Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025
654

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Ситораҳо шуморо водор мекунанд, ки ба саломатии худ диққат диҳед. Шуруъ аз оғози соли нав, шумо худро комилан ба дигарон бахшидед: ба аҳли оила ғамхорӣ мекардед, мушкилоти дӯстонро ҳал менамудед ва ҳатто барои кумак ба дигарон роҳи дурро тай мекардед. Аммо ҳоло вақти он расидааст, ки каме таваққуф кунед ва фикри худатонро намоед. Ин амалро аломати худхоҳӣ нашуморед. Ҳамчунин шумо ба истироҳат ва таваҷҷуҳи дигарон ниёз доред. Ба худ ғамхорӣ кунед ва худро аз нав эҳё кунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Ҳар чиз ҷовидон намемонад, Саврҳо. Агар шумо ин ҳақиқатро қабул кунед, зиндагӣ барои шумо осонтар хоҳад шуд. Аз дӯстдоштаи худ ё дӯстони худ интизор нашавед, ки онҳо ҳамеша бо шумо бошанд. Дар зиндагӣ вазъияте ҳаст, ки аз идораи шумо берун аст. Аз ин рӯ, бо хотироти гузашта худро азият надиҳед. Бо лаҳзаҳои имрӯзи зиндагии худ хушҳол бошед. Зиндагиро бо тамоми бешу камаш қабул кунед ва кӯшиш кунед, ки дар ҳама ҳолат ором бошед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Ҷавзоҳо, раҳо кардани касе ё чизе ҳамеша кори осон нест, бахусус вақте ки шумо вақти зиёд ва эҳсосоти худро сарф кардаед. Аммо, барои пешрафт, шумо бояд аз гузаштаи худ ҷудо шавед. Ба ёд оред, ки ҳар чизе, ки рӯй медиҳад, ба манфиати шумо аст. Як қиссаи кӯҳнаро бо як қиссаи нав иваз кунед, ки пур аз муҳаббат ва эҳсосоти тоза аст. Барои худ як достони ошиқонаи нав эҷод кунед. Ҳар лаҳзаи зиндагиро бо хушҳолӣ гузаронед, умр гузарон аст.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имсол шумо омодаед, ки ҷасорати эҷодии худро нишон диҳед ва ба ҷаҳониён чизҳои навро пешкаш кунед. Аз вазифаи муқаддаси худ даст накашед ва эътимод дошта бошед, ки эҷодиёти шумо натиҷа медиҳад. Тамоми ҳунару маҳорати худро ба кор бурда, дар тамоми самтҳои зиндагӣ муваффақ шуда метавонед. Муҳим он аст, бо ҷасорат бошед. Барои нафароне, ки бахти худро наёфтаанд, маслиҳат медиҳем, ки каме ғурури худро кам кунанд.

Асад (23 июл-22 август)

Шумо аз зиндагии миёнаҳолона хаста шудед ва вақти он расидааст, ки ба сатҳи нав биравед. Барои ин шумо бояд ҷасорат нишон диҳед ва аз чизи оддӣ даст кашед. Дар ин роҳ, ҳар коре аз дастатон меояд, амалӣ созед, тамоми кӯшишҳои шумо натиҷаи нек медиҳанд. Нафароне, ки неруву тавонии шуморо қадр намекарданд, акнун пушаймон мешаванд. Шумо нафаре ҳастед, ки ҳамеша дар зиндагӣ дастболо мешавед. Ишқбозӣ карда тавонистан ҳам ҳунар аст ва ин боз як ҳунари беҳтарини шумо аст.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Сунбулаҳо, шумо ягон бор ба гирду атроф нигоҳ карда, эҳсос кардаед, ки фариштаҳои осомнӣ ҳамеша нигаҳбони шумоянд? Шумо бояд вақт ҷудо кунед, то барои чизҳое, ки доред, сипосгузорӣ кунед ва ба қадамҳои оянда омода бошед. Ба нафароне, ки бовар надоред ва ба назаратон шубҳанок менамоянд, ягон сири дилатонро нагӯед. Шумо баъзан содагӣ карда, гапҳоеро ба атрофиён мегӯед, ки баъдан бар зарари худатон мегардад. Ин одати худро партоед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Мизонҳо, зиндагӣ барои шумо мисли як тарозуест, ки пайваста байни гузашта ва оянда баробариро меҷӯед. Аммо оё ягон бор фикр кардаед, ки вақт метавонад хеле кутоҳ бошад? Шумо аз ҳад зиёд ба орзуҳои худ дода шудаед, фикр мекунед, ки шуморо фардо рӯзҳои беҳтар интизоранд ва ин шуморо аз лаззат бурдан аз лаҳзаҳои имрӯза бозмедорад. Вақти он расидааст, ки дар зиндагии худ тағйироти воқеӣ ворид кунед. Аввалин қадами муҳим ин аст, ки мақсадҳои худро дақиқ кунед. Шумо бояд дарк кунед, ки ҳар тағйирот бо худ имкониятҳои нав меорад. Ба худ иҷозат диҳед, ки бо ҷараёни зиндагӣ ҳамқадам шавед ва аз он чизе, ки тақдир ба шумо пешниҳод мекунад, бо хушнудӣ баҳра баред.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Ақрабҳо, шумо зоҳиран дар оғози тағйироти бузург қарор доред, аммо он чизе, ки шуморо бозмедорад, ба гузаштаи худ побанд буданатон аст. Хотираҳои кӯҳна, шикастҳои пешин ва эҳсосоте, ки ҳанӯз дар дили шумо мемонанд, монеи пешрафти шумо мешаванд. Шумо қувваи бузурге доред, ки метавонад шуморо ба ояндаи равшан раҳнамоӣ кунад, аммо танҳо вақте ки гузаштаро ба таври комил раҳо мекунед. Дар ин марҳила муҳим аст, ки "бори эҳсосотӣ"-и худро сабук кунед. Ба худ иҷозат диҳед, ки ҳаёти навро бо диққат ва қувваи тоза оғоз кунед. Ба орзуҳои худ назар кунед ва тарҳи зиндагие, ки ҳамеша мехостед, кашед. Гузаштаро пушти сар кунед ва ба ояндаи худ қадам гузоред. Ин як марҳилаи нави муҳим дар ҳаёти шумост.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Қавсҳо, зиндагӣ пур аз навгониҳост: рӯзу шаб, шодӣ ва ғам, пирӯзӣ ва шикаст. Ин ҳаёт як қисми табиати инсон аст ва ҳамаи мо бояд онро қабул кунем. Ба шумо лозим аст, ки душвориҳоро ҳамчун имконият бинед. Ҳар як шикаст ё монеа шуморо қавитар мекунад ва ба зинаи нав мебарад. Шумо шахсияте ҳастед, ки ҳамеша барои таҷрибаҳои нав омода аст. Аммо, шояд вақте расидааст, ки каме сукут диҳед ва барои барқарор кардани нерӯҳои ботинии худ таваққуф кунед. Аз таҷрибаҳои худ ибрат гиред ва онҳоро ҳамчун қувва барои қадами оянда истифода баред. Ба тағйиротҳо ҳамчун имконият назар кунед. Ҳар шикаст як дарси муҳим аст ва ҳар пирӯзӣ қадаме ба сӯи муваффақият аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Ҷаддиҳо, имрӯз шумо эҳсос мекунед, ки ҷаҳони шумо пур аз эҳсосот ва ҳассосият шудааст. Ҳар як калима ё амал метавонад шуморо ранҷонад. Аз ин рӯ, барои худ вақти истироҳат ҷудо кунед. Ин на танҳо ба шумо оромӣ меорад, балки фурсат медиҳад, ки бо наздикон вақт гузаронед ва бо онҳо фикру ҳиссиёти худро мубодила кунед. Ба шумо лозим аст, ки корҳои муҳими тиҷоратӣ ё касбиро ба таъхир гузоред, зеро ҳассосият метавонад ба қарорҳои шуморо таъсир расонад. Беҳтар аст, ки имрӯзро бо оила ва дӯстони наздик гузаронед, то ки аз дастгирии онҳо нирӯ гиред. Ба худ иҷозат диҳед, ки истироҳат кунед ва нерӯи нав гиред. Ҳар гуна фишорро аз худ дур кунед, ба худ меҳрубон бошед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Далвҳо, ҳар субҳ барои шумо имкониятест, ки зиндагии худро дигар кунед. Вақти он аст, ки дидгоҳи худро ба зиндагӣ мусбат кунед ва ҳамеша шукргузор бошед. Ҳар як рӯз пур аз имкониятҳо аст, аммо танҳо шумо метавонед онҳоро пайдо ва истифода баред. Шумо бояд як чароғи равшан барои дигарон шавед. Ҳар амал ё сухани мусбате, ки шумо анҷом медиҳед, метавонад барои дигарон илҳомбахш бошад. Ба худ иҷозат диҳед, ки дар ҷомеа нақши фаъолтар дошта бошед ва бо дигарон қувваҳои мусбати худро мубодила кунед. Ба зиндагӣ бо чашми умед ва мусбат назар кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ҳутҳо, шумо дар даруни худ шубҳаҳоеро эҳсос мекунед, ки роҳи шуморо номуайян мекунанд. Шумо наметавонед бо боварии комил дар бораи тасмимҳо ва орзуҳои худ қарор қабул кунед. Аммо, ин раванд як қисми рушди шахсӣ мебошад. Танҳо касоне, ки худро таҳлил мекунанд ва барои такмил талош мекунанд, метавонанд ба ҳадафҳои бузург бирасанд. Шумо бояд ба дили худ гӯш диҳед. Ниятҳо ва эҳсосоти аслии худро дарк кунед ва роҳеро интихоб намоед, ки бо он худро хушбахт ҳис мекунед. Қадамҳои хурд ҳам метавонанд шуморо ба натиҷаҳои бузург баранд, агар онҳо бо ихлос ва эътимод иҷро шаванд. Ба хостҳои дилатон бовар кунед ва дар пайи расидан ба онҳо бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД