Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ МАРТИ СОЛИ 2025
1527

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз диққати худро ба кор ва машғулиятҳои судманд равона созед: имконияти хубе барои ноил шудан ба муваффақиятҳои назаррас доред. Шарт нест, ки ҳама корҳоро танҳо анҷом диҳед; дар наздикии шумо одамоне ҳастанд, ки омодаанд ҳар лаҳза кумак расонанд, шуморо дастгирӣ кунанд ва маслиҳатҳои муфид диҳанд. Бо шахсони наздик нофаҳмӣ ва фишор эҳтимол дорад. Агар андаке гузашт кунед, нофаҳмиҳоро пешгирӣ мекунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз хоҳиши оғоз кардани кори навро эҳсос мекунед. Эҳсоси ботинии шумо нишон медиҳад, ки дар кадом самт муваффақ шуда метавонед. Ба назар чунин мерасад, ки касе ҷуръат намекунад ба шумо монеа эҷод кунад. Нимаи дуюми рӯз дар корҳои тиҷоратӣ барор дида мешавад. Шом барои мулоқот бо дӯстон ё вохӯрии ошиқона басо муносиб хоҳад буд.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Шояд шиносҳои наве пайдо шаванд, ки дар амалӣ шудани нақшаҳои шумо кӯмак мерасонанд. Бо онҳо ба осонӣ ҳамдигарфаҳмӣ пайдо мекунед ва баъдтар метавонанд дӯстони ҳақиқии шумо гарданд. Нимаи дуюми рӯз аз сюрпризҳои гуворо шод хоҳед шуд. Муносибат бо онҳое, ки қаблан бо онҳо нофаҳмӣ доштед, осонтар хоҳад шуд. Муноқишаҳои оилавӣ низ паси сар мешаванд.

Саратон (21 июн-22 июл)

Мулоқотҳои муҳим ва гуфтугӯҳои ҷиддиро ба таъхир нагузоред: нисфи аввали рӯз барои ҳардуи онҳо мувофиқ аст. Дар ин давра ҳатто бо касоне, ки қаблан забони ҳамдигарро намефаҳмидед, ба осонӣ созиш мекунед. Эҳтимол аст, ки рақибони собиқ ба тарафи шумо гузаранд ва ҳамкорӣ пешниҳод кунанд. Интуицияи шумо нишон медиҳад, ки ба онҳо то чӣ андоза бовар кардан мумкин аст. Ҳар қадар ки бегоҳ наздик мешавад, худро хастатар ҳис мекунед.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯз барои иҷрои бисёр вазифаҳо пурсамар хоҳад буд. Мефаҳмед, ки атрофиён аз шумо чӣ мехоҳанд, нофаҳмиҳо ва ранҷишҳо мумкин аст рӯй диҳанд. Вале низоъҳои ҷиддӣ ба амал нахоҳанд омад, зеро шумо медонед, ки чӣ гуна вазъро ором кунед. Бегоҳ барои нафароне, ки ошиқ шудаанд, сюрпризҳои гуворо меорад. Аз нӯшокиҳои сарди энергетикӣ худдорӣ намоед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Аз атрофиён талаби зиёд накунед. Онҳо наметавонанд шуморо дарк кунанд. Агар бо сабр ва бо хушмуомилагӣ муносибат кунед, ҳама нофаҳмиҳо зуд паси сар хоҳанд шуд. Шумо он чизҳоеро мебинед, ки дигарон пай намебаранд, ин қобилиятатон шиносҳои наватонро мафтун месозад. Бо вуҷуди хуб будани вазъи ҳаво аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз бароятон серташвиш хоҳад буд, корҳои зиёде пеш меоянд. Вале шумо аз уҳдаи ҳама кор ба зудӣ мебароед. Маҳз маҳорати ба вазъият мутобиқ шудан имкон медиҳад, ки бо ҳама мушкилот рӯ ба рӯ шуда, ба ҳадафҳоятон бирасед. Аксари мизонҳо бояд бо мушкилоти оилавӣ машғул шаванд. Ин вақти зиёдро намегирад, вале хароҷоти ғайричашмдошт талаб мекунад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Кӯшиш кунед, ки худро аз ҳад зиёд хаста насозед. Бори вазнин метавонад ҳам ба кайфияти шумо ва ҳам ба ҳолати ҷисмониятон таъсири манфӣ расонад. Беҳтар аст, ки субҳро бо корҳои вазнин ва мураккаб оғоз накунед. Нимаи дуюми рӯз хабарҳои хуш меорад. Онҳо на танҳо шуморо, балки наздиконатонро низ шод хоҳанд кард. Вохӯриҳои гуворо эҳтимол доранд.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Субҳ барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳо ё ташриф ба идораҳои давлатӣ хеле мувофиқ аст. Нимаи дуюми рӯз корҳое, ки қаблан душвор менамуданд, ногаҳон осон хоҳанд шуд ва шумо онҳоро зуд иҷро мекунед. Шом барои қавсҳое, ки ба сафар мебароянд, сюрпризҳои гуворо меорад. Баъзеҳо дар роҳ ё дар маъракае шинос шуда, ошиқ мешаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Аз мушкилоти хурде, ки субҳ пайдо мешавад, ноумед нашавед. Онҳоро ҳал кардан он қадар мушкил нахоҳад буд, зеро дар канори шумо одамоне ҳастанд, ки омодаанд ба шумо ҳам бо амал ва ҳам бо маслиҳат кӯмак расонанд. Нимаи дуюми рӯз имконияти оштӣ шудан бо шахсе, ки бо ӯ низоъ карда будед ва аз ин пушаймон ҳастед, фароҳам хоҳад шуд.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз барои вохӯриҳои корӣ хеле хуб аст. Шанс доред, ки корҳои душвореро, ки қаблан қариб ғайриимкон ба назар мерасиданд, бо муваффақият ба анҷом расонед. Баъзе далвҳо посух ба саволҳое пайдо мекунанд, ки на танҳо онҳоро, балки наздиконашонро низ нигарон карда буданд. Эҳтимоли гирифтани хабарҳои хуш аз роҳи дур вуҷуд дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Субҳ хабари хуш мешунавед. Нимаи дуюми рӯз барои ҳалли масъалаҳои пулӣ мувофиқ аст. Эҳтимоли дарёфти маблағ аз манбаи ғайриинтизор ё гирифтани туҳфаҳои гаронбаҳо вуҷуд дорад. Ҳамчунин, имрӯз харид кардан бомаврид аст: шумо чизҳоеро интихоб мекунед, ки шуморо муддати тӯлонӣ хурсанд хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД