Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ АВГУСТИ СОЛИ 2020
2469

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дер боз мехостед, ки ба кори дигар гузареду муҳити кории худро дигаргун созед. Дар ин рӯз шумо хостаи худро амалӣ карда метавонед. Аммо агар аз шумо сахт хоҳиш кунанд, ки коратонро тарк накунед, бори дигар фикр карда бароед. Аз оне ки ин қадар умри худро ба коратон бахшидед, рӯҳафтода не, балки ифтихор кунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз корҳои ҷамъшударо ба сомон расонида, барои рӯзҳои баъдӣ нақшаҳои навро тарҳрезӣ кунед. Барои амалӣ кардани баъзе корҳо аз роҳу усулҳои муосир истифода кунед. “Ман” нагӯед, зеро касе бо “ман” гуфтан соҳиби чизе нашудааст. Ҳамеша “мо” бигӯед ва ба нафарони боваринок такя кунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз эҳтимол дар чанд кор иштибоҳ мекунед, аммо оқибати ҷиддиву хатарнок ба вуҷуд намеояд, хавотир набошед. Қарорҳои иловагӣ қабул кунед ва масъулияти бештарро бар дӯши худ гиред. Шуморо лозим аст, ки хомӯш наистода, барои ҳимояи нафари наздикатон садо баланд кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба муваффақиятҳои худ шубҳа накарда, миёнро мустаҳкам бандеду аз паси кор шавед. Имрӯз рӯзи шумост ва ҳеҷ нобарорие дар назар нест. Саратонҳои муҷаррад бо нафаре вомехӯранд, ки аз роҳи дур маҳз ба хотири ишқи шумо омадааст. Барои тоза кардани организми худ зиёдтар оби тоза нӯшед.

 

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз гуфтушунидҳо ва қабули қарорҳои нисбатан муҳим дар назар аст. Агар дербоз дар орзуи васеъ кардани доираи дӯстонатон будед, имрӯз барои иҷрои ин кор мувофиқ аст. Дар роҳи рост ҳастед, дар ин масъала хотиратон ҷамъ бошад. Ба кор дода шуда, оилаи худро аз хотир набароред.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз шуморо лозим меояд, ки аз ҳаррӯза фаъолтар бошед. Сиру асрори худро ба ҳамкоронатон нагӯед, зеро ҳар як сухани шуморо бар зидди худатон истифода карданашон мумкин аст. Саросема шуда, ба дағалӣ роҳ надиҳед, зеро баъдан эҳсоси гуноҳу пушаймонӣ мекунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дар шумо ҳам ҳисси хуб ва ҳам ҳисси ногуворро дидан мумкин аст. Бо онҳое, ки ҳамавақт дастгиру мададгор ва бароятон азизанд, баҳсу мунозира накунед, ки оқибати хуб надорад. Вазъи молиявиатон хеле хуб мешавад, аммо дар як миҷа задан пулро ба боди фано надиҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Корҳоеро, ки тани танҳо аз ӯҳдаашон намебароед, ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Ин ба фоидаи шумо хоҳад буд, зеро худатон ҳам медонед, ки танҳо коре карда наметавонед. Худро аз ҳад зиёд инсони хоксору заминӣ нишон надиҳед. Ҳамоне бошед, ки дар асл ҳастед. Дар фикри саломатиатон бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои муносибатҳои оилавӣ ва дар ҳалқаи пайвандон будан рӯзи хуб аст. Барои пешбурди тиҷорат низ рӯзи бобарор аст. Аз рӯйхати дӯстони худ чанд нафарро берун мекунед. Хонаводаи шумо маҳорати ошпазиатонро санҷидан мехоҳанд, барояшон беҳтарин хӯрокро омода кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шумо дар миёни обу оташ мемонед. Дар сари қаҳру ғазаб аз пеши худ ба коре даст назанед ва аз кӯмаки дӯстони наздикатон истифода баред. Нимаи дувуми рӯз корҳоятон барор мегирад ва натиҷаи дилхоҳро ба даст меоред. Худро аз офтоби сӯзону пурнури тобистон ҳифз кунед, бемор шуданатон мумкин аст.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз шиносҳои нав пайдо мекунед, аммо ба онҳо бовар карда наметавонед. Ин на кори тақдир, балки нобоварии худи шумост. Барои ҷавоб додан ба ҳар гуна саволҳои пучу бемазмун вақтатонро сарф накунед. Ҳар савол дар охир ҷавоби худро пайдо хоҳад кард. Аз ширкати сайёҳӣ чипта харида, ба истироҳати тобистона равед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона рӯзи олӣ аст. Ба вохӯрӣ равед, шиносҳои нав пайдо намоед, муностбатҳои романтикиро зиёдтар кунед. Кӯдаконатон ба мушкилӣ дучор мешаванд, ки агар онро ба зудӣ ҳал накунед, то дер давом карда, дарди саратон мешавад. Чанд муддат аз қанди сафед ва шакар парҳез кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД