Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1479

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Дар наздиктарин фурсат нафаре ба шумо изҳори муҳаббат мекунад. Вале ҳоло вақти муносиб барои оғози муносибати ошиқона нест. Имкони беҳтар кардани вазъи иқтисодии худро доред. Барои истифода бурдани имкониятҳои дарпешистода омода бошед, аммо аз харҷҳои беасос худдорӣ намоед. Агар ба саломатии худ диққат диҳед, кайфияти хуб ва неруи баланд ҳамеша ҳамроҳатон хоҳад буд.

Савр (20 апрел-20 май)

Шахсе, ки чанде пеш дар бораи ӯ фикр мекардед, нисбати шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Муҳим он аст, ки мутакаббир набошед ва эҳсосоти некро бо самимият посух диҳед. Наздиконатон шуморо дастгирӣ иҳота мекунанд. Аввали рӯз эҳтимол фишори хун каме баланд шавад ё худро камқувват ҳис кунед, аммо агар аз кору заҳмати зиёдатӣ худдорӣ намоед, пас нисфирӯзӣ ҳолати шумо беҳтар хоҳад шуд.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона хеле мусоид аст. Агар муддати дароз аз изҳори муҳаббат худдорӣ карда бошед, пас акнун лаҳзаи муносиб фаро расидааст! Баҳси "хӯҷаини хона кӣ аст? бояд хотима ёбад. Дар акси ҳол ба решаи бахти худ табар мезанед. Қувваи ҷисмонии шумо тадриҷан кам мешавад. Кӯшиш кунед, ки неруятонро беҳуда сарф накунед ва ба саломатии худ бештар таваҷҷуҳ намоед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз аз шиносоии нав худдорӣ намоед, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ба оила диққати бештар диҳед. Шояд маблағи зиёде сарф кардаед, аммо ҳоло беҳтар аст аз қарз гирифтан худдорӣ намоед. Бо онҳое, ки шуморо қадр намекунанд, камтар ҳамкорӣ кунед, зеро муносибатҳои номатлуб метавонад ба ҳолати равонии шумо таъсири манфӣ расонад.

Асад (23 июл-22 август)

Дар муносибатҳои ошиқона шитоб накунед. Агар бо вазъияти баҳсталаб рӯ ба рӯ шавед, хубтар аст, ки каме фурсат диҳед. Ба маслиҳатҳои дигарон гӯш диҳед. Имкони шунидани хабарҳои ғайриинтизор вуҷуд дорад. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед, зеро вазъи молиявӣ метавонад ноустувор бошад. Агар эҳсос кунед, ки саломатиятон рӯ ба коҳиш меравад, онро нодида нагиред ва барои муолиҷа чора андешед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Рӯзи хубест барои шиносоии нав аст. Аз баҳсҳои нолозим худдорӣ намоед. Ба ҷои он, роҳи созишро биҷӯед. Онҳое, ки майли исрофкорӣ доранд, метавонанд бо мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шаванд. Муҳити равонии шумо ба саломатиятон таъсири калон мерасонад. Аз стрессҳои зиёд худдорӣ намоед, то ба ҳолати руҳиву ҷисмонӣ зарар нарасонед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Эҳтимоли ошиқ шуданатон дар назар аст. Баъзе мушкилоте, ки дигарон онҳоро нодида мегиранд, метавонанд шуморо нигарон кунанд, вале тавсия мешавад, ки каме бепарво шавед. Яке аз шиносони шумо пешниҳоде мекунад, ки метавонад вазъи молиявии шуморо беҳтар созад. Дар бораи ин имконият ҷиддӣ андеша намоед. Саломатии худро бо хӯрдани ғизои солим ва риояи реҷаи хоби дуруст нигоҳ доред. Хоби пурра ва истироҳати шабона барои барқарорсозии қувваи ҷисмонӣ муҳим аст.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз вақти беҳтарин барои ба тартиб даровардани хона ва халос шудан аз чизҳои нолозим аст. Ин корҳо ба шумо ҳисси сабукӣ ва озодӣ мебахшад. Дар ҷои кор қобилиятҳои худро нишон диҳед, роҳбарон метавонанд ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Агар дар зиндагии оилавӣ мушкилоти молиявӣ ба миён оянд, бо наздиконатон маслиҳат кунед ва пеш аз хароҷоти калон андеша намоед. Ба духтури дандон бидуни зарурат муроҷиат накунед, зеро натиҷа метавонад шуморо қонеъ насозад ва хароҷоти зиёдатӣ талаб кунад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Шояд ҳис кунед, ки муносибати ошиқонаи шумо дар як ҷои муайян таваққуф кардааст. Беҳтараш диққатро ба худ ва эҳсосоти шахсии худ равона созед. Агар оиладор бошед, андешаҳои худро бо эҳтиёт баён намоед, то ки баҳсҳо сар назананд. Ба эҳсосоти дигарон эҳтиром гузоред ва аз қотеъона баён кардани фикрҳои худ худдорӣ намоед. Фаъолияти ҷисмонӣ ба шумо манфиат меорад, аммо аз ҳад зиёд машқ накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Мулоқотҳои ошиқона, вохӯриҳо бо шахси дӯстдошта ва ҳатто шиносоии нав рух медиҳад. Ин ҳама метавонад ба шумо ҳисси шодӣ ва нерӯ бахшад. Аммо эҳтиёт бошед, хислати тези шумо метавонад боиси муноқишаи ногаҳонӣ бо шахси наздик гардад. Аз баҳс худдорӣ кунед. Агар хоби кофӣ нагиред, эҳтимол дорад, ки дарди сар пайдо шавад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Муҳаббати шахси дилхоҳро ба даст овардан кори осон нест. Агар танҳо ба қазои тақдир умед бандед, шонси муваффақиятатон хеле кам хоҳад буд. Агар муносибати ошиқонаи шумо нав оғоз шуда бошад, он метавонад ба сатҳи баландтари эътимод ва самимият бирасад. Дар муҳити корӣ эҳтимоли ба миён омадани низоъ бо роҳбарият вуҷуд дорад. Дар хона низ эҳтимол дорад, ки аз рафтори шумо нороҳат бошанд. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шояд бо шахсе вохӯред, ки зиндагии шуморо тағйир медиҳад. Аз кушодани қалби худ натарсед, муҳаббат ҳаёти шуморо бо ранги нав пур мекунад. Агар муносибати шумо бо шахси дӯстдошта сард шуда бошад, кӯшиш намоед, ки муносибати самимиро нигоҳ доред. Ҳатто корҳои оддӣ имрӯз барои шумо вазнин ва хастакунанда ба назар мерасанд. Аммо натарсед, ин ҳолат муваққатист. Аз ғизои равғанӣ худдорӣ кунед, ин метавонад ба саломатии шумо таъсири манфӣ расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД