Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шумо хушбахтиро ҳис карда, то охир ба он бовар мекунед. Тани танҳо муваффақ шуда метавонед, вале боз ба кӯмаки дӯстону наздикон низ умед бандед. Дудила нашавед, онҳо ҳатман ба шумо кӯмаки хешро дареғ намедоранд. Кӯшиш кунед, ки дар назди нафарони бегона сархам нашавед.
Савр (21 апрел-20 май)
Ин рӯзро пурра ба оилаи худ бахшед. Зиёфати шоҳона биороед ва бо аҳли оила ин рӯзро, ки ҳарчанд рӯзи муҳим нест, ҷашн бигиред. Ин барои сарҷамъӣ ва барқарорсозии муносибатҳо мусоидат мекунад. Аз чизҳое, ки ба шумо зарар мерасонанд, парҳез кунед, вагарна баъдан дер хоҳад шуд.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз ситораҳо шуморо аз ҷиҳати ахлоқӣ дастгирӣ мекунанд. Мукофотҳои моддӣ низ истисно нестанд. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, қарзашро бармегардонад ё барои ягон амали хубатон миннатдорӣ мекунад. Ҳатто агар коре кунеду мукофот ҳам надиҳанд, боварӣ дошта бошед, ки шумо инсони хайрхоҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз ҳатто хурдтарин чиз аз шумо масъулияти бузург ва кордониро талаб мекунад. Агар масъулият ҳис кунед, бурд хоҳед кард. Ситораҳо маҳз барои ҳамин кор шуморо дар ин рӯз меозмоянд. Танҳо дар охири рӯз маълум мешавад, ки то чӣ андоза корҳоро оқилона ба сомон расонидаед.
Асад (23 июл-22 август)
Шумо имрӯз ба хотимаи мушкилиҳои чандвақта умед баста метавонед. Эҳтимол, чизеро ба даст меоред, ки дер боз дар орзуяш будед. Худро ба даст гиред. Меҳнати худро нодида нагиред ва қадри худатонро донед, зеро барои бисёриҳо бо шумо кор кардан шараф аст. Шаъну шарафи худро ҳимоя намоед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Сунбулаҳо имрӯз муваффақиятҳои назаррасро умедвор шуда метавонанд. Новобаста аз он ки ҳодисаҳо чӣ гуна рух медиҳанд, шумо боварӣ дошта бошед, ки ҳама онҳо дер ё зуд ба охир мерасад. Молу мулк, оила ва лоиҳаҳои худро эҳтиёт кунед. Даромади ногаҳонии на он қадар зиёд хотиратонро шод мекунад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои мизонҳо имрӯз рӯзи хушбахтӣ аст. Агар аз коре қафо мондаеду мавқеи пешинаи худро соҳиб шудан мехоҳед, пас ин хушбахтиро самаранок ба фоидаи худ истифода баред. Мукофот мегиред ё касе шуморо дастгирӣ мекунад. Ин хеле муҳим аст. Барои дидани ширкат, донишгоҳ ё нафаре дер накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз шумо дар чанд кори худ муваффақ мешавед, ба шарте ки ҳадди эътидолро риоя намоед. Ин як шарти калидии эътимоди шумо ба оянда хоҳад буд. Инчунин, хароҷоти иловагии мақсаднок имкон медиҳад, ки шумо боз ҳам рӯҳбаланд ва хурсанд шавед. Шом ба хонаатон меҳмонҳои нохонда меоянд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз ба шумо имкон медиҳад, ки орома дар фикри ояндаи худ бошед. Ба баҳси тӯлонӣ пирӯз мешавед. Муносибатҳои сардшудаатон бо дигарон дубора барқарор мешаванд. Соҳиби имтиёз ва афзалиятҳои нав мешавед. Барои таҷлили иду ҷашнҳо, тӯйи арӯсӣ ва маросими ақди никоҳ рӯзи мусоид аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки рӯзи пӯшида ва ором дошта бошеду аз ошкорбаёнӣ ва корҳои нолозим худдорӣ намоед. Рӯзро хуб шурӯъ мекунед, аммо дар давоми он танбал ва ғайрифаъол мешавед. Барои истироҳат ва тановули ғизои дӯстдошта рӯзи мувофиқ аст. Ин ба шумо таъсири мусбӣ мерасонад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз барои далвҳо рӯзи орому мусоид аст. Аз касе натарсед ва ин рӯзро танҳо барои ниёзҳои шахсии худ истифода кунед. Устуворӣ ва худбоварӣ дар шумо зиёд мегардад, ки барои рӯзҳои оянда лозим меоянд. Ба шумо имкон медиҳанд, ки қудрати қаблии худро дигарбора ба даст оред.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Беҳтараш имрӯз корҳое, ки суръат ва қобилиятро талаб мекунанд, ба нақша нагиред, зеро эҳтимол аз ӯҳдаашон баромада наметавонед. Истироҳат карда, қувва ва тавоноии худро барои рӯзҳои дигар барқарор кунед. Барои харид ва захира кардани маводи ғизоӣ рӯзи хубу бобарор аст.