Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз эҳсос мекунед, ки муносибатҳои ошиқонаатон каме сард шудаанд, вале барои шитоб кардан ҳоло вақт нест. Беҳтараш ба худ диққат диҳед ва бо кори дӯстдошта машғул шавед. Рӯз орому беғавғо мегузарад. Дар кор худро зиёд намоиш надиҳед, зеро интизориҳои дигарон метавонад аз ҳад баланд бошад. Барои соҳибкорон сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои калон фоида меорад. Хастагии аз ҳад зиёд ба асабу саломатӣ таъсир мерасонад.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ ё ҳатто ҷудоии ногаҳонӣ рух дода метавонад, вале вазъ зуд ором мешавад. Ба наздикӣ бо шахсе вомехӯред, ки аз кӯдакӣ мешиносед, аммо солҳои зиёд надида будед. Дар ҷойи кор эҳтимоли иштибоҳ ё ҳасади ҳамкорон вуҷуд дорад. Ба бахти худ аз ҳад зиёд такя накунед. Хоби хуб ва ғизои солим имрӯз барои нигоҳ доштани рӯҳияи хуб ва нерӯи шумо хеле муҳим аст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз метавонед муносибатҳои худро бо атрофиён беҳтар намоед. Сабру мулоимӣ ба шумо кeмак мекунад, ки бо шахси дӯстдошта ҳамдигарфаҳмӣ пайдо кунед. Барои пешрафт дар кор имконияти хуб пайдо мешавад, вале бояд фаъол ва ҳушёр бошед. Корҳои молиявӣ натиҷаи хуб медиҳанд, агар ба онҳо бо масъулият муносибат кунед. Рӯз бештар барои истироҳат мувофиқ аст. Агар баъзе корҳо мувофиқи нақша пеш нараванд, асабонӣ нашавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз метавонед дар худ истеъдоди навро кашф намоед ва бо шарофати ҷозибаи шахсӣ дар муҳаббат низ муваффақ шавед. Муоширати самимӣ бо наздикон муносибатҳоро боз ҳам мустаҳкам мекунад. Шиносҳои нав метавонанд барои пайдо кардани кори беҳтар ба шумо кумак расонанд. Барои анҷом додани корҳои нотамом рӯзи мувофиқ аст. Ба ҷойи хавотир шудан аз маблағ, беҳтараш нақшаи дурусти хароҷотро тартиб диҳед. Варзиш ва машқҳои ҷисмонӣ ба шумо нерӯи тоза мебахшанд.
Асад (23 июл-23 август)
Шахси дӯстдошта имрӯз ба шумо меҳрубонии бештар нишон медиҳад. Агар ҳанӯз оиладор нашуда бошед, вақти фикр кардан дар бораи издивоҷ расидааст. Ба асабонияти дигарон аҳамияти зиёд надиҳед ва оромиро нигоҳ доред. Роҳбарият ба қобилияти шумо бовар мекунад ва вазифаҳои муҳим месупорад. Кунҷковӣ метавонад ҳам фоида оварад ва ҳам мушкил, бинобар ин эҳтиёткор бошед. Аз хӯрокҳои равғанину бирён камтар истифода баред.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз эҳсосот қавӣ мешаванд ва нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта метавонад муносибатҳоро ноором кунад. Айни замон барои ҳал кардани корҳои хонагӣ вақти хуб аст. Дар кор роҳҳои навро ҷустуҷӯ кунед, зеро онҳо метавонанд шуморо ба пешрафт расонанд. Масъулияти худро ба дӯши дигарон нагузоред. Агар мушкили молиявӣ дошта бошед, роҳи дурусти ҳалли онро ҷустуҷӯ намоед. Ба саломатӣ диққат диҳед, бемориҳои кӯҳна метавонанд хурӯҷ кунанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Муносибат бо шахси дӯстдошта метавонад каме сард шавад, зеро вақтро бо ҳам кам мегузаронед. Имрӯз беҳтараш шомро дар ҳалқаи дӯстон сипарӣ кунед, то худро танҳо ҳис накунед. Дар кор эҳтимол вазифаи ҳамкори беморро низ иҷро кунед. Ба ҳар сухан ва овоза, махсусан дар масъалаҳои молиявӣ, зуд бовар накунед. Субҳ эҳтимоли дарди сабуки сар ҳаст, вале то нисфирӯзӣ худро беҳтар ҳис мекунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз муҳаббат тамоми фикри шуморо фаро мегирад ва атрофиён инро зуд пай мебаранд. Барои нигоҳ доштани муносибатҳои хуб бояд ҳамдигарро бештар фаҳмед ва бишнавед. Шумо имрӯз хеле фаъол мешавед, бинобар ин корҳои муҳимро ба таъхир нагузоред. Бахт ҳамроҳатон хоҳад буд ва баъзе орзуҳо метавонанд амалӣ шаванд. Аммо асабоният ё ғизои носолим метавонад ба меъда таъсир расонад, аз ин рӯ ба хӯрок диққати бештар диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Хотираҳои гузашта имрӯз шуморо ба ёди муҳаббатҳои кӯҳна мебаранд. Шахси наздик нисбат ба шумо меҳрубонӣ нишон медиҳад ва хуб аст бо ҳамон меҳр ҷавоб диҳед. Барои иҷрои корҳои ҷиддӣ рӯзи чандон мувофиқ нест, бинобар ин худро зиёд хаста накунед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва аз қарз гирифтан худдорӣ намоед. Варзиш, йога ва истироҳат имрӯз ба шумо бештар фоида меоранд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ба ишораҳои тақдир диққат диҳед, зеро онҳо метавонанд роҳи дурустро нишон диҳанд. Бо наздикон каме нофаҳмӣ сар мезанад, вале зуд оштӣ мешавед. Дар ҷои кор оромиву сабрро нигоҳ доред, маҳз ҳамин ба шумо барои гузаштани монеаҳо кӯмак мекунад. Эҳтимоли хароҷоти ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Ба масъалаҳои майда аз ҳад зиёд аҳамият надиҳед ва кӯшиш кунед оромиро нигоҳ доред.
Далв (21 январ-19 феврал)
Дар ҳаёти ошиқонаатон рӯйдодҳои ҷолиб ва шиносоии нав имкон доранд. Бо наздикон нофаҳмӣ пайдо мешавад, вале бо сабру оромӣ ҳамааш ҳал мегардад. Агар фаҳмед, ки касе аз пуштатон сухан мегӯяд, хафа нашавед, вақт ҳақиқатро нишон медиҳад. Қарорҳои молӣ ва корие, ки қаблан гирифта будед, дуруст мебароянд ва ба шумо имкони зиндагии беҳтар медиҳанд. Ба саломатии меъдаву рӯда диққати бештар диҳед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз эҳтимоли пайдо шудани муҳаббати кӯтоҳ, вале хотирмон вуҷуд дорад. Рӯз барои муошират бо дӯстон ва гарм кардани муносибатҳои оилавӣ хеле мувофиқ аст. Наздикон меҳнату ғамхории шуморо қадр мекунанд. Аммо барои оғоз кардани корҳои муҳим вақти хуб нест, зеро натиҷаҳо метавонанд ноумедкунанда бошанд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт кунед ва пеш аз ҳар харид хуб андеша намоед. Хабари марбут ба саломатӣ метавонад каме рӯҳияатонро паст кунад.