arzon replenishment
Толеъномаи 22 майи 2020, ҷумъа
2400

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба оташаки хурде монанд мегардед, ки бо гармии худ на танҳо атрофиёнро гарм мекунед, балки руҳи тоза мебахшед. Дар ҷодаи муҳаббат шиносоиҳои хотирмон имкон доранд. Баъди нисфирӯзӣ барои ба даст овардани маблағи пулӣ беҳуда кӯшиш накунед. Бемориро сари вақт табобат кардан ба манфиати шумо аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Вазъи молиявиатон чандон тағйир намеёбад. Эҳтимоли ба даст овардани пули бе дардимиён вуҷуд дорад, вале пул чуноне, ки осон ба даст меояд, ҳамон сон аз даст меравад. Барои мардоне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи бобарор аст, аз ҷониби нафарони воломақом дастгирӣ мебинед. Дар хоб дидани мӯй ё ришта нишонаи он аст, ки роҳи интихобкардаи шумо нодуруст аст.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз қувваву андешаҳои наву тоза табъатонро болида месозанд. Маҳз дар ҳамин рӯз мушкилиҳои ҳаёти шахсиро рафъ месозед, ки вақтҳои охир шуморо тарк намесохтанд. Бегоҳирӯзӣ ҷавзоҳои ҳасос асабонӣ шуда, бе ягон сабаб ғамгин мегарданд. Дӯсти деринатон дар тақдири шумо нақши муҳим мебозад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Корҳои пештар оғоз кардаатонро метавонед ба анҷом расонед. Ҳангоми кореро ба нақша гирифтан хеле эҳтиёткор бошед. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед, вагарна ба саломатиятон зарари ҷиддӣ мерасад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз кӯшиши тағйир додани нобарориҳои ба саратон омадаро накунед. Эҳтимоли рух додани мушкилӣ бо наздикон ё дӯстони наздикатон вуҷуд дорад. Бонувон бояд ба саломатии худ бодиққат бошанд. Мардҳо набояд ба коре, ки боиси аз даст додани дӯстони вафодорашон мегардад, даст зананд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Хурсандиву нобарориҳо дар ин рӯз ҷои якдигарро иваз мекунанд. Виҷдони худро нафарӯшед, дӯстони вафодори худро аз даст медиҳед. Аз муносибатҳои ошиқона худдорӣ намоед, вагарна дучори мушкилиҳо мегардед. Каме нотоб мегардед, вале ин мувақатист.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Барор ҳамсафари нафароне мегардад, ки нақшаи корҳои худро таҳлил намуда, баъдан амал мекунанд. Мушкилиҳои ба саратон омадаро ба нафаре нақл кардан мехоҳед. Ба зери таъсири нафарони бегона наафтед. Бегоҳирӯзӣ омадани меҳмон ё хешовандонро интизор бошед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Корҳоятон барор мегиранд, вале дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон мушкилӣ сар мезанад. Аз муноқиша дурӣ ҷуед ва ботаҳаммул бошед. Эҳтимоли бад шудани вазъи молиявиатон дар назар аст, аз ин рӯ, дар сарфи пул аз ҳад нагузаронед. Хобҳои ташвишоварро аз мадди назар дур насозед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад, асабоният ва ғаму андуҳи бесабаб нақшаҳоятонро барбод медиҳад. Рӯзи хубест барои табобат. Дорувориҳоеро, ки дар маҳтобшаб истеъмол мекунед, таъсири хубтар мерасонанд.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз табъатон болидаву бар замми меҳнат карданатон истироҳат низ мекунед. Ба мушкилилҳои шахсӣ диққати бисёр надиҳед. Бегоҳирӯзӣ дар ҷойҳои камодам сайругашт карданатон манфиатбахш аст. Эҳтимоли хурӯҷ кардани бемориҳои музмин имкон дорад. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Рӯзи душвор аст, аксари далвҳо мавриди санҷишу имтиҳон қарор мегиранд. Мушкилиҳои ба саратон омадаро ба атрофиён нақл кардан мехоҳед, вале аз карда пушаймон мегардед. Шиносҳои деринаи худро аз даст надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мегардед.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Яку якбора аз пайи чанд кор нашавед, ҷисману руҳан хаста нашавед. Дар истеъмоли хӯрок боэҳтиёт бошед. Нисбати хешовандони калонсол босабру таҳаммул бошед. Нафароне, ки рӯзи дарозро дар берун мегузаронанд, эҳтимоли бемор шуданашон вуҷуд дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД