Ҳамал (21.03-20.04)
Имрӯз рафтори шумо метавонад сабри шахси дӯстдоштаатонро бисанҷад. Камтар эрод гиред ва бештар гузашт кунед. Агар ором бошед, муносибатҳо боз беҳтар мешаванд. Масъалаҳои хонаводагӣ диққати зиёд талаб мекунанд. Дар касбу кор метавонед чанд вазифаро хуб иҷро кунед, агар ба худ бовар дошта бошед. Барои нақшаи молӣ рӯзи муносиб аст, вале хариди калонро дертар анҷом диҳед. Аз хунукӣ эҳтиёт шавед.
Савр (21.04-21.05)
Имрӯз беҳтараш ба зиндагии шахсӣ бештар диққат диҳед. Агар баҳс ба миён ояд, бо оромӣ сухан гӯед. Имкони пайдо шудани даромади иловагӣ ҳаст, онро аз даст надиҳед. Кори оғозшударо ба анҷом расонед ва қарорҳои муҳимро шаб нагиред. Агар худро хаста ҳис кунед, каме истироҳат кунед. Оромӣ ва ҳаракати сабук ба беҳбуди ҳолататон кумак мекунад.
Ҷавзо (22.05-21.06)
Имрӯз касе метавонад бо суханони зебо шуморо гумроҳ кунад, эҳтиёт бошед. Дар муносибатҳо каме нофаҳмӣ пайдо мешавад, вале ҷанҷол намешавад. Рӯҳияи шумо зуд тағйир меёбад, ин ҳолат дер давом намекунад. Хоҳиши пасандоз кардан пайдо мешавад ва ин фикри дуруст аст. Агар худро нотоб ҳис кунед, ба худ фишор наоред. Шояд вақти каме таваққуф кардан расидааст.
Саратон (22.06-22.07)
Имрӯз эҳсосоти зиёд шуморо ноором месозанд. Дар суҳбат бо баъзе хешовандон эҳтиёт кунед, то баҳс сар назанад. Бисёриҳо ба шумо бовар мекунанд ва маслиҳат мепурсанд. Вақти амалӣ кардани баъзе нақшаҳо фаро расидааст, агар бодиққат бошед. Дар масоили пулӣ аз таваккал кардан худдорӣ намоед. Ба шумо истироҳат лозим аст: сайругашт ё нишаст бо дӯстон рӯҳиятонро беҳтар мекунад.
Асад (23.07-23.08)
Рӯз барои беҳтар кардани муносибат бо наздикон бисёр мувофиқ аст. Шумо метавонед бо сухани худ дигаронро бовар кунонед. Бо одамони ношинос каме эҳтиёт кунед. Сабр дошта бошед, то ба ҳадаф расед. Агар пул захира накарда бошед, хароҷот зиёд мешавад. Ба саломатӣ диққат диҳед, аз кори аз ҳад зиёд худдорӣ намоед, зеро хастагӣ зуд пайдо мешавад.
Сунбула (24.08-23.09)
Имрӯз беҳтараш роҳи сода ва камхарҷро интихоб кунед. Дар муошират бо наздикон сабр ва фаҳмиш нишон диҳед. Корҳо зиёд мешаванд, вале шумо онҳоро хуб идора мекунед. Шитоб накунед. Рӯз барои ҳуҷҷатгузорӣ ва гуфтушунид муносиб аст. Аз оби хунук эҳтиёт шавед, зеро сармо хӯрдан мумкин аст. Ба худ ғамхорӣ кунед ва истироҳатро фаромӯш накунед.
Мизон (24.09-23.10)
Имрӯз шахси наздик метавонад аз бе таваҷҷуҳии шумо ранҷад. Агар сари вақт ғамхорӣ нишон диҳед, нофаҳмӣ пешгирӣ мешавад. Дар танҳоӣ худро маҳкам накунед, бо дӯстон вақт гузаронед. Рӯз барои оғоз кардани кори нав мувофиқ нест, беҳтараш корҳои кӯҳнаро ба анҷом расонед. Аз шиносоии тасодуфӣ дурӣ ҷӯед. Ба фикрҳои ғамангез роҳ надиҳед.
Ақраб (24.10-22.11)
Имрӯз вохӯриҳо ва шиносоиҳои нав дар пешанд. Ба эҳсосоти ҳамсар диққат диҳед, махсусан агар оилаи ҷавон дошта бошед. Дар кор бодиққат бошед ва вақти худро беҳуда сарф накунед. Баъзе масъалаҳо зуд ҳал намешаванд, сабр кунед. Рӯз барои бахшиш ва ором кардани дил муносиб аст. Энергия зиёд мешавад, вале ҳама корро якбора оғоз накунед.
Қавс (23.11-21.12)
Имкони дубора барқарор шудани робита бо собиқ дӯстдоштаатон вуҷуд дорад. Дар оила масъалаҳое ҳастанд, ки бояд ҳал шаванд. Шиносоии корӣ метавонад ба ёфтани ҷойи нави кор кумак кунад. Рӯз осон нест, вазъи молӣ муваққатан суст мешавад. Пешакӣ хароҷотро ба нақша гиред. Барои саломатӣ ҳавои тоза, ҳаракат ва хоби хуб хеле муҳиманд.
Ҷаддӣ (22.12-20.01)
Агар чизе шуморо нороҳат мекарда бошад, онро дар дилатон нигоҳ надоред. Бо наздикон вақти бештар гузаронед, ин ба шумо неру мебахшад. Дар нимаи дуюми рӯз мумкин аст пул ё туҳфа гиред. Ба ҳамкорон кумак кунед, фазои хуб ба вуҷуд меояд. Масъалаҳои молиро ба тартиб дароред. Ба саломатӣ беаҳамият набошед, муоина фоида меорад.
Далв (21.01-19.02)
Имрӯз эҳсосот дар муносибатҳо хеле пурқувват мешаванд. Имкони ошиқ шудан зиёд аст. Агар фарзанди мактабхон дошта бошед, ба таҳсилаш диққат диҳед. Намуди зоҳириро ҷиддитар кунед, ин ба обрӯятон таъсири хуб мерасонад. Аз пешниҳоди даромади иловагӣ даст накашед. Оромиро нигоҳ доред, то рӯз бо рӯҳияи хуб гузарад.
Ҳут (20.02-20.03)
Имрӯз суҳбати нақшаҳои оянда бо шахси дӯстдошта муносибатҳоро мустаҳкам мекунад. Шоми ором дар хона ё бо китоб барои шумо беҳтарин аст. Ба шиносоии нав бо эҳтиёт муносибат кунед. Дар касбу кор фаъолиятро камтар нишон диҳед, то баҳс пеш наояд. Вазъият метавонад тез шавад, ҳуҷҷатҳои муҳимро имзо накунед. Бори ҷисмониро кам кунед ва худро ҳифз намоед.