Ҳамал
Нафароне, ки бо кори савдо машғуланду ҳар лаҳза таваккал мекунанд, муваффақият ба даст меоранд. Сафарҳои роҳи дур ва вохӯрӣ бо шахсони аҷиб имкон дорад. Корҳои нотамом ва мушкилоти рӯзҳои охир аз нав сади роҳатон мегарданд. Фикру андешаҳои худро тоза намоед.
Савр
Рӯз барои сафару саёҳат, корҳои ҷисмонӣ, хариду фурӯши хонаву мошин мусоид аст. Вохӯриҳои ошиқона ё дӯстона имкон доранд. Ин рӯзро бо шахси дӯстдоштаатон бубахшед, вохӯрӣ табъи ҳардуятонро болида месозад.
Ҷавзо
Барои тамоми корҳо рӯзи мусоид аст, вале хуб мебуд, ки имкониятҳои худро бо хоҳишҳоятон мувофиқа намоед. Бо табъи хушу ақли расо ва корчаллонӣ гули сари сабади маҳфилҳо мегардед. Як шӯхии ноҷо боиси нофаҳмӣ мегардад, вале муноқиша ба зудӣ рафъ мегардад.
Саратон
Агар дар муносибатҳои шахсиятон қадаме ба пеш гузоштан мехостед, имрӯз вақте фаро расидааст, ки боҷуръаттар амал намоед. Муҳимаш нисбати шахсе, ки дӯсташ медоред, самимӣ бошед, дурӯягӣ кардан дар ин рӯз дарҳол фош мегардад.
Асад
Рӯз барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ ва тамоми масъалаҳое, ки бароятон муҳим аст, хуб анҷом меёбад. Тамоми нақшаву ниятҳоеро, ки ҷасуриву фаросатро талаб мекунанд, дар ҳамин рӯз амалӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки чанд рӯз дар ҷустуҷӯяш будед.
Сунбула
Рӯзи пур аз рӯйдоду ташвишҳо аст. Табъатон тағйир ёфта, дар рафтору кирдор саргум мезанед. Агар аксари атрофиёнатон ба ҳодисаҳое, ки дар атрофатон рух медиҳад, бо назари танқид нигаранд, ба ҳайрат наоед.
Мизон
Рӯзи хубест барои равшанӣ андохтан ба муносибатҳои ошиқонаатон. Ҳар чизеро, ки пурсидан мехостеду ҳар гаперо, ки гуфтан мехостед, вале аз пурсидан шарм медоштед, дар ҳамин рӯз нотарсона гуфтан гиред. Дар ин рӯз ростгӯву софдил ва ҳамсуҳбати хуб бошед, он гоҳ дар мавзӯҳои нозук самимона суҳбат карда метавонед.
Ақраб
Имрӯз мақсадатон дар ҳама кор ғолибият ба даст овардан аст. Ҳатто агар дар коре муваффақ нагаштед, аз нав кӯшиш ба харҷ дода, ба муваффақият мерасед. Вақти амал кардани шумо фаро расидааст. Чизе наметавонад устувории шуморо барбод диҳад, ҳар қадаре мақсадатон ҷиддӣ бошад, ҳамон андоза заҳмати зиёд мекашед.
Қавс
Сафарҳои дарозмуддат ё истироҳат дар ҳалқаи наздикон хастагии асабҳоятонро рафъ месозад. Кӯшиши баргардонидани ошиқи пештараро накунед, вагарна дучори нохушиҳо мегардед. Азбаски дар ин рӯз ба худ боварии қатъӣ доред, ҳам дар кору ҳам дар оила корҳоятон бобарор анҷом меёбанд.
Ҷаддӣ
Мушкилоти хурди оилавӣ табъи хушатонро вайрон карда наметавонад. Имрӯз имкони оғоз намудани кори наверо, ки боиси ба даст овардани маблағи хуб мегардад, пайдо месозед. Бо нафароне, ки қаблан асабатонро хароб месохтанд, забон ёфта метавонед. Дар бораи хешовандони дуратон, ки кайҳо боз хабар надоштед, хабари тоза мешунавед.
Далв
Дар ин рӯз ба касе маслиҳат додану хоҳиши нафареро иҷро карданро тавсия намедиҳем. Дар тахт намудани ҳуҷҷатҳо ва фаъолияти омӯзгорӣ ба ғалат роҳ доданатон имкон дорад. Хусусан кормандони соҳаи хизматрасонӣ бояд хеле эҳтиёткор бошанд, барор ҳар лаҳза метавонад аз дастатон фирор намояд. Нимаи дуюми ҳафта хабари хуш ё пешниҳоди муфиде имкон дорад, ки даромади хуби пулӣ меорад.
Ҳут
Аз корҳои хатарноку шиносоиҳои шубҳанок, ки ба саломатиятон зарар доранд, худдорӣ намоед. Агар ба меҳмонӣ даъват кунанд, бо меҳрубонӣ рад намуда, аёдатро ба вақти дигар гузоред. Аз даст додани пул, мушкилиҳои рӯзгор ва ҷанҷоли оилавӣ эҳтимол дорад.