Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки бо одамони наздикатон аз ҳарвақта меҳрубонтар бошед. Бо дӯстону наздикон ва бозича ё ҳар чизе ки аз ҳама бештар дӯсташон медоред, зиёдтар вақт гузаронед. Якчанд пешниҳод ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ низ дар назар аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз ба васвасаи атрофиён дода шуда, нафареро танқид накунед, зеро ба эҳсосот дода шуда, касеро аз худ хафа карданатон мумкин аст. Дар дилатон хоҳиши ба кори дигар гузаштан пайдо мешавад. Ба тиҷорати хатарноке сармоягузорӣ кардан мехоҳед. Як амали нек шуморо рӯҳбаланд мекунад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз зарурияти фавран қабул кардани қароре ба миён меояд. Вазифаҳои гузошташударо ба таври дақиқ анҷом диҳед, он гоҳ дар ҳама гуна фаъолият муваффақ хоҳед шуд. Шахси дӯстдоштаатон дар бисёр корҳо ба шумо дасти кӯмак дароз кардан мехоҳад, рад накунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз барои сар кардан ё машғул шудан ба тиҷорат рӯзи мусоид аст. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат тағйироте ба назар намерасад. Нимаи дуюми рӯз хабари хуш мешунавед, ки шуморо болидарӯҳ месозад. Мақоли халқии “вақт баробари пул аст”-ро аз хотир набароред.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз дар ҳаёти шумо дигаргуниҳои мусбат зиёд рух медиҳанд. Инсони хуб бошед ва ҷони худро дар хатар нагузоред. Ба ҳар нафаре, ки аз шумо кӯмак мепурсад, ба қадри имкон ёрӣ расонед. Баъди ин қадар хубиҳоятон ҳеҷ кас шуморо бад дида наметавонад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки натиҷаҳои хуби кориро ба даст намеоред. Ягона чизе, ки бо он ноил мешавед, асаби вайрону харобгашта мебошад. Шумо бояд ба тартиби хӯрокхӯриатон тағйирот ворид намоед. Бештар чормағз истеъмол кунед, ба майнаи сар фоида дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз ситораҳо ба шумо ҳушдор медиҳанд, ки дар зиндагӣ устувор бошед, зеро эҳтимоли бо чанд ҳодисаи бад рӯ ба рӯ шуданатон вуҷуд дорад. Агар баъзе вохӯриҳоятон ба нокомӣ анҷомад, рӯҳафтода нашавед, чунки ин маънои бетақдир будани шуморо надорад. Одамдӯст ва ошкорбаён бошед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз барои ба даст овардани натиҷаҳои қаноатбахшкунанда шумо бояд бисёртар кор кунед. Ҳатто агар ҳамин кори ҳаррӯзаатонро аз сидқи дил анҷом диҳед, бурд мекунед. Ҳар коре, ки имрӯз анҷом дода натавонистед, ба пагоҳ гузоред ва худро зиёд хаста накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз барои шумо рӯзи бобарор аст. Қарорҳои қабулкардаатон бо муваффақият амалӣ мешаванд. Сараввал нақшаи кори худро тартиб диҳед ва аз рӯйи он амал кунед. Пас аз кори зиёд ба варзиши навъи йога машғул шавед ва нӯшидани каме шаробро низ тавсия медиҳем, шуморо сабук мекунад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз бояд шумо ба дигарон каме хашмгинии худро нишон диҳед ва дар суҳбат низ аз ҳад зиёд меҳрубон нашавед. Нисбати онҳое, ки ба шумо кӯмак кардан мехоҳанд, бепарвоӣ накунед. Шахсеро, ки аз ӯ шубҳа мекардед, ба даст меафтад ва кӣ будани ӯро мефаҳмед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз шиносоии ғайриоддӣ ва дӯстони нав рӯзи шуморо фараҳбахшу хотирмон мекунанд. Сюрприз низ ҳаст, аммо эҳтимол он ба шумо писанд намеояд. Ба истироҳат машғул шавед ва кӯшиш накунед, ки худро аз ҳалқаи одамон дур нагиред.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз вақти бештаратонро ба худ бахшед ва дар бораи рушди ояндаатон фикр кунед. Кӯшиш кунед, ки бо одамони хашмгин ва бахил суҳбат накунед. Аз онҳо дур бошед, беҳтар аст. Оқилу кордон бошед, бо ин хислатҳо диққат ҷалб кардан осонтар аст.