sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 22-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2023
2260

Ҳамал

Нақшаву ниятҳоятон амалӣ мешаванд. Ҷиддият нисбати кор ва ҷидду ҷаҳд тамоми монеаҳоро аз роҳатон нест мекунад. Агар дӯстдоштаатонро бо ҳарфҳои пурмуҳаббат мафтун карда бошед, ишқатонро бо амал собит намоед. Ба тағийротҳои гуворо омода бошед.


 
Савр

Имкониятҳои зиёдеро барои хубтар сохтани муносибат бо наздикон пайдо месозед. Агар чанде қабл нисбати яке аз наздикон дағалӣ карда бошед, вақте расидааст, ки бахшиш пурсед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Ҳама гуна хасташавӣ, якравӣ, дасткашӣ аз манфиатҳои шахсӣ дар роҳатон монеа эҷод мекунад.

 


Ҷавзо

Дар ин рӯз нисбати нафароне, ки ҳамкорӣ мекунед, зеҳн монед. Эҳтимол аз пуштатон ғайбату дасисабозӣ мекунанд. Меҳрубониву самимият мушкилии байни шумову дӯстдоштаатон рухдодаро рафъ месозад. Бо нафарони ношинос ба муноқиша роҳ надиҳед, худро ба даст гиред.



Саратон

Зудбоварии аз ҳад зиёд дар касбу кор мушкилиӣ эҷод намуда, дар оилаатон низ боиси моҷаро мегардад. Табъатон нохуш гашта, асабиву дарундор мегардед, фишори ботиниро идора кардан душвор мегардад. Нисбати шахси дӯстдоштаатон ба танқид роҳ надиҳед. Агар нафареро дӯст медошта бошед, камбудиҳояшро низ қабул кунед.

 



Асад

Дар ҷодаи касбӣ рӯзи бобарор аст. Ҳамкорону наздикон ба асабатон расида, аз кори муҳим дур месозанд. Сабру таҳаммулро пеша намуда, нисбати эшон дағалӣ накунед. Нафаре ба мулоқоти ошиқона даъват мекунад, ки оташи меҳраш кайҳо боз дар қалбатон маъво гирифтааст.


Сунбула

Дар масъалаҳои пулӣ ба корҳои хатарноку таваккалӣ роҳ надиҳед, ҳамзамон ба нафароне, ки хуб намешиносед, пул қарз надиҳед. Дар ҳаёти шахсӣ ба баъзе тағйиротҳои гуворо омода бошед. Оромиву қаноатмандии худро нишонаи заифӣ ва нодорӣ шумориданатон ғалат аст.

 


Мизон

Мушкилиҳое, ки дергоҳ шуморо азият медоданд, рафъ карда метавонед. Маблағи зиёдатон барои илмомӯзӣ ва табобат сарф мегардад. Дар ҳаёти шахсӣ аз рӯи реҷа зиндагӣ карданатон ғалат аст, зеро муносибатҳоятон якрангу бемаънӣ мегардад. Имкониятҳои аҷиби корӣ вазъи молиявиатонро беҳтар месозанд.



Ақраб

Дар ин рӯз аз муваффақиятҳои кори худ қаноатманд мегардед. Мутаассифона дар ҳаёти шахсиятон беҳбудӣ дида намешавад. Муноқишаҳои паиҳам бо дӯстдоштаатон боиси асабхаробӣ ва бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Дастгирии нафаре боиси хушҳолиятон мегардад.



Қавс

Даромади хуб ва ҳамкориҳои судманд дар назар аст. Баъди нисфирӯзӣ маблағ ба даст меоред, барои наздикон туҳфа хариданро фаромӯш накунед. Эҳтимоли рух додани муноқишаи калон ё нофаҳмӣ бо дӯстон вуҷуд дорад. Тундӣ ва дағалиятонро атрофиён қабул карда наметавонанд.


Ҷаддӣ

Дар ин рӯз заҳмататон қадрдонӣ мегардад. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Вақти бештари худро бо нафаре гузаронед, ки дӯсташ медоред, вохӯрии шумо ба ҳардуятон таъсироти мусбӣ мерасонад. Дар ҳаёти шахсӣ ба баъзе тағйиротҳо омода бошед.

Далв

Дар ин рӯз бадбахтиҳо аз каноратон мегузаранд. Нафаре дар роҳатон чоҳ канданӣ шуда, билохира худаш ба чоҳи кандааш фурӯ меравад. Хотири худро ҳатман шод гардонед. Ба нафароне, ки дӯсташон медоред, ранҷу азоб наоред, бо сабабҳои ночиз аз эшон наранҷед.

Ҳут

Диққати бештари худро ба кӯдакон равона созед, робита бо онҳо на танҳо табъатонро болида, балки ба дилатон фараҳу шодӣ меорад. Ошиқон имкони оиладор шуданро пайдо мекунанд, вале саросема шуданро маслиҳат намедиҳем. Аз робита бо нафароне, ки табъатонро хира месозанд, дурӣ ҷӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД