Ҳамал
Дар ин рӯз аз нобарории кор ба ғазаб меоед, дилгир мешавед. Худро ба даст бигиреду навмед нашавед, беҳуда «аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст» нагуфтаанд, ҳамагӣ пас аз чанд рӯз аз мушкилот мебароед. Дар ҷодаи ишқ нокомӣ бархе аз зодагони ин бурҷро домангир хоҳад шуд. Хиёнати ёр дилатонро аз дунё хунук мекунад.
Савр
Ин рӯз саврҳо дар маърази диққат қарор мегиранд, аз ин рӯ корҳоятонро бенуқсон анҷом диҳед. Дӯст ё ошнои наздикатон дар ҳаққатон гапу гапчаҳои таҳқиромезеро паҳн мекунад, ки обрӯятонро коста намуда метавонанд. Ситораҳо ба саврҳо аз дурӯғ парҳез намуданро тавсия додаанд. Ҳақгуву ҳақҷӯ бошед, худованд муродатонро ҳосил мекунад.
Ҷавзо
Ин рӯз зодагони бурҷи ҷавзо бояд тамоми қувваашонро ба харҷ диҳанд, то обрӯяшонро аз даст надиҳанд. Вазъияте пеш меояд, ки ба ҳаёти шахсӣ таъсири манфӣ расида метавонад. Ҷавзоҳои муҷаррадро хушхабар интизор аст-охири рӯз ошиқатон аз корҳои кардааш пушаймон мешавад. Озурдагиҳоро фаромӯш карда, ба пӯшидани ангуштарини никоҳӣ тайёрӣ бинед.
Саратон
Ин рӯз бароятон душвориҳои зиёдеро пеш меорад, вале бояд ба ҳама сахтиҳо тобовару бо сабру таҳаммул бошед, то мушкилатон ҳал шавад. Саратонҳои муҷаррадро охири рӯз вазъи саломатиашон каме нороҳат мекунад. Ин таъсири танҳоист ва давои беҳтаринаш ҷустани ҷуфти муносиб. Аз паи ёфтани ҳамсафари зиндагӣ бошед.
Асад
Асадҳои муҷаррад фикри ояндаашонро мекунанду ба зиндагии якранг ва танҳоӣ лаънат мехонанд. Худатонро ба даст бигиреду асабҳоятонро эҳтиёт кунед. Тақдири ҳар инсон дар дасти худаш аст, оҳу нола накарда, аз паи ҷустуҷӯи шоҳзодаи орзуҳоятон шавед. Аз осмон ситора наҷӯед, беҳтараш ба гирду атроф бодиққат нигаред, шояд ҷуфтатон дар ҳамсоягии шумосту аз сари ғурур варо намебинед.
Сунбула
Агар моҷарои оилавиатонро дар гармиаш ҳал накунед, пушаймон хоҳед шуд. Нимаи дуюми рӯз сумбулаҳои муҷаррад муносибати сарди ошиқашонро пай бурда, барои ошкор кардани сабаб сӯҳбати рӯ ба рӯ намудан мехоҳанд. Фош гаштани сирри хиёнати ёратон эҳтимол дорад. Агар риштаи ишқатон гусаста шавад, рӯҳафтода нагардед. Ғам нахӯред, беҳуда «сари зулфи ту набошад, сари зурфи дигаре» нагуфтаанд, бахтатонро албатта меёбед.
Мизон
Маблағи калоне, ки нимаи дуюми рӯз ба даст меоред, имкони харидани ашёи кайҳо орзукардаатонро медиҳад. Метавонед захира кунед. Мизонҳои муҷаррадро айёми фараҳбахштарини ҳаёташон фаро расидааст. Шиносоии тақдирсозе дар назар аст, ки метавонад дари бахтатонро кушояд. Агар дасткушод бошеду самимӣ, метавонед ба дили ёри навпайдо роҳ ёфта ба танҳоӣ анҷом бахшед. Барои ободонии зиндагиатон камари ҳиммат бандед.
Ақраб
Ин рӯзро зодагони бурҷи ақраб бо фикри мушкилоти оилавиашон мегузаронанд. Беҳуда сабаби дилсардии ёратонро ҷуста, худро дилхун насозед. Ғами касеро, ки ба қадратон намерасад, нахӯред. Тақдиратонро ба Худованд ҳавола намоед. Бигзор худованд тақдиратонро ҳал кунад. Охири рӯз дӯсти наздикатон занг зада, табъатонро болида месозад.
Қавс
Айёми хубе барои амалӣ гаштани нақшаю орзуҳои зодагони бурҷи қавс фаро мерасад. Ҳар кореро, ки оғоз кунед, бе ягон душворӣ пеш меравад. Ба дӯстатон хиёнат накунед, ки пушаймон мешавед. Дар ҷодаи ишқ алҳол оромӣ ҳукмфармост. Агар ба васвасаҳои шайтонӣ афтода, аз паи ду сайд надавед, бобарор, комёб ва хушбахт мешавед. Даромади пулӣ дар назар нест.
Ҷаддӣ
Ин рӯз коратон чунон зиёд мешавад, ки вақти сархорӣ намеёбед. Чанд корро якбора ба гардан нагиред, вагарна мисли холаи ҳамакора тамоми корҳоятон нимкола мемонанд. Агар дар танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳал кардани мушкилоти зиндагиатон набароед, аз дӯстонатон мадад пурсед. Охири рӯз хабари хушеро шунида, шод мешавед.
Далв
Ин рӯз зодагони бурҷи далв бояд ба тамоми рӯйдодҳое, ки дар атрофашон ба амал меоянд, аҳамият диҳанд, то ба доми фиреб наафтанд. Хавфи гум шудани ҳамёнатон дар назар аст, эҳтиёткору ҳушёр бошед. Шиносоии тақдирсозе далвҳоро дар назар аст. Шоҳзодаи орзуҳоятонро меёбед, ба шарте, ки ба садои дилатон гӯш дода тавонед. Саломатиятон каме нохуб мегардад.
Ҳут
Дар ин рӯз аз макру хиёнати душманон эҳтиёт бошед. Нимаи дуюми рӯз ошиқ шуданатон аз эҳтимол дур нест. Худро ба гирдоби ҳиссиёт ҳаво надода, аввал ёри наватонро нағзакак омӯзед, то ки фиреб нахӯред. Дар интихоби бахт ҳутҳо бояд ҷиддӣ рафтор намоянд. Охири рӯз дӯсти наздикатон барои қарз пурсидан наздатон меояд.