Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
1926

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз вазифаҳои касбиро ҳал карда, музокироти кориро самаранок анҷом медиҳед. Эҳтиёткор бошед, ҳар қадами худро санҷида гузоред, зеро ҷароҳат бардоштанатон мумкин аст. Аз ҳад зиёд ба андешаи дигарон гӯш надиҳед. Онҳо рӯзе бар зидди шумо баромаданашон мумкин аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз корҳои шумо он қадар барор намегиранд ва худатон ҳам нафаҳмида мемонед, ки чӣ ҳодиса рух дода истодааст. Агар имкон дошта бошед, барои истироҳату фароғат вақти бештар ҷудо кунед. Камхобии шумо ба тарзи ҳаёти солим таъсир мерасонад, кӯшиш кунед, ки аз хоб сер шавед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Шуморо зарур аст, ки барои ҳалли мушкилиҳои марбут ба ҳаёти шахсӣ ва кор фаъол бошед. Дар харҷ карани маблағҳои калон саросема нашавед, як қисми корҳои бо маблағ алоқамандро ба вақти дигар ба таъхир гузоред. Агар ҳис мекунед, ки тиҷорати шумо оқибати хуб надорад, беҳтараш аз он даст кашед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Нигаронии беҳуда мекунед. Шумо бояд ба худ эътимоди қавӣ дошта бошед, он гоҳ корҳоятон барор мегиранд. Дастгирии ногаҳонӣ ва сарпарастии шахсони бообрӯ дар назар аст. Ба ҳамкасбони худ имкон диҳед, ки дар ҷои кор худро нишон диҳанд, зеро онҳо бе назорати шумо низ кор карда метавонанд.

Асад (23 июл-22 август)

Барои барқарор кардани муносибатҳои нав рӯзи мусоиду бобарор аст. Аз муошират бо нафарони наздик ва мулоқотҳои дӯстона лаззат хоҳед бурд. Пеш аз истеъмол ба сифати хӯрокатон диққат диҳед, заҳролуд шуданатон аз эҳтимол дур нест. Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз иҷрои корҳои вазнини ҷисмониро тавсия намедиҳем, шумо бояд ба саломатӣ диққат диҳед. Бо аҳли оила ба сафар баромада, масъалаҳои оилавиро ҳал карда метавонед. Кӯшиш кунед, ки бо дигарон муноқиша накунед, нуқтаи назари худро низ ба сари дигарон бор накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзро бо қувваи тоза ва нерӯи нав шурӯъ мекунед ва қисми зиёди корҳоятон бомуваффақият паси сар хоҳанд шуд. Барои шиносоии нав, вохӯрӣ бо дӯстони пешина ва мулоқот бо ҳамкорон рӯзи нек аст. Одамони наздикатонро наранҷонед ва онҳоро таъқиб ҳам накунед, ранҷиданашон мумкин аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз хатари ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст, бинобар ин, эҳтиёт кунед. Ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда имзо нагузоред, иҷрои ҳама корҳоро ба таъхир гузоред, аз амалӣ намудани нақшаҳо даст кашед. Агар ҷои зисти худро иваз кардан мехоҳед, пас шуморо зарур аст, ки бори дигар фикр карда бароед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои иҷрои корҳои душвор рӯзи чандон хубе нест, аммо агар кӯшиш кунед, натиҷаи хуб ба даст оварда метавонед. Вақти он расидааст, ки аз ҳарвақта фаъол бошед ва ба иҷрои корҳои муҳимтаре камар бубандед. Ба хотири интиқом гирифтан аз касе кор накунед, ба худатон зарар мерасонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Масъалаҳои алоқаманд бо дӯстону наздикон бомуваффақият ҳалли худро пайдо мекунанд. Дар зиндагӣ вақти он фаро расидааст, ки нақшаҳои пешинаро амалӣ созед. Аз истеъмоли ғизоҳое, ки ба саломатӣ зарар доранд, даст кашед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз бештар муваффақ мешавед, агар аз касе чизе интизор нашуда, худатон аз паси кор шавед. Баъзе зодагони зери ин бурҷ дӯстони нав пайдо мекунанд. Фаромӯш накунед, ки тарзи ҳаёти солим нахуст аз хӯроки шумо вобастагӣ дораду баъдан аз варзиш. Охири рӯз даромади иловагӣ шуморо хурсанд мекунад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Миёни шумову роҳбарият ва ҳамкорон нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд. Шумо ҳатто дар муносибат бо кӯдакон ва аҳли оила дағалӣ мекунед. Қаҳру ғазаби худро ба сари дигарон нарезед, мулоҳизакор бошед. Агар кӯмак лозим бошад, пеш аз ҳама аз хонаводаи худ ёрӣ хоҳед. Дар ин рӯз қарз нагиред, хубтар аст. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД