Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1438

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз шояд нисбати дӯстдоштаатон шубҳа пайдо кунед. Рӯҳафтода нашуда, бо ӯ ошкоро суҳбат кунед, шояд нигарониҳои шумо асосе надошта бошанд. Агар ба овозаҳои беасос гӯш диҳед, шубҳаву рашк дар дили шумо ҷой мегирад. Беҳтараш ақли худро кор фармоед, ба суханони дигарон бовар накунед. Пул ба даст меоред, вале хароҷоти бемаънӣ накунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Шояд вақти он расидааст, ки ишқбозиҳои бемаъниро қатъ кунед. Кӯшиш кунед, ки истеъдод ва малакаҳои касбии худро ба намоиш гузоред. Рӯзи мусоид барои масъалаҳои молиявӣ мебошад. Нақшаҳои шахсии худро танҳо бо ҳамкорони наздикатон дар миён гузоред. Агар мушкилоти қалб ва фишори хун надошта бошед, ҳаммом ва сауна метавонанд барои рафъи стресс ба шумо кумак кунанд.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз бароятон пурмаҳсул аст. Бо шахсони ҷолиб вомехӯред ва робитаҳои муфид пайдо мекунед. Аммо, диққати зиёди атрофиён метавонад шуморо хаста созад. Метавонед хариди муҳим анҷом диҳед, таъмири хонаро оғоз кунед ё ҷои мебелро тағйир диҳед. Агар муддати тӯлонӣ орзуи хариди гаронбаҳое дошта бошед, имрӯз фурсати муносиб аст.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз бояд дар муошират бо атрофиён бисёр хушмуомила бошед, вагарна ростқавлии шумо метавонад ба бераҳмӣ табдил ёбад ва одамони гирду атрофро нороҳат кунад. Бо дӯстону шиносҳо тамос гиред, онҳо метавонанд роҳҳои ҳал кардани мушкилоти пулии шуморо нишон диҳанд. Аз хабарҳои беасос ва бардурӯғ худро канор гиред. Ба саломатии худ таваҷҷӯҳ кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Кӯшиш кунед, ки масъулиятҳои зиёдатиро ба дӯш нагиред. Эҳсосоти худро назорат кунед. Имрӯз асабонияти худро ба дигарон нишон надиҳед, дар акси ҳол, гирифтори баҳсу муноқиша мегардед. Вазъи молиявиятон метавонад бо дастгирии шахси бонуфуз беҳтар шавад. Нагузоред, ки дилтангӣ ва ноумедӣ шуморо фаро гирад! Агар зиқӣ кардан гиред, аҳволатон бад шудан мегирад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Бо одамони нав шинос шавед, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ — чунин робитаҳо метавонанд дар оянда ба дӯстӣ ё ҳатто муҳаббат табдил ёбанд. Шумо барои аҳли хонадон манбаи гармӣ ва оромиш хоҳед шуд. Наздикон бо меҳрубонӣ ва ғамхории шумо фаро гирифта мешаванд. Аз суханҳои бадбинонаи ҳамкорони ношоиста эҳтиёт бошед, онҳо метавонанд обрӯи шуморо зери хатар гузоранд.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Ҷаззобият ва ҷозибаи шумо имрӯз дар авҷ хоҳад буд, ин рӯзро барои мулоқот бо шахси дӯстдошта бахшед. Ба наздикӣ вақти хубе барои сафарҳои ошиқона бо шахси дӯстдошта ё наздикон фаро мерасад. Ҳеҷ гуна муноқишаҳо пеш нахоҳанд омад. Заҳмати шумо қадрдонӣ хоҳад шуд. Аз вазъиятҳои стрессовар ва фишори зиёди ҷисмонӣ канорагирӣ кунед. Барои кам кардани сатҳи изтироб ва беҳтар кардани вазъи саломатӣ машғули йога шавед ё чуқур нафас гиред.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Мехоҳед ниҳоят ҳаёти ошиқонаи худро ба тартиб дароред? Хабари ғайриинтизоре метавонад боиси ихтилоф дар муносибатҳои шумо гардад. Эҳтимол, муноқиша дар оила сар занад. Ҳамеша сабр кунед. Агар шумо дар ҷустуҷӯи кори нав бошед, имрӯз барои пайдо кардани ҷойи кор ва мусоҳиба бо корфармо рӯзи хуб хоҳад буд. Кӯшиш кунед, ки касбият ва маҳоратҳои худро нишон диҳед! Эҳтимоли гирифтори аллергия шуданатон вуҷуд дорад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар зиндагии хонаводагӣ ноустуворӣ эҳсос мешавад, эҳтимол муҳаббати шумо ба хашм табдил меёбад. Ором бошед, вагарна ин ба ҳаёти ошиқонаи шумо таъсири манфӣ мерасонад. Нимаи дуюми рӯзро ба фарзандон ё калонсолони хонадон бахшед. Эҳтимол, хатоеро роҳ диҳед, ки ба обрӯ ва вазъи молиявии шумо зарар расонад. Ҳамеша нияти нек кунед. Андешаҳои манфӣ ҳам рӯҳ ва ҳам ҷисми шуморо заиф мекунанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Агар муносибатҳои ошиқонаатон дигар маъно надошта бошанд, беҳтар аст, ки худро азоб надода, онро ба поён расонед. Аммо, пеш аз тасмимгирӣ хуб фикр кунед, оё шумо дар ин қадами худ мутмаин ҳастед? Шахсе, ки имрӯз шинос мешавед, метавонад дар беҳтар кардани вазъи молиявии шумо кӯмак расонад. Фаъол бошед, вале аз машқҳои ҷисмонӣ худдорӣ кунед, зеро онҳо метавонанд ба саломатии шумо таъсири манфӣ расонанд.

Далв (20 январ-18 феврал)

Ба наздикӣ мулоқоти ошиқонаро ба нақша нагиред, зеро шуморо корҳои рӯзгор интизоранд. Ба назар мерасад, ки муҳаббат хомӯш шудааст ва шахси дӯстдошта дигар барои шумо идеалӣ нест. Соҳибкорон дар ин давра бо мушкилоти хурд рӯ ба рӯ мешаванд. Бо зиёд шудани мизоҷон шумо бояд вақти бештарро ба кор сарф кунед. Манбаи нави даромад ногаҳон пайдо мешавад. Пешниҳодҳои ҷолибро нодида нагиред!

Ҳут (19 феврал-20 март)

Бо шумо баъзан забон ёфтан кори осон нест. Гоҳ-гоҳе шумо хислати бади худро нишон медиҳед. Аммо, ҳамсаратон ин ҷиҳати шуморо мебахшад. Барои он ки сари қаҳр касеро наранҷонед, бояд худро ба даст гирифтанро омӯзед. Худро бо кори зиёд аз ҳад хаста накунед. Ҳатман истироҳат кунед, он гоҳ ҳолати руҳиятон беҳтар мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД