Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2026
253

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз дурандеш бошед. Аз ному мавқеи наздикон ва нафароне, ки дӯсташон медоред, истифода бурда, кӯшиши худнамоӣ карданро накунед. Аз хариди калон худдорӣ намоед, вагарна чизи харидаатон ба шумо маъқул нашуда, сахт андуҳгин мегардед. Фаъолнокии шуморо атрофиён қадр мекунанд, вале ба рафтори беандеша роҳ надиҳед. Маблағи доштаи худро захира кунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Рӯзи серташвиш аст. Рафту давоми рӯз ба шумо ягон вазифаи иловагиро пешниҳод намоянд, розӣ нашавед, вагарна коратон барор нагирифта, маблағи зиёдеро аз даст медиҳед. Аз робитаву муошират ба ғайр аз фиребу дилмондагӣ чизи дигаре намегиред. Аз субҳи имрӯз нофаҳмиву хурдагирӣ имкон дорад. Тақдир бар зидди шумо бошад ҳам, сар нафароред.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Нерӯятон зиёд аст, агар давоми рӯз кори наверо пешниҳод кунанд, розӣ шавед, дар ҳама ҷода муваффақ мегардед. Рӯзи мусоидест барои робита намудану ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави даромад. Бадбахтиҳо аз канори шумо гузашта мераванд. Душмани пинҳонӣ кӯшиши пешпо додани шуморо мекунад, вале худ ба доми худаш меафтад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ҳама чиз аз худатон вобаста аст. Агар бо корҳои муҳим машғул шудан хоҳед, аз кӯмаки нафаре истифода набаред ва масъулиятро пурра ба дӯши худ гиред. Ба ақидаи маслиҳатчиён гӯш дода, ба хатогиҳо роҳ дода метавонед. Барои муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон вақти мусоид нест.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Дар ин рӯз қувваву нерӯи шуморо қадр мекунанд, вале ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Ҳунару маҳорати худро дуруст ба кор бурда, мавқеи худро баланд мебардореду обрӯву нуфузатон зиёд мегардад. Баъди шом ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна ба бемориҳои рӯдаву меъда гирифтор мешавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои анҷом додани корҳои муҳим рӯзи бобарор аст. Захираҳои худро ба кор бурда, муносибатро бо наздикони худ мустаҳкам ва вазъи молиявиро беҳтар месозед. Мушкилиҳои пулӣ имкон доранд, қарзҳои куҳнаро баргардониданатон лозим меояд. Баъзеҳо ба наздикону хешовандон кӯмаки молиявӣ мерасонанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи вазнину серташвиш аст. Ба назаратон чунин менамояд, ки мушкили пайдошударо рафъ карда наметавонед. Эҳтимол асабӣ шуда, ҳодисаҳоро дуруст рафъ карда наметавонед. Агар ин давраи душворро паси сар карда, аз муноқиша бо дӯстон ва дигар монеаҳо раҳоӣ ёфта тавонед, муваффақият насибатон мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Субҳро аз фаъолияти ором сар карда, ягон кори муҳимро ба нақша нагиред. Бо он чизе, ки ҳаёт пешкашатон месозад, қаноат карда, чизе талаб накунед. Эҳтимол худро нотоб ҳис мекунед. Баъди нисфирӯзӣ истироҳати бофароғат карда, аз машқҳои ҷисмонӣ ва нафасӣ истифода баред. Барои шод сохтани хотири дӯстдоштаатон фантазияи худро ба кор баред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аввали рӯз ором аст. Қавсҳои муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки зиндагияшонро яку якбора тағйир медиҳад. Ба саломатии худ диққат диҳед. Эҳтимол каме нотоб гашта, якбора ғамгин мегардед. Дар ҳама гуна фаъолият аз тағйиротҳои куллӣ худдорӣ намоед, бо нафароне ки дӯсташон медоред, муноқиша накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи серташвиш ва пур аз рӯйдод аст. Давоми рӯз бар замми рафъ сохтани мушкили худ шуморо лозим меояд, ки наздиконро бо меҳру муҳаббат фаро гиред. Такаббур боиси пешравии коратон шавад ҳам, қаҳру ғазаби ҳамкорону шиносҳоятонро меорад. Маблағе, ки имрӯз ба даст меоред, ба осонӣ аз даст медиҳед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Рӯз барои истироҳат мусоид аст. Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед, қувваву имкониятҳои худро ба эътибор гиред. Мардҳо мушкили муҳимеро рафъ кардаву ғалатҳои куҳнаро рафъ месозанд. Дар муносибат бо наздикони худ ростқавливу интизомро риоя кунед. Зимни робита бо ҳамсуҳбат нуқтаи назари ӯро ғалат нашуморед. Ба хабари шунидаатон зуд бовар накунед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Рӯзи ором аст. Дар ин рӯз ҷасурона аз пайи амалӣ сохтани корҳое шуда метавонед, ки қаблан аз уҳдааш намебаромадед. Аз корҳои хатарнок ва нафарони шубҳанок дурӣ ҷӯед. Вазъи молиявиатонро беҳтар месозед. Қабл аз хоб сайругашт ва истироҳат карданатон хуб аст. Эҳтимоли бехобӣ ва камқувватӣ дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД