Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои беҳтар шудани вазъи молиявӣ кӯшиши бештар карданатон лозим аст. Нафароне, ки дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, соҳиби вазифаи беҳтаре гашта метавонанд. Тарсу ҳароси беҳударо аз дил дур созед, муваффақ мегардед. Аз истеъмоли хӯрокҳои тунду шӯр худдорӣ намоед.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи орому бобарор аст, агар ҷиддӣ аз паи кор шавед, нақшаҳоятон амалӣ мегарданд. Ба ҳар гапе, ки нисбати худ мешунавед, диққат дода руҳафтода нагардед. Хариди калон ба буҷаи оилавиятон таъсири калон мерасонад. Эҳтимоли руҳафтодагӣ ва каме нотоб шуданатон дар назар аст.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Имкони ба нафаре кӯмак расонидан ва дастгирӣ карданро пайдо менамоед. Зимни робита бо дӯстон гузашт карданро омӯзед. Бо сабаби мушкилоти молиявӣ ва маблағгузории бебарор дучори руҳафтодагӣ мегардед. Айни замон ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданатон лозим нест.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Зукоми муқаррарӣ метавонад ба бемории ҷиддӣ мубаддал гардад, аз ин рӯ, сари вақт ба табиб муроҷиат карда, табобат гиред. Бештар истироҳат карда, нерӯятонро барқарор намоед. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.
Асад (23 июл-23 август)
То нисфирӯзӣ табъатон гирифтаву дасту дилатон ба ягон кор намечаспад. Дар ҷодаи муҳаббат аз ишқбозиҳои яклаҳзаина худдорӣ намоед, вагарна аз яке мондаву аз дигаре ронда мешавед. Хабаре шуниданатон эҳтимол дорад, ки ба зиндагиву вазъи қарордоштаи шумо таъсири тақдирсоз мерасонад. Имкони хубро аз даст надиҳед
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Даромади пулӣ ва хароҷоти ҳаррӯзаи худро муқоиса намуда, сарфакорӣ кунед. Эҳтимол молеро харидорӣ мекунед, ки баргардониданаш имконнопазир мегардад. Ҳаёти шахсии худро зери назорат гирифта, дӯстдоштаи худро зиёд танқид накунед. Худ низ танқидро ба дил наздик қабул накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Баъзе дӯстон дар лаҳзаҳои мушкил бо ҳарфу сухани нек дастгирӣ намуда, ба шумо неру мебахшанд. Муҳити оилавӣ аз чӣ гуна будани табъи шумо ва дӯстдоштаатон вобастагӣ дорад. Агар назди худ мақсад гузоред, натиҷаҳои зиёдеро ноил мегардед. Зимни гуфтор дурандешона ҳарф ба забон оред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз пул қарз гирифтану чизеро гарав монданро маслиҳат намедиҳем. Бо вуҷуди душвор будани вазъият ва мушкилиҳои сарзада мустақилона роҳи ҳалро пайдо намоед. Дар ҳаёти оилавӣ бо рафъ намудани мушкилоти рӯзгор машғул шавед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногувор мешунавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Нафарони муҷаррад дар ин рӯз бо нафаре шинос шуда, аз нигоҳи аввал ошиқ шуда метавонанд. Дар роҳ ба вазъияти хатарнок дучор шуданатон имконпазир аст. Дар дохили шаҳр хеле боэҳтиёт бошед. Ҳодисаҳои манфии рӯзро ба дил наздик қабул накунед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, заҳмати зиёдатон сарф мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аввали рӯз серташвиш бошад ҳам, қаҳру ғазаби худро дар назди дӯстон нишон надиҳед, вагарна нафаре аз шумо сахт меранҷад. Хабар ё ҳодисаи ногаҳоние ба зиндагиятон тағйиротҳои куллиро ворид месозад. Ба дарду ғами шахси дӯстдошта ё ҳамсари худ шарик шавед. Нисбати саломатӣ бепарвогӣ зоҳир накунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Баъзеҳо ба зиндагии шумо сахт ҳасад мебаранд. Аз дастоварду зиёдшавии маоши худ ба касе чизе нагӯед. Ҳангоми ҳазлу шухӣ кардан андозаро нигоҳ доред. Тамоми нерӯи худро ҷамъ карда, аз уҳдаи рафъ сохтани мушкилиҳо ва фитнаву иғво мебароед. Аз робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Софдилона меҳнат кардан шуморо зудтар ба ҳадаф мерасонад. Барои нигоҳ доштани меҳру муҳаббат нисбати ёратон аз тамаъкориву манфиатҷӯӣ худдорӣ намоед. Агар дар масъалаҳои молиявӣ сари қарори дуруст биёед, сарватманд мегардед. Муҳаббататон дар ин рӯз хеле зиёд мегардад.