Ҳамал
Ба аҳли оилаи худ диққат диҳед. Бо сабру таҳаммул муҳити хонаводаро гармиву нишот бубахшед. Саломатии худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед. Ба ишқбозӣ дода шуда, нӯшокиҳои спиртиро зиёд истеъмол накунед. Муносибатҳоятонро бо дӯстоне, ки чандон робитаи хуб надоштед, барқарор карданатон лозим меояд.
Савр
Корҳоятон ба шарте муваффақ мешаванд, ки дар хонаатон муҳити гуворо ҳукмфармо бошад. Дар ҷойи кор баъзе нофаҳмиҳо имкон дорад. Ҳушёриро пеша намуда ба саросемагӣ роҳ надиҳед, нафаре дар фикри бадии шумо аст. Бо сабру ҳушёрӣ монеаҳоро убур мекунед.
Ҷавзо
Бо шарофати исроркориву ҷидду ҷаҳд пешниҳоди хуби корӣ мегиред. Нағзакак андеша намоед, зеро барои муваффақ шудан кӯшиши бисёр карданатон лозим меояд. Монеаҳои ногаҳонӣ боиси ба ақиб партофтани нақшаҳоятон мегардад. Аз саломатии аҳли оила бохабар бошед, барои бемор нашуданашон чораҳои даркорӣ андешед.
Саратон
Рӯзи номусоид аст. Мушкилӣ дар касбу кор ё оила эҳтимол дорад. Мушкили худро ба дӯши дигарон бор накунед. Роҳи аз вазъиятҳои буҳронӣ баромада тавонистанро ёбед. Нобарориҳои зиндагиро ба дил наздик нагиред. Саломатиро эҳтиёт кунед. Агар ҳамин рӯз бемор шавед, бемориятон тул мекашад.
Асад
Сари қарорҳои қатъӣ наоед, ҳар амалатон бар зидди худатон анҷом меёбад. Дар ин рӯз муносибататон бо сардор ва ҳамкорон вайрон мегардад. Нобарориҳо дар ҳаёти оилавиатон боиси саргардониҳои зиёд мегардад. Асабонияту хастагии зиёд ба саломатиятон бе таъсир намемонад.
Сунбула
Муваффақият ҳамсафари нафарони эҷодкор мегардад. Ба шарофати кордонӣ дар муддати кӯтоҳ корҳои зиёдеро амалӣ месозед. Рӯзи хубест барои ишқу муҳаббат. Муносибататон бо шахсе, ки дӯсташ медоред, хело хуб ҷараён гирифта, ба назаратон чунин менамояд, ки дар дунё аз шумо шахси хушбахттаре нест.
Мизон
Эҳтимол корҳои гуногун ва мушкилиҳо шуморо ба фаъол будану кордонии бештар водор месозад. Нимаи аввали рӯз корҳоятон чунон зиёд мешаванд, ки лаҳзае барои нишастан намеёбед. Бегоҳирӯзӣ имкони дар ҳузури дӯстону аҳли оила вақт гузарониданро пайдо месозед. Истироҳат, суҳбати аҷиб, навозиши ёр хастагиятонро мебарорад.
Ақраб
Дар ин рӯз тамоми қувваро барои муҳофизати худ равона созед. Фаромӯш насозед, ки ҳамаи мушкилиҳо роҳи ҳали худро доранд. Сустиву беғайратӣ карда ҳадафи душманон қарор мегиред. Дар ин рӯз шикастани зарф ё рехтани равған хосияти хуб надорад.
Қавс
Нимаи аввали ҳафта дар масъалаҳои молиявӣ созгор нест. Аз амалиётҳои хатарноку пешниҳодҳои дилфиреб дурӣ ҷуста, ба моҷаро гирифтор нашавед. Ба саросемагӣ роҳ надода, худро ба даст гиред. Нимаи дуюми рӯз садо баланд накунед, вагарна бо нафаре муноқиша мекунед. Дар ин рӯз барвақттар хоб равед.
Ҷаддӣ
Корҳоеро, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед, дар ҳамин рӯз ба анҷом расонед. Пешниҳодҳои нави корӣ вақту диққати зиёдатонро фаро мегиранд. Кор ё шуғли дӯстдошта бароятон қаноатмандӣ мебахшад. Мардҳо бо шахси аҷибе шинос мешаванд. Бегоҳирӯзӣ бе ягон сабаб ғамгин гашта, табъатон хира мегардад.
Далв
Дар маҷмуъ рӯзи хуб аст. Аз субҳи барвақт корҳоятонро ба нақша гиред, то ки вақту қувваи худро беҳуда сарф насозед. Вохӯриҳои кориву шартномаҳоро нимаи аввали рӯз ба анҷом расонида, баъди нисфирӯзӣ бо мушкилиҳои оилавӣ машғул шавед. Агар чизе хариданӣ бошед, ба таъхир нагузоред.
Ҳут
Дар ин рӯз имкониятҳои зиёд доред, вале миҷингиятон боиси нофаҳмиҳо ва ранҷидани наздикон мегардад. Вазъият чунон душвор мегардад, ки дар сурати шунидани хабари бад асабатон хароб мегардад. Кӯшиши ба анҷом расонидани тамоми мушкилиҳоро накунед. Ботамкин бошед, хабарҳои нохушро оромона қабул намуда руҳафтода нагардед, ҳамааш хуб мешавад.