Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
3864

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз танҳо бо вохӯриву корҳои муҳим машғул шавед. Аз маъракаву пешниҳодҳои нафарони шубҳанок дурӣ ҷӯед. Муносибатҳои ошиқона ва ҳаёти шахсиятон хуб ҷараён мегиранд. Нисбати беморие, ки чанд вақт боз азиятатон медиҳад, фориғболӣ накунед, вагарна табобаташ вақту маблағи зиёдро талаб мекунад.    

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯзро рӯзи тақдирсоз номидан ғалат аст, зеро дар ҳаётатон ягон воқеаи муҳим рух намедиҳад. Ба умеди касе нашуда, муҳити корӣ ва лаҳзаҳои фароғатии худро худатон гуногунранг гардонед. Барои сар кардани табобати бемориҳо рӯзи мусоид аст, вале сергапӣ карданро маслиҳат намедиҳем.    

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз дар миёни обу оташ мемонед. Пешакӣ роҳҳои аз вазъиятҳои ногувор баромаданро дида, чораандешӣ намоед. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати ёратон меҳру навозиши зиёд мекунед, вале бар ивазаш бепарвоии ёратонро дида, дилхун мегардед. Нисбати наздикони худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед.    

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ҳангоми рафъи мушкилиҳои худ касеро ҳамроҳ насозед. Дар оилаатон ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо гашта, аз муҳити орому осудаи хонаводагӣ роҳат мекунед. Муваффақият дар ҷодаи муҳаббат ҳамсафари шумо мегардад, ба шарте ки дар дил ниятҳои ғаразнок надошта бошед.    

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз аз баҳсу мунозира бо роҳбарияти коргоҳ ва ҳамкорон худдорӣ намуда, беҳтараш диққати худро ба корҳое равона созед, ки дар ҳақиқат фоидаашон ба шумо мерасанд. Ба корҳое, ки дар танҳоӣ аз уҳдаашон баромада наметавонед, беҳтараш даст назанед ва онҳоро ба таъхир гузоред.    

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ҳунару маҳорати доштаатон ба кор меравад. Нисбати пешниҳодҳои аз ҷониби нафарони бо бадӣ номбароварда ё шахсоне, ки хуб намешиносед, ҳушёриро пеша намоед. Оташи қаҳру ғазаби худро ба сари нафароне, ки бароятон азизанд, напошед. Ба саломатиатон диққати бештар диҳед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ягон кори ҷиддиро ба нақша нагиред, монеаҳои ногаҳон пайдошуда табъатонро хира мегардонанд. Айни замон бо роҳбарияти коргоҳ, ҳамкорон ва ёрдамчиён забон ёфтанатон душвор гашта, дар натиҷа на танҳо корҳоятон пеш намераванд, балки асабҳоятон низ хароб мегарданд.    

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар масъалаҳои касбӣ ва оилавӣ ягон мушкилие садди роҳатон шуда наметавонад. Бо ҳуҷҷатҳои муҳим кор карда, дар гуфтушунидҳо бурд карда метавонед. Шуморо вохӯриҳои гуворо ва истироҳати бофароғат дар муҳити осуда интизор аст. Шом ба хабаргирии дӯсти наздикатон, ки бемор аст, биравед.   

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи бобарор аст, нақшаҳои беҳтарини худро дар амал татбиқ намуда, ба комёб шудан умед бандед. Дар ҷойи кор ба ҳамкорон имкон надиҳед, ки шуморо барои иҷрои коре саросема намоянд ё вақтатонро беҳуда гиранд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат хабарҳои хуш мешунавед. Дӯстдоштаатон ба шумо сюрприз мекунад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи бобарор аст. Аз таваккал кардан наҳарсоед. Бо вуҷуди ба ғалат роҳ доданатон ҳодисаи ҷиддие рух намедиҳад. Дар ин рӯз ба вазъи молиявии худ бештар диққат дода, аз пайи рафъи мушкилиҳои молиявӣ бошед, олам гулистон хоҳад шуд.    

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз аз пай корҳое шавед, ки дар тӯли як ҳафта ҷамъ шуда, ҳалли ҳатмиро талаб мекунанд. Нақшаҳои тиҷоратӣ дар ин рӯз бобарор ба анҷом мерасанд. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале серкориву ташвиши зиёд таъсири худро ҳатман мерасонад. Ба ҳамин хотир, кам-кам истироҳат низ кунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз қисми зиёди нафароне, ки дар мучали ҳут ба дунё омадаанд, бо корҳои таъмиру тармими хонаву дари худ машғул мешаванд. Агар дар фикри иваз намудани ҷойи кори худ бошед, имрӯз имкони мусоид фароҳам меояд. Пешниҳоди дар ин рӯз гирифтаатон хеле бобарор мегардад.    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД