Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳангоми робита бо ҳамкорон хушмуомила бошед. Нафаре аз эшон барқасдона ғазаби шуморо оварда, дар назари роҳбарият бад кардан мехоҳад. Барои иваз кардани ҷойи зист ва гузаштаи ба хонаи дигар рӯзи мусоид аст. Ҳодисаҳои минбаъда аз шумо эҳтиёткорӣ ва дурандеширо талаб мекунанд.
Савр (21 апрел-20 май)
Ғайриихтиёр худ сабабгори муноқиша дар оилаатон мегардед. Наздиконатон аз гуфтори шумо меранҷанд, аз ин рӯ, дилашонро сиёҳ накунед. Агар ба мушкилиҳои худ фурӯ равед, бегоҳирӯзиро дар ҳолати рӯҳафтодагиву ноумедӣ мегузаронед. Беҳтараш дастгирии маънавиро аз дӯстонатон ҷӯё шавед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Бо вуҷуди набудани мушкилиҳои молиявӣ, хуб мебуд, ки пулҳоятонро сарфакорона истифода мебурдед. Мушкилии фаромӯшшудаи ҳаёти шахсиятон аз нав пайдо мешавад. Агар вазъиятро дуруст таҳлил намоед, тамоми мушкилиҳоро рафъ карда метавонед. Шоми имрӯзро дар муҳити орому осуда гузаронед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз аз нафароне, ки шуморо ба моҷаро водор месозанд, худро ба куллӣ канор гиред. Имкони сафари роҳи дур карданатон вуҷуд дорад. Барои пайдо намудани даромади нави иловагӣ рӯзи хуб аст. Даромад чандон калон набошад ҳам, мушкилиҳои зиёди рӯзгоратонро бартараф сохта метавонад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз бо рақибони худ муборизаи шадидро оғоз мекунед. Душманон бо бадкориҳояшон на танҳо зарари худро мерасонанд, балки ҷонибдорони шуморо аз роҳ мезананд. Каме нотоб шуданатон эҳтимол дорад, вале боиси ташвиши зиёд кашиданатон нест. Барои истироҳат вақт пайдо кунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз корҳоятон чунон бобарор мешаванд, ки ҳатто роҳбарияти коргоҳатон ба ҳайрат меояд. Нафаре, ки ҳамеша ба шумо ҳасад мебарад, ба муносибатҳои ошиқонаатон дахолат карданӣ мешавад. Худро ба даст гирифта, ба дағалӣ роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ худро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ба ҳамкорони худ хубтар диққат диҳед, зеро ба баъзеҳо бовар кардану дарди дил намуданатон лозим нест. Ба шитобкориву беандешагӣ роҳ надиҳед. Нафароне, ки аз дӯстдоштаи худ ба наздикӣ ҷудо шудаанд, аз нав оштӣ шуда, муносибатҳояшонро дубора барқарор месозанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ҳамкорон ақидаҳоятонро ҷонибдорӣ намуда, саратонро ба осмон мерасонанд. Барои муносибатҳои ошиқона беҳтараш рӯзи дигарро интихоб намоед. Саломатиятон дар ин рӯз чандон хуб нест. Ба ҳамин хотир, сафарҳоро низ ба рӯзи дигар гузоред. Мардҳо ба рақибони худ ғолиб меоянд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар рафъ намудани мушкилиҳои сарзада аз дӯстон кӯмак пурсед. Аз наздик рози дил намудан назар ба суҳбати телефонӣ фоидаи бештар меорад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, бегоҳирӯзӣ маблағи даркориро ба даст меоред. Ба асабоният роҳ надода, диққати худро бештар ба фарзандон равона созед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар муносибатҳои ошиқонаатон навигарӣ мехоҳед. Бо туҳфа ё навгонӣ дӯстдоштаи худро ба ҳайрат оварда метавонед. Кӯмаки саривақтии молиявӣ аз хеши наздикатон вазъи молиявиатонро дучанд беҳтар мегардонад. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯста, ба хӯрокҳои мехӯрдаи худ диққати бештар диҳед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи бобарор аст. Мол ё чизеро, ки гум карда, чанд муддат дар ҷустуҷӯяш будед, пайдо мекунед. Барои харидани чизҳои даркорӣ, техникаи рӯзгор ва рафтан ба назди табиб рӯзи мусоид аст. Аз нафароне, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ ҳастанд, худро канор гиред. Хобҳоятон ба наздикӣ амалӣ мешаванд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ба ҳодисаҳое, ки дар сар заданаш шуморо гунаҳкор мекунанд, машғул нашавед, вагарна аз душвориҳо мустақилона берун омаданатон лозим меояд. Дар давоми рӯз тамоми маблағи дар даст доштаро сарф накунед. Аз муноқиша дар оила худдорӣ намоед, вагарна оқибаташ нохуб анҷом меёбад.