ТОЛЕЪНОМАИ 2 МАРТИ 2020, ДУШАНБЕ
1846

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз қабл аз гаперо гуфтан нағзакак андеша намоед. Аз ҳамин рӯз сар карда парҳезро риоя намоед, зеро хатари хурӯҷ намудани бемориҳои меъдаву рӯда зиёд аст. Робитаро бо нафароне, ки аз суҳбаташон хаставу дилгир ва сардард мешавед, қатъ намоед. Дӯстдоштаатон интизори ҳарфи пурмуҳаббати шумост.

Савр (21 апрел-22 май)
Тамоми фикру андешаҳоятонро барои пайдо намудани манбаи даромад равона созед. Нафаре, ки кӯшиши бо шумо ҳамкорӣ карданро дорад, найрангбозу фиребгар аст. Аз нӯшидани машрубот худдорӣ намоед, вагарна ҳам ба саломатиятон зарар мерасаду ҳам бо дӯстдоштаатон низоъ мекунед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Рӯзи хубест барои рафъи нофаҳмиҳо. Он чизҳоеро, ки донистан мехостеду аз пурсидан шарм медоштед, имрӯз бе дудилагӣ фаҳмида метавонед. Дар ин рӯз ростқавлу ҳамсуҳбати хуб бошед. Баъзе ҳодисаҳои ҳаёти шахсиятон боиси хира гаштани табъатон мегардад. Бадгумон нашавед, вагарна душманон ба ҳуҷум мегузаранд.

Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз саросемавор амал намуда, вазъиятро ҳалу фасл карда наметавонед. Як маслиҳати одӣ: қабл аз он ки ба коре даст мезанед, аз рӯйи шиори «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал намоед. Вазъияти молиявиатон хуб нест, вале дар ҷодаи муҳаббат бурд мекунед. Баъзеҳо бо собиқ дӯстдоштаи худ аз нав наздик мешаванд.

Асад ( 23 июл- 23 август)
Муваффақият танҳо ҳамроҳу ҳамсафари нафарони ҷасуру боақле мегардад, ки дар ҳама ҳолатҳо роҳи худро меёбанд. Вазъиятро бодиққат таҳти назорат гиред, он гоҳ аз чанд муноқиша эмин мемонед. Рӯзи хубест барои оштӣ шудан бо дӯстону ҳамкорон. Дар ин рӯз харидани асбобҳои рӯзгорро тавсия намедиҳем.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи хубест барои ташхиси бемориҳо ва аз пайи табобат шудан. Нияту нақшаҳои деринаро низ ҷомаи амал пӯшида метавонед. Нисбати наздикону худ ғамхориву муҳаббат зоҳир намоед. Масъалаҳои молиявиро дар ин рӯз ба миён нагузоред, бо фоизи баланд низ қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Дар ҷодаи ишқу муҳаббат барор ҳамсафари шумо мегардад. Дар ин рӯз ҷасурона бо садои қалби худ амал кардан гиред. Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, вагарна сахт фиреб мехӯред. Айни замон бароятон такягоҳи боэътимоде лозим аст. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед. Дар оилаи баъзеҳо зиёд шудани сафи фарзандон имкон дорад.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Барои рафъ намудани хастагиҳои рӯзҳои пешин дӯстонро ба хона даъват кунед ё ба қаҳвахона равед. Нишастҳои дӯстона, мусиқии форам, муҳаббат ва хӯроки бомаза табъатонро болида месозад.
Сафарҳоятон бобарор, ба хонаи нав кӯчидан ва фурӯши хона ба маврид аст. Дӯстдоштаатон ба дастгирии шумо ниёз дорад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз корҳоятон бобарору муваффақият ҳамсафаратон мегардад. Хусусан дар ҷодаи муҳаббат комрон мегардед. Модоме тақдир мададгоратон гаштааст, имконияти мусоидро аз даст надода, дӯстдоштаи худро хушбахт гардонед. Аз ҷониби нафаре, ки ба дастгирияш умед надоштед, кӯмаки молиявӣ мегиред. Пулро барои хариди калон сарф накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Ба назаратон чунин мерасад, ки озодиятонро маҳдуд месозанд. Барои ба тартиб овардани андешаҳоятон ба назди дӯстон равед, робита бо эшон бароятон муҳим аст, онҳо низ ба маслиҳати шумо ниёз доранд. Баъди нисфирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем, вагарна ба нохушиҳои зиёд гирифтор мешавед.

Далв (21 январ- 20 феврал)
Бо аҳли оила, истироҳатро ба нақша гиред. Наздикон ба меҳрубониву ғамхории шумо низ доранд. Наздикон аз дастгирии шумо миннатдор шуда, дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ такягоҳатон мегарданд.
Дар ҳаёти шахсии далвҳои муҷаррад тағйиротҳои кулӣ рух медиҳанд. Шиносоии дар ин рӯз бавуқӯъомада тақдирсоз аст.

Ҳут (21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз аз муносибати сарди шумо чанд ҳамкоратон ранҷида, сафи душманонатон зиёд мегарданд. Агар муносибатҳоятонро вайрон кардан нахоҳед, аз аспи ҷаҳл фароед. Бо наздиконатон муноқиша накунед, вагарна муноқишаатон тӯл кашида, боиси асабхаробиятон мегардад. Истироҳат дар оғӯши табиат ба фоидаи саломатиятон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Файзиев Илхом 2020-03-02, 06:34
Рахмат
Посух
Рашидов Сафина 2020-03-02, 20:45
Дар инруз манро чи интизор аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Файзиев Илхом 2020-03-02, 06:34
Рахмат
Посух
Рашидов Сафина 2020-03-02, 20:45
Дар инруз манро чи интизор аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД