хориҷа. Ҳангоми дар нақлиёт сафар кардан бодикқат бошед, хатари рух додани садама вуҷуд дорад.
Қавс
Дар ин рӯз аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед. Агар нияти ба бозору мағоза рафтанро дошта бошед, ҳамёни худро эҳтиёт намоед. Хатари гум кардани маблағи калон ё дуздида шудани ҳамёнатон вуҷуд дорад. Барои рафъи бемориҳои меъда дар ин рӯз хӯрокҳои равғанину сахт истеъмол накунед.
Ҷаддӣ
Агар ҷаддӣ ақидаи дигаронро ба инобат нагирад, худаш низ ба чунин ҳолат гирифтор мешавад. Хоксору заминӣ бошед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва равонӣ худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ як хешатон аз хориҷа шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунад.
Далв
Дар ин рӯз бо рафъи мушкили дигарон машғул шуда, дар маъракаи муҳиме ширкат варзиданатон лозим меояд. Бештар дар ҳавои тоза гаштан фоида дорад. Хусусан агар бемадорӣ ва сарчархзаниро ҳис мекарда бошед. Нисбати ёри худ хурдагирӣ накунед, вагарна гапатон мегурезад.
Ҳут
Агар дар ин рӯз тамоми хоҳишу дархости дигаронро иҷро намоед, бегоҳирӯзӣ асабатон хеле хаста мегардад. Аз пайи нав кардани сару либоси худ ва баланд бардоштани савияи дониш гардед. Бо дӯстони дерин дар тамос шуда, сари як пиёла чой ҷамъ омадан хотиратонро шоду табъатонро болида месозад.