Helvetas - Hukuki Man
Толеъномаи 21 ноябри соли 2019 аз Турсуной Зокирова
1230

 

Ҳамал

Нуқтаи назари худро иброз намуда, боиси ранҷиши нафарони зиёде мегардед. Ҳатто бо нафарони воломақом баҳс намуда, ба худ душман мехаред. Безобитагӣ боиси бехобӣ ва асабонияти шумо мегардад. Шумо бояд танҳо бо нафароне робита намоед, ки боиси болидаруҳиятон мегарданд. Меҳрубониву гузашт карданро танҳо ба шахси дӯстдоштаи худ раво мебинед.

Савр

Барои ба мақсад расидан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Бо ҳамкорон муноқишаву бо дӯстон баҳсу мунозира имкон дорад. Мулоқоти ошиқона нимаи дуюми ҳафта хеле гуворо мегузарад. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Пойафзоли паст пӯшида, аз мавзеҳои сохтмон ва хатарнок дурӣ ҷӯед. Муносибати худро бо дӯстдоштаатон бо сабабҳои ночиз ва хафагӣ вайрон насозед.

Ҷавзо

Дар ин рӯз бо нафарони калонсоли оилаатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Муносибати ошиқонае, ки дар ин рӯз сар мезанад, то ақди никоҳ мерасонад. Аз хӯроки душворҳазм худдорӣ намуда, бештар меваву сабзавот истеъмол намоед. Барои харидорӣ намудани лавозимоти рӯзгор рӯзи мусоид аст. Аз набудани маблағи пулӣ ташвиш накашед, вазъият ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад.

 

 


Вақте малҳами Прикотенро ба даст овардам, аз дафъаи аввали истифодабарӣ аз таъсири он ба ваҷд омадам. Пӯсти рӯям нафису ботароват ва чинҳояш ҳамвор гаштанду аз доғҳо ягон осор намонд. Имрӯз ман дар бораи таъсири Прикотен ба ҳама нақл мекунам ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки малҳами Прикотен пӯсти пажмурдатаринро ботаровату ҷавон месозад.

 

Саратон

Ба саволҳои зиёде, ки вақтҳои охир ташвишатон медоданд, посух ёфта метавонед. Бо наздикон муноқиша имкон дорад, вале ба ҷанҷоли калон роҳ намедиҳед. Дарди сари шумо бар асари каҷшавии сутунмуҳра ва ҷамъшавии намак сар зада метавонад. Барои табобат маҳс гирифтану машқ карданатон лозим аст. Агар нақшаи мулоқоти ошиқонаро дошта бошед, дӯстдоштаи худро пешакӣ огоҳ намоед.

 

Асад

Бо атрофиён нофаҳмӣ имкон дорад. Ҳатто бо дӯстони қарин забон ёфтанатон душвор мегардад. Аксари асадҳо аз сухани гуфтаи худ пушаймон мешаванд. Эҳтимол кори муҳимеро фаромӯш месозед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Ҳар субҳу шом машқи бадан ва сайругашт тавсия дода мешавад.

 

Сунбула

Дар давом рӯз касбияти худро чандин бор нишон доданатон лозим меояд. Ба рашку шубҳа роҳ надиҳед. Дӯстдоштаи шумо хоҳиши танҳо буданро дорад. Аз ҳад зиёд ғами саломатиро нахӯред. Кори вазнин шуморо хаста намекунад, балки болидарӯҳ месозад. Агар баъди кор истироҳат кардан мехоста бошед, дар хона ин кор ба шумо даст намедиҳед. Маблағи пулӣ дар назар нест.

 

Мизон

Рӯзи бобарор аст, имкони беҳтар сохтани вазъи зиндагиро пайдо месозед. Атрофиён аз шумо кӯмак мепурсанд. Кӯмак расониданатон хуб аст, вале аз меҳрубониятон истифода бурданро иҷозат надиҳед. Аз хасташавӣ ва кори вазнин худдорӣ намуда, саломатиро хуб нигоҳ медоред. Нафарони муҷаррад бахти худро пайдо сохта метавонанд. Азбаски даромади пулиятон чандон хуб нест, ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳед.

 

Ақраб

Аввали рӯз корҳои муҳимро ба нақша нагиред. Нимаи дуюми рӯз дар корҳои шахсӣ ва молиявӣ чунон корҳоятон барор мегиранд, ки рашки атрофиён меояд. Вазъи саломатӣ аз табъи хуш ва болидаруҳӣ вобастагӣ дорад. Шахси дӯстдоштаатон ба меҳрубонии шумо ниёз дорад.

 

Қавс

Бадхоҳонатон дар ин рӯз шуморо зиёд бадгӯӣ мекунанд. Тамоми овозаву буҳтонро рад кунед, вале аз гапи ҳақ сарпечӣ накунед. Баъзан муносибати атрофиён нисбати шумо боадолатона нест. Эҳтимоли аз даст додани маблағи калон дар назар аст, чизи қиматбаҳоеро гум мекунед. Ғизои солим бояд дар ҷои аввал истад, ҳамзамон ба мушаку буғумҳо фишор наоред. Барои он ки корҳоятон хуб ҷараён гиранд, аз рӯи нақша амал намоед.

 

Ҷаддӣ

Рӯзи хубест барои хариди калон. Агар бо амри дил амал намоед, имкони ба даст овардани маблағи хубро пайдо месозед. Бо варзиш машғул шуда, субҳгоҳон машқи бадан кунед. Вақт пайдо намуда, ба дӯстдоштаи худ изҳори муҳаббат намоед. Корҳои нотамом шуморо лаҳзае ором намегузорад, зеро аз пешравияш вазъи молиявиатон вобастагӣ дорад.

 

Далв

Аз нигоҳи иқтисодӣ субҳи бобарор меояд, метавонед бемалол ба мағозаву бозор равед. Сафарҳои ғайринақшавӣ бобарор анҷом меёбанд. Дар муносибат бо шахсе, ки дӯсташ медоред, бо сабру таҳаммул бошед ва аз муноқиша худдорӣ намоед, хусусан нисбати нафаре, ки худашро дӯст медорад. Бо парҳез машғул шуда, саломатиро нисбатан беҳтар месозед. Рӯзи хубест барои кӯмаку дастгирии дигарон.

 

Ҳут

Бо сабаби серкорӣ вазъи саломатиятон бад мегардад. Эҳтимоли ба даст омадани маблағи пулӣ дар назар аст. Ҳатто нафароне, ки дар соҳаи тиҷорат таҷриба надоранд, бурд мекунанд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бештар дар ҳаракат бошед. Оббозӣ дар оби гарм ва чойи лимӯдор хобатонро бароҳат месозад. Нафароне, ки бо дӯстдоштаи худ қаҳрӣ буданд, оштӣ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
фарангис 2019-11-22, 08:34
салом ба хама ман 21 ноябра хондам Ани ман рост баромад 22 ноябра кай мепартоитон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
фарангис 2019-11-22, 08:34
салом ба хама ман 21 ноябра хондам Ани ман рост баромад 22 ноябра кай мепартоитон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД