Tayron Test For
Толеъномаи 20 майи 2020, чоршанбе
1453

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бодиққат буданатон лозим аст, хатогиҳои ночизтарине, ки дар ин рӯз роҳ медиҳед, оқибатҳои ногувор ба бор меоранд. Мушкилоти сарзада худ ба худ рафъ намегардад, аз ин рӯ, гумон накунед, ки мушкилӣ вуҷуд надорад. Вохӯриҳои ногувор, робита бо нафароне имконпазир аст, ки боиси асабоният ва хира гаштани табъатон мегарданд. Худро ба даст гиред, дағалӣ накунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Каме нерӯи худро барои нақшаву ниятҳоятон равона сохта, имкони бурд карданро пайдо месозед. Шумо бояд муайян созед, ки айни замон бароятон чӣ муҳимтар аст. Агар ягон кори нотамом дошта бошед, қабл аз он ки бо кори муҳиму ҷиддие машғул мешавед, бояд онро ба анҷом расонед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Бо вуҷуди он ки имрӯз пур аз рӯйдод нест, руҳафтода намешавед. Аз ҳодисаҳое, ки дар давоми рӯз рух медиҳанд, таҷриба ба даст оварда, дар оянда ба кор бурда метавонед. Як лаҳзаи холии ба даст овардаро бо наздикон ва муҳити гуворову таскинбахш сипарӣ намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Тағйиротҳои дар ин рӯз рухдода ба он ҷанбаҳои зиндагиятон дахл доранд, ки шумо хеле кам диққат медиҳед. Шуморо тағйиротҳои ҷиддӣ интизор аст, вале ба беҳбудӣ умед набандед. Мусиқии форам ва хӯроки болаззат табъатонро болида месозад. Вақте расидааст, ки дӯстонро ба меҳмонӣ даъват намоед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Нақшаву ниятҳои худро бо осонӣ амалӣ карда наметавонед, вале аз раъйи худ ақиб нагардед. Шумо имкони муваффақ шуданро доред. Аксари зодагони мучали асад бо шарофати муносибати хубашон бо одамон аз ҳама гуна вазъият берун шуда метавонанд. Шумо боварӣ ва эътимоди нафарони баландмартабаро ба даст оварда метавонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Мавқеи шумо дар доираи дӯстон хеле баланд аст. Азбаски ба атрофиён таъсири сахт расонида метавонед, инро барои беҳтар сохтани муносибатҳои дӯстона равона созед. Шумо атрофиёнро неру мебахшед ва амалҳои ҷасурона анҷом медиҳед. Аз ин хислати худ ифтихор карданатон лозим аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Нақшаву ниятҳои худро дар ҳаёт амалӣ намудан яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад, имрӯз бо шарофати неруи зиёд ба мақсад мерасед. Қабл аз он ки суханеро ба забон меоред, нағзакак андеша намоед, вагарна дӯстдошта ё наздикони худро ранҷонида метавонед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз неруятон зиёд мегардад. Барои он ки ба ҳодисаҳои рухдода таъсир расонида тавонед, кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим аст. Дар зиндагиятон тағиротҳое рух медиҳанд, ки боиси хушҳолии шумо мегардад. Аз зуком эҳтиёт шавед, вагарна оқибатҳои ногувореро ба бор оварда метавонад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Нерӯятон дар ин рӯз зиёд мегардад. Рӯзи хубест машқҳои ҷисмонӣ, хариду фурӯши хона ва хариди калон. Шуморо дар ин рӯз мулоқоти ошиқона ё вохӯриҳои дӯстона интизор аст. Вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон сипарӣ намоед, ин ба ҳардуятон фоида мерасонад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз бо вуҷуди пеш омадани монеаву мушкилиҳои сарзада ҳама гуна душвориҳоро убур менамоед. Нисбати дигарон тавре рафтор намоед, ки худатон онро аз дигарон интизор ҳастед. Агар нияти бо кори махсус машғул шуданро дошта бошед, имрӯз бароятон мусоид аст.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Рӯзи хубест барои барқарор намудани робитаҳои дӯстона. Барои вохӯриҳои ногаҳонӣ бо дӯстон ва наздикон омода бошед. Аз ишқбозӣ худдорӣ намоед, вагарна шуморо ноумедиву фиреб интизор аст. Агар имкон дошта бошед, вақти бештари худро дар ҳавои тоза гузаронед.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Рӯзи хубест барои муҳаббат ва корҳои эҷодӣ. Нисбати ҳамкорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоед. Истеъдоди эҷодии худро истифода баред. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед, даромади пулӣ ба даст меоред ё дар оилаатон сафи фарзандон зиёд мегардад. Душмани асосии шумо дар ин рӯз дағалгуфторӣ ва сӯистифода аз машрубот аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2