Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи душвор аст. Кӯшиши аз зиндагии пурмоҷаро гурехтану кунҷи танҳоӣ ихтиёр карданатон боиси ранҷиши наздикон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ дар муносибатҳои ошиқона ё оилавӣ нофаҳмӣ сар мезанад. Аз чорабиниҳое, ки ба касбу коратон таъсири мусбӣ мерасонанд, қафо намонед.
Савр (21 апрел-20 май)
Бо сабаби зиёд шудани кор ва вазъи нохуби молиявӣ, ки вақту қувваи зиёдро сарф карданатон лозим меояд, аз ҳоли наздикони худ бехабар мемонед. Саломатии аксари саврҳо дар хатар қарор дорад. Давоми рӯз аз чораҳои пешгирикунандаи бемориҳо истифода бурда, эҳтимоли бемориҳои музминро кам намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои робита бо шарикони корӣ, илмомӯзӣ ва оғози кори нав рӯз номусоид аст. Дар ин рӯз аз ваъда додан, суҳбатҳои нодаркор ва кор бо ҳуҷҷатҳо худдорӣ намоед. Санҷишу имтиҳони тақдирро бо шахси наздик ё каси дилпуратон паси сар карда метавонед. Нисбати саломатии худ ва наздикон бодиққат бошед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ҷодаи касбу кор муваффақ мегардед. Нақшаву ниятҳоятон амалӣ мегарданд. Кӯшиш намоед, ки дар ин рӯз ба шахсе хизмат нарасонед, хусусан, агар аз шумо инро хоҳиш накарда бошанд. Нисбати наздикони худ сабру таҳаммулро пеша намоед. Меҳрубонӣ нисбати атрофиён натиҷаи хуб ба бор меорад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Барои саломатӣ рӯзи бебарор аст. Хусусан, бонувон бояд хеле боэҳтиёт бошанд, вагарна нерӯи пасти ҷисмонӣ боиси пайдоиши як қатор бемориҳо гашта метавонад. Аз ҳамагуна асабоният ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ба мушкилиҳои хурд диққат надиҳед, бо мурури замон ҳалли худро меёбанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз корҳоеро, ки ба шумо эҳсоси қаноатмандӣ намеоранд, ба таъхир гузоред. Ҳар хабари шунидаатонро нағзакак санҷида, ҷиҳати дурустияшро муайян намоед. Агар мавқеи хешовандон, ҳамкорон ё шахси дӯстдоштаатон аз шумо фарқ мекарда бошад, рӯҳафтода нашавед. Аз пурхӯрӣ худдорӣ намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз мулоқоти ошиқона ё вохӯриҳои дӯстона дар назар аст. Барои сайру саёҳат, хариду фурӯши хона ва хариди калон рӯзи бобарор аст. Нисбати шиносҳои нав, ки ба наздикӣ ба рӯйхати дӯстонатон ворид кардаед, бодиққат бошед. Агар айни замон бо касе шинос шавед, ӯ дар ҳаётатон нақши муҳим мебозад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Бо вуҷуди он ки имрӯз нерӯи зиёд доштани худро эҳсос мекунед, аз ҳад зиёд ба хастагӣ роҳ надиҳед. Дар акси ҳол, ба саломатиятон зарари ҷиддӣ расида метавонад. Аз даромади пулие, ки имрӯз ба даст меоред, шукрона карда, кӯшиши ба даст овардани чизеро, ки бароятон дастнорас аст, накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи душвор аст. Оғози ҳамагуна фаъолияти тиҷоратӣ боиси аз даст додани маблағи калон мегардад. Таваккал кардану муносибати беандеша нисбати кор садди роҳи ба мақсад расиданатон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқона сабру таҳаммулро пеша намуда, бурд мекунед. Хабари хуше шоматонро рангинтар месозад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз робитаҳои пештараатонро, ки бо сабабҳои номаълуме канда шуда буданд, барқарор месозед ва бо шарофати дӯстони нав мушкилии деринаи худро рафъ мекунед. Ӯҳдадориҳои дигаронро ба дӯши худ нагиред, зеро фоидае ба даст намеоред. Ба саломатии худ диққат дода, бо варзиш машғул шавед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз аз ғайбат ё муҳокима кардани шахсе худдорӣ намоед, вагарна ҳар гапе, ки мегӯед, бар зидди худатон бармегардад. Айни замон нерӯятон зиёд гашта, ба ҳамагуна душвориҳо тоб оварда метавонед. Танҳо дар амалҳои нек ба кӯмаки касе умед баста метавонед. Даромади иловагӣ дар назар нест, ба умед нашавед.