arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 2-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2022
02.08.2022
Mahina
3341

Ҳамал

Дар ин рӯз шубҳаву гумонҳои бад ба дилатон роҳ меёбад. Аз ҳад зиёд бадгумон нашавед, вагарна бар зарари худ амал мекунед. Робита бо нафарони оқил шуморо ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Баъди нисфирӯзӣ даромади ногаҳонӣ имкон дорад. Беҳтараш маблағро барои наздикони худ сарф намоед.

 

Савр

Бештар ба дӯстони худ бовар кунед, на ба бегонагон. Рӯзи хубест барои ба кори нав гузаштану таҳсил кардан. Дар оилаатон нуқтаи назари худро истодагарӣ намоед, вагарна касе эҳтироматонро ба ҷой намеорад. Аз ҳамаи он чизе, ки ба саломатиятон зарар дорад, худдорӣ намоед.

Ҷавзо

Рӯзи бобарорест барои нафароне, ки ҳамсафари ҳаётии худро меҷӯянд. Вохӯрии аҷиб зиндагиятонро кулан тағйир медиҳад. Дар ҷойи кор ба таҷрибаи худ такя намоед, вале дар ин рӯз ба нафароне, ки хуб намешиносед, пул қарз надиҳед. Хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон доранд.

 

Саратон

Дар ин рӯз на танҳо шиносоиҳои ошиқона, балки муфид имкон доранд. Дар бораи нафаре, ки замоне якҷоя кор мекардед, маълумоти зиёд ба даст меоред. Бо хариду фурӯши хона машғул шудану ба ҷойҳои серодам рафтанро тавсия намедиҳем. Танҳо дар сурати сахт ниёз доштан ба табиб муроҷиат кунед.

 

Асад

Дар ин рӯз гуфторро кам кунеду амалро зиёд. Хусусан агар ба наздикӣ ҷойи кор ёфта бошед, он донишу малакаеро истифода баред, ки қаблан барои пешравиҳоятон мусоидат мекарданд. Дар ҳаёти шахсӣ маслиҳати хешовандони калонсолатон кӯмак мерасонад. Каме нотоб шуданатон имкон дорад.

Сунбула

Рӯзи бобарор аст. Хабари хуш ё пешниҳоди ҷолиб даромади хуб меорад. Эҳтимол бонувон аз дӯсти наздик ё шавҳарашон туҳфа мегиранд. Бегоҳирӯзиро дар хона гузаронед. Эҳтимоли дучори руҳафтодагӣ, ғаму андуҳи бесабаб, дарди сар шуданатон вуҷуд дорад.

 

Мизон

Рӯзи фиребу хаёлҳои хом аст, хусусан барои мизонҳои эҷодкор. Эҳтимоли даромади пулӣ ё пешниҳоди дилфиреб вуҷуд дорад, вале сари қарори муҳим омадан душвор мегардад. Агар саломатиятон ташвиш диҳад, ҳатман аз ташхиси табиб гузаред.

 

Ақраб

Дар ин рӯз миннатдории худро ба нафароне, ки бо маблағу сухани нек кӯмаки худро ба шумо расонидаанд, баён намоед. Баъди нисфирӯзӣ бо мушкилоти молиявӣ алоқаманд аст. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ ба камҳаракатӣ роҳ надиҳед.

 

Қавс

Агар шумо бо тиҷорати шахсӣ машғул шуданӣ бошед, нағзакак андеша намоед. Вохӯрии аҷиб боиси тағйир додани нақшаҳоятон мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат худро мисоли подшоҳ дар тахт эҳсос мекунед, вале аз ҳад зиёд ба худхоҳӣ роҳ надиҳед.

 

Ҷаддӣ

Хабари хуш ё пешниҳоди ҷолиб даромади хуби пулӣ меорад. Бонувон аз дӯстдошта ё дӯсти наздик туҳфа мегиранд. Аз баён намудани изҳори муҳаббат нисбати нафаре, ки кайҳо боз дӯсташ медоред, шарм надоред. Дар ин рӯз ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.

 

 

Далв

Агар танҳо бо одамони табъи дилатон дар робита шавед, худро аз ногувориҳо эмин мемонед. Наздиконатон ба меҳрубониву муҳаббати шумо ниёз доранд. Баъди нисфирӯзӣ худ ба худ табъатон хира гашта, гирифтори яъсу ноумедӣ мегардед.

 

Ҳут

Дар ин рӯз агар бодиққат бошед, на танҳо пул, балки роҳи ҳалли мушкилиҳоро пайдо мекунед. Барои он ки бо наздикони худ муноқиша накунед, бояд беғаразона амал намоед. Агар дар тиҷорати шахсӣ мушкилие сар занад, ба ҳуқуқшиноси кордон муроҷиат намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД