Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои хариду фурӯш ва кори савдо рӯзи бобарор аст. Агар ҳама корро зери назорати худ гиреду ба касе бовар накунед, маблағи хуб ба даст меоред. Баъди нисфирӯзӣ бо ошиқатон низоъ мекунед ё ҷанҷоли оилавӣ имкон дорад. Дарди сари ҳангоми бегоҳирӯзӣ пайдошуда бар асари фишори баланд аст.
Савр (21 апрел-22 май)
Тамоми фикру зикри худро ба масъалаҳои молиявӣ равона созед, аз шиносҳои наватон эҳтиёт шавед. Бо наздикони худ аз рӯйи ҳар гапи ночиз муноқиша накунед, вагарна кор бо ҷанҷоли калон анҷом меёбад. Агар дар назди ошиқатон гунаҳкор бошед, бахшиш пурсед. Масунияти баданро бо витамину машқи бадан мустаҳкам гардонед.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Ҳар қадаре заҳмат мекашед, бояд ҳамон андоза истироҳат намоед, он гоҳ корҳоятон пеш мераванд. Барои нафароне, ки ошиқанду ҷуръати шинос шуданро надоранд, рӯзи мусоид аст. Ҷасуртар бошед, вагарна муҳаббати худро аз даст дода, умре пушаймон мегардед. Дар саломатиятон нуқсоне дида намешавад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ҳар пешниҳоде, ки дар ин рӯз мегиред, бояд ҷиҳатҳои мусбиву манфияшро дида бароед. Бемориҳои куҳна аз нав хуруҷ мекунанд, агар зуд аз пайи табобат шавед, оқибати бемориро пешгирӣ мекунед. Имкони ба даст овардани маблағи калон вуҷуд дорад, ба шарте ки сустӣ накунед.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Ҳар қадаре аз кори мекардаатон ҳаловат бардоред, ҳамон андоза сидқан заҳмат мекашед. Танҳо ба хотири ба даст овардани пул худро азоб надиҳед, кореро, ки табъи дилатон нест, ба гардан нагиред. Ғуруру такаббури худро ба дӯстдоштаатон нишон надиҳед, вагарна кор ба ҷудоӣ мерасад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Ба тағйироту навигариҳо омода бошед. Нуқтаи назари дигаронро ба инобат нагиред. Баъди нисфирӯзӣ дар оилаатон муноқиша рух медиҳад, барои пешгирӣ намудан бо наздикони худ меҳрубону боҳиммат бошед. Агар шамол кашида бошед, бо давоҳои халқӣ табобат кунед.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Камтарин ғалат дар рафтору гуфтор боиси ранҷиши наздикон мегардад. Дар ин рӯз хатари ҷароҳат бардоштану сар задани сактаи дил зиёд аст. Бо дӯстдошта ё ҳамсаратон муноқишаи калон имкон дорад, баъзеҳо ҷудо мешаванд. Қабл аз он ки фикри қарз гирифтанро мекунед, чӣ тавр баргардонидани онро низ андеша намоед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз ҳама гапро ба дил наздик қабул накунед. Бадгумону нозук нашавед, дар лаҳзаҳои душвор аз наздикон кӯмак пурсед. Вазъи молиявиатон баъди нисфирӯзӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Рашку итоби беасосро ба дил роҳ надода, нисбати ошиқатон меҳрубон бошед. Дарди миён бар асари шамол хӯрданатон аст.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз камбудиву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Бо нафарони ношинос дарди дил накунед. Кори худро монда, мушкили дигаронро рафъ накунед. Бонувон бояд аз шиносшавӣ худдорӣ намоянд, вагарна ба доми фиреб афтида, дилмондаву маъюс мегарданд. Мардҳо бо дилёбӣ кори даромаднок меёбанд, вале барои ба даст овардани маблағи хуб заҳмат кашиданашон лозим меояд.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Ба маслиҳати касе гӯш надиҳед, нафаре дар фикри ба шумо зарар расонидан аст. Агар ҳушёр бошед, душман ба мақсад намерасад. Бегоҳирӯзиро ба истироҳат ё сайругашт бахшида, ҳам асабатонро ором мекунеду ҳам ба худ меоед. Пул доштанатонро аз атрофиён пинҳон доред, вагарна нафаре, ки вазъи молиявиаш бад аст, аз шумо меранҷад.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз бо таъмир ва ободонии хона машғул нашавед. Барои ишқварзӣ ва майнӯшӣ низ рӯзи мусоид нест. Агар имкон дошта бошед, ба ибодат машғул шавед. Бештар дар ҳавои тоза сайр намоед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар самти нав кор карда, вазъи молиявиатонро беҳтар менамоед.
Ҳут (21 феврал- 20-март)
Ба умеди кӯмаки дӯстону наздикон нагардед, ҳама корро худатон ба анҷом расонед. Сабру таҳаммулро пешаи худ намоед. Роҳбарият коратонро таъриф мекунад, вале мукофотпулиро баъди ду моҳ интизор шавед. Аз ҷониби шахси дӯстдоштаатон таърифу тавсифи зиёде мешунавед. Бонувон хостгорони дӯстдоштаи худро қабул карда, аз пайи тӯй мегарданд.