Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз беҳтараш тамоми диққататонро ба корҳое равона созед, ки барои шумо муҳиманд. Шояд маҷбур шавед аз баъзе вохӯриҳо ё фароғат даст кашед, аммо ин ба манфиати шумост. Мушкилотро хеле хуб ҳал мекунед ва таҷрибаи имрӯз барои ояндаатон хеле муфид мешавад. Имрӯз харҷи зиёдатӣ мекунед. Нимаи дуюми рӯз ранҷидан ва ҳатто хастагӣ эҳтимол дорад, кӯшиш кунед худро идора кунед. Агар ҳамеша меҳрубониатонро нишон диҳед, дӯстиву эҳтироми дигаронро ба даст меоред.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз беҳтараш орзуҳои дурдастро як сӯ гузошта, ба корҳои воқеӣ диққат диҳед. Ҳатто дастовардҳои хурд табъи шуморо болида месозанд, ва миёнаи рӯз хабари хуш меорад. Эҳтимоли нофаҳмӣ бо дӯстон ё аҳли хонавода вуҷуд дорад, вале шумо ба ҷанҷоли ҷиддӣ роҳ намедиҳед. Баъзе хотираҳои кӯҳна метавонад табъатонро каме хира кунанд. Бо одамоне шинос мешавед, ки шояд дар оянда бо ҳам дӯст ё ошиқ шавед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Рӯзи хубест барои беҳтар кардани муносибат бо наздикон. Шумо омодаед ба ғалатҳои дигарон чашм пӯшед, ки посухаш муҳаббату дастгирӣ хоҳад буд. Мулоқоти нав, маслиҳати дӯстони кӯҳна ва чанд хабари хуш интизор аст. Баъзе мушкилот имкон доранд, аммо беҳтараш ба имкониятҳои нав диққат диҳед. Шом хабари деринтизор ё кумаке аз тарафи дӯст ё наздикатон шуморо шод мекунад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз монеаҳое дар роҳатон пайдо мешаванд, вале шумо роҳи ҳалро ҳатман меёбед. Зеҳни кушоду эҷодиатон кӯмак мекунад, ҳарчанд то нисфирӯзӣ каме хаста мешавед. Кӯшед корҳои муҳимро саҳар анҷом диҳед, чун шом эҳсосоти манфӣ зиёд мешавад. Наздикон шуморо дастгирӣ мекунанд, аммо бо бегонаҳо баҳсу норозигӣ эҳтимол дорад. Ба саломатӣ низ диққат диҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи самаранок ва шавқовар аст. Метавонед истеъдодатонро нишон диҳед ва бо одамони муҳим мулоқот кунед. Саҳар барои анҷоми корҳои муҳим беҳтарин вақт аст; шом бештар барои суҳбати самимӣ бо дӯст ё дӯстдоштаатон. Нимаи дуюми рӯз асабонӣ шудан осон аст, аз баҳсу муноқиша парҳез кунед. Хабари нохуш ё хабаре аз дур метавонад боиси ташвишатон гардад, вале бо сабр ва зиракӣ вазъро ба нафъи худ ҳал мекунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯз осон нест, аммо шумо бо таҷрибаи худ аз ҳар душворӣ мегузаред. Мулоқоти ногаҳонӣ бо шиносони пешина табъатонро болида месозад. Дар оила нофаҳмӣ имкон дорад, вале шумо онро ба ҷанҷол намекашед. Рӯз бо хабари хуш ва шодии хурд мегузарад. Шояд дӯстдоштаи шумо ё шахси муҳиме ба шумо таваҷҷуҳ ва туҳфае ато кунад. Кӯшиш намоед вақти худро беҳуда сарф накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз бо одамон забон ёфтан осон аст, шояд дӯстӣ ё ҳатто муҳаббати нав сар шавад. Саҳар барои анҷоми корҳо ва нақшаҳо беҳтарин аст, шом бошад метавонад бо баҳсҳо ва нофаҳмиҳо гузарад. Дар муносибатҳои шахсӣ эҳтиёт кунед, то як калимаи ноҷо касеро наранҷонад. Кӯшед оромиро нигоҳ доред ва корҳои муҳимро то шом анҷом диҳед. Фикрҳои ҷолиб доред, ки дар оянда кумак мекунанд. Аз корҳои нав натарсед, ҷасорататон қадр хоҳад шуд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Саҳар беҳтарин вақт барои корҳои муҳим аст, нақшаҳо амалӣ мешаванд, мулоқотҳо натиҷа медиҳанд. Баъдтар каме душвор мешавад, суҳбатҳо метавонанд ба ранҷиш оварда расонанд, баъзе шӯхиҳо ноҷо меафтанд. Эҳтиёткор бошед ва қабл аз гаперо гуфтан, хуб андеша намоед. Шом ба корҳои вазнин даст назанед. Ҳатто агар душвор бошад ҳам, дар ҷодаи муҳаббат муваффақ мешавед. Шитоб накунед, сабр натиҷаи хуб медиҳад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пур аз имконият аст, агар худатон фаъол бошед. Интизор нашавед, ки касе ба ҷои шумо кор мекунад. Хатогиву иштибоҳҳои кӯҳнаро ислоҳ намоед ва бо дӯстони қадим оштӣ кунед. Фикрҳои нав доред, ки метавонанд ба орзуҳои калонатон роҳ кушоянд. Дар масъалаҳои молӣ шонси хуб доред, аммо дар муҳаббат эҳтиёт кунед, ранҷондан осон аст, оштӣ кардан душвор. Шом метавонад хабари хуш ё дидори дилписанд биёрад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз барои мулоқот ва гуфтушунидҳои корӣ хеле муносиб аст, суханҳоятон таъсиргузор ва далелҳоятон қавӣ хоҳанд буд. Аммо дар хона нофаҳмиҳо имкон доранд, наздикон аз шумо интизориҳои зиёде доранд. Кӯшед оромиро аз даст надиҳед. Дар ҳама кор сабр ва таҳаммул муҳим аст. Шом вақти хубест барои истироҳат ва мулоқоти дӯстона. Талошҳои шумо натиҷа медиҳанд ва боиси ифтихори худатон мегарданд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз беҳтараш машғули коре шавед, ки дӯст медоред. Агар маҷбур кор кунед, корҳои ҷолибтарро интихоб кунед ва дигаронро низ ҷалб намоед. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёт кунед. Шом вақти хубест барои таҳлил, андеша ва нақшакашӣ. Дӯстону шиносон метавонанд маслиҳати арзанда диҳанд. Мулоқот бо одамони ҷолиб имкон дорад, вале худро аз овозаҳо ва муноқиша дур нигоҳ доред. Дар ягон ҷанҷон ҳамроҳ нашавед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи хубест барои ҳамкорӣ ва мулоқотҳо. Шумо ба осонӣ дӯст меёбед, муносибати ошиқона барқарор мекунед ва ҳамкории нав пайдо мекунед. Саҳар барои корҳо ва нақшаҳо беҳтарин аст, шом бошад вақти оромиш ва фикр кардан аст. Аз ғизои зиёдатӣ ва саросемагӣ парҳез кунед. Эҳтимол аст хабари хуш ё кӯмаке аз тарафи дӯст бинед. Ба рӯйдодҳо оромтар назар кунед, ин ба шумо имкон медиҳад бо боварӣ ба пеш нигоҳ кунед ва роҳатонро идома диҳед.