Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз беҳтар аст, ки вохӯриҳои ошиқонаро муваққатан қатъ кунед. Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмиҳо пайдо мешаванд, ҳатто сухани бо нияти нек гуфтаатон сахт мерасанд. Ба баҳсу низоъ роҳ надиҳед ва хашмро пинҳон намоед. Харидҳои калон ва шартномаҳои муҳимро ба таъхир гузоред. Эҳтиёт бошед, хавфи ҷароҳат бардоштан ё сар задани низоъҳои сахт вуҷуд дорад.
Савр (20 апрел-20 май)
Барои шахсоне, ки дар ҷодаи муҳаббат ба якдигарфаҳмӣ нарасида буданд, имрӯз имконияти нав фаро мерасад. Ҳар корро бо ҷиддӣ анҷом диҳед, то натиҷаи хуб бинед. Энергия ва боварии шумо қавӣ аст, танҳо бояд фаъол бошед ва вақтро беҳуда нагузаронед. Дар нимаи рӯз эҳтиёт кунед: эҳтимоли хастагӣ ва хурӯҷи бемориҳои илтиҳобӣ дар назар аст. Ба саломатӣ аҳамият диҳед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат тағйироти калон дида намешавад, ҳама чиз мисли пеш ҷараён мегирад. Шумо ишқи романтикӣ мехоҳед, аммо корҳои рӯзмарра ва масъулиятҳо вақтро мегиранд. Баҳс метавонад ба низоъҳои ҷиддӣ оварда расонад, пас ором бошед. Пули захиракарда ва буҷаи оиларо боэҳтиёт идора кунед, хароҷоти калонро ба таъхир гузоред. Як пиёла нӯшокии неруафзо зарар надорад, вале аз ҳад зиёд истифода накунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз ба муҳаббати шумо посух медиҳанд. Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли сар задани рашк, баҳс ва оштӣ зиёд шавад. Кӯшиш кунед, ки эҳсосоти худро идора кунед. Ба наздикӣ хароҷоти калон доред, мумкин қарзҳоро ёдрас шаванд. Барои саломатӣ ғизои солим интихоб кунед, аз таомҳои зудтайёр ва саросема хӯрок хӯрдан худдорӣ намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Ин рӯз барои ҳал кардани масъалаҳои муҳими шахсӣ ва корӣ муносиб аст. Бо шахси дӯстдошта ва наздикон самимӣ бошед. Беҳтараш корҳои кӯҳнаро ба охир расонед, кори нав сар накунед. Даромад аз меҳнат ва кӯшиши шахсӣ вобаста аст. Барои саломатӣ парҳези дуруст интихоб кунед: аз маҳсулоти зараровар ва нимтайёр худдорӣ кунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар ҷодаи муҳаббат оромӣ ҳукмфармо аст, аммо корҳои ҷамъшударо анҷом дода метавонед. Имрӯз шумо бо одамон хуб забон меёбед, бештар гӯш мекунед ва муносибатҳоятон нарм мешаванд. Дар касбу кор имконияти пешравӣ доред, роҳбарият шуморо қадр мекунад. Метавонед кори нав оғоз кунед, вале устуворӣ ва сабр талаб мешавад. Барои оромӣ машқҳои махсус ё масҳ кумак мекунанд.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз бо ҳамсари худ дар бораи пули хона суҳбат кунед, то мушкил пешгирӣ шавад. Вақти худро бештар бо оила гузаронед, муҳаббатро қавитар созед. Дар касбу кор ва хона ихтилофҳо эҳтимол доранд, беҳтараш ором бошед. Имрӯз шонси бурд кардан ё хариди хуб доред. Барои худ вақт ҷудо кунед: фикр кунед, нақша тартиб диҳед ва ба саломатии худ аҳамият диҳед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат ва муносибатҳои ошиқона рӯзи хуб аст. Ба корҳои хона бештар кумак кунед, то бо ҳамсафари ҳаётӣ баҳс сар назанад. Агар дӯстон ё ҳамкорон кумак пешниҳод кунанд, қабул кунед. Барои хароҷоти ғайричашмдошт пул захира кунед. Имрӯз метавонед хӯрокҳои лазиз бихӯред, вале дар ҳама чиз андоза муҳим аст, то ба саломатӣ зарар нарасад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар бораи муҳаббат ва муносибатҳои ошиқонаи худ фикр кунед. Муайян намоед, ки чӣ чиз писандатон нест ва мехоҳед онро тағйир диҳед. Ба меҳмонӣ наравед, эҳтимол пушаймон мешавед. Бо кори эҷодӣ машғул шуда, ҳам маблағ, ҳам қаноатмандӣ ба даст меоред. Аз фикрҳои манфӣ дур шавед ва ба чизҳои хуб диққат диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз бо дӯстдоштаатон баҳс накунед, зеро вазъият ҳассос аст. Агар асабӣ бошед, бо корҳои хона машғул шавед. Гапи сахт нагуед, оқибаташ нохуш мешавад. Баъзан барои ба даст овардани чизи нав, бояд аз чизе даст кашид. Барои саломатӣ парҳези дуруст риоя кунед, аз ғизои зараровар худдорӣ намоед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз шумо ҷаззоб мешавед ва ҳатто эҳтимол муносибати ошиқона сар шавад. Бо наздикон ихтилофҳоро бо оромӣ ҳал кардан мумкин аст. Агар кори иловагӣ кунед, ҳаққи худро талаб кунед. Имрӯз имкони ба даст овардани даромади иловагӣ доред. Агар ният доштед, аз ташхиси тиббӣ гузаред, дер накунед – вақти муносиб аст.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз эҳсосотатон қавӣ мешавад, онро пинҳон накунед. Шумо сахтгир ҳастед, вале наздикон баъзан аз ин хаста мешаванд. Дар касбу кор барзиёд кор мекунед, вале музди хуб мегиред. Барои соҳибкорон шартномаи хуб ва барои кормандон мукофотпулӣ имкон дорад. Саломатӣ хуб аст, вале ба реҷаи рӯз риоя кунед.