Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
22.09.2020
НОДИРА
2318
no-img

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯз барои омӯзиш мувофиқ аст. Донишҳои навро аз бар намуда, бо ин восита ҷаҳонбинии худро васеъ намоед. Кӯшиш намоед, ки худро асабӣ накунед, вагарна ин ба саломатии шумо зарари ҷиддӣ расонида метавонад. Пеш аз оғози корҳои муҳим бо наздиконатон маслиҳат кунед. 

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз роҳҳои дигари даромадро ҷустуҷӯ намоед. Агар ҳис кардед, ки корҳоятон аз нақша берун амалӣ шуда истодааст, ҳатман чораҷӯӣ кунед. Шом ба кӯча баромаданро тавсия намедиҳем. Дар хона монда, ба корҳои муҳими худ машғул шавед ва дар иҳотаи наздикон бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз новобаста аз оне ки чӣ қадар тӯл мекашад, корҳои оғозкардаатонро ҳатман ба анҷом расонед. Дӯсти наздики худро, ки дер боз надидаед, ба вохӯрӣ даъват намуда, сари як пиёла чой суҳбат ороед. Ба саломатиатон диққат диҳед, дардҳои куҳна дубора хуруҷ хоҳанд кард.

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои саратонҳо дар умум рӯзи душвор нест. Ҳар мушкилӣ ба осонӣ ҳалли худро меёбад. Баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки шом аз ҷои кор дертар бароянд, яъне онҳо зиёдтар кор кардан мехоҳанд. Худро зиёд хаста ва рӯҳафтода накарда, барои истироҳат вақти муносиб ҷудо кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз бо шарофати дӯстону наздикон чанд мушкилии худро ҳал карда метавонед. Натарсида, андешаатонро изҳор кардан гиред, ҳатто дигарон ба он мувофиқ набошанд ҳам. Аз оне ки бо баъзе дӯстони қалбакӣ муносибати шумо хотима меёбад, рӯҳафтода нашавед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба масъалаҳои марбут ба шартномаҳо ва гуфтушунидҳои корӣ диққати бештар диҳед. Агар дар дилатон шубҳае ҷой дошта бошад, бо нафарони боваринок ё мутахассисони соҳа машварат намоед. Ба реҷаи ғизохӯриатон диққат диҳед, бештар об нӯшед ва меваву сабзавот истеъмол намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои мизонҳо рӯзи бобарор аст. Озодона кор карда метавонед ва касе ба шумо фишор намеорад. Ҳамкоронатон эҳсос мекунанд, ки шумо дар ҳақиқат шахси масъулиятшинос ҳастед. Шом ҳама аҳли оиларо гирди худ ҷамъ оред ва суҳбати умумӣ ороед. Ин барои ҳама хуб хоҳад буд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ақрабҳои муҷаррад дар ин рӯз эҳтимол барои худро ҷуфти муносибро ёфта метавонанд. Ба занҳо тавсия медиҳем, ки ороишоти косметикии навро дар рӯйи худ насанҷанд. Ҳангоми харид дар бозору мағоза ба санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмоли молу маҳсулоти харидаатон аҳамият диҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯз барои оғози ҳамагуна тиҷорат муфид аст. Барои машғул шудан ба варзиш ва ором кардани асабҳо низ айёми хуб аст. Агар бекор мондед, ҳатман вақти худро ба хондани баъзе китобҳои лозима сарф кунед. Ситораҳо ба шумо муваффақиятро ваъда медиҳанд, ба шарте ки аз сидқи дил кор кунед.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки масъалаҳои кориатонро мустақилона ҳал кунед. Кӯшиш намоед, ки дар соҳаи худ пешрафта бошед, вагарна рақибонатон аз шумо пеш гузашта, ба рақобат тоб намеоред. Ба касе иҷозат надиҳед, ки шаъну шараф ва эътибори шуморо дар назди дигарон паст занад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз бо вуҷуди он ки даромади хуб дореду вазъи молиявиатон мӯътадил аст, ба харҷи беҳуда роҳ надиҳед. Агар ҳис мекунед, ки вақти пӯшидани дар ба рӯйи нафаре фаро расидааст, пас ба ҳисси худ боварӣ дошта бошед. Ба масъалаҳои мубрам бештар диққат диҳед. 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз саросемавор қарор қабул накунед, чун онҳо ҷиддият ва андешаи тӯлониро тақозо мекунанд. Азизони худро бо туҳфае шод намоед. Масалан, барои рафтан ба консерт ё кино чипта харед. Бо роҳбарият муносибатҳоятон дучанд хуб шуда, ба боварии корхона медароед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД