Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз барои қабули қарорҳои муҳим ба шумо вақти бештар лозим мешавад. Пеш аз коре кардан ду бор фикр кунед. Асабиву дағал шуданатон имкон дорад, кӯшиш кунед оромии худро нигоҳ доред. Дӯстдоштаатон аз бепарвоӣ ва дағалии шумо меранҷад. Агар муҷаррад бошед, ҳоло фикри оилдор шуданро накунед. Шомро ба истироҳат ва барқарор кардани қувваи худ бахшед.
Савр (20 апрел-20 май)
Масъалаҳои молиявӣ имрӯз диққати бештари шуморо талаб мекунанд. Эҳтимол, даромади пулии ғайриинтизор ё бастани қарордоди фоидаовар имконпазир бошад. Бо вуҷуди ин, аз харидҳои калон худдорӣ кунед – беҳтар аст, ки онҳоро ба вақти дигар гузоред. Дар муошират бо наздикон сабру таҳаммулро пеша кунед ва кӯшиш кунед, ки онҳоро дуруст фаҳмед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Рӯзи хубе барои мулоқот ва шиносоии нав аст. Шумо метавонед бо шахсоне вохӯред, ки дар зиндагии шумо нақши муҳим мебозанд. Дар касбу кор диққати худро ба анҷом додани корҳои ҷорӣ равона кунед, то барои оғоз кардани нақшаҳои нав вақти бештар пайдо намоед. Барои рафъи камқувватӣ бештар чормағзу асал ва хӯроки серкалория истеъмол кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз шумо қобилияти пешгӯӣ намудани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Ба садои қалби худ гӯш диҳед, он метавонад шуморо ба роҳҳои дуруст роҳнамоӣ кунад. Дар ҳаёти шахсӣ эҳтимоли пайдо шудани таваҷҷуҳи нав дар муҳаббат вуҷуд дорад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ, бештар истироҳат кунед ва кӯшиш кунед, ки ҳангоми сар задани бемориҳо сари вақт аз пайи ташхису табобат шавед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз хоҳиши пешсафӣ ва фарқ кардан аз дигарон дар шумо меафзояд. Ин хусусиятҳоро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода баред. Дар муносибат бо наздикон бештар ҳамдардӣ ва дастгирӣ зоҳир намоед. Хусусан нисбати дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ хеле бодиққат буданатон лозим аст. Ба шуғли дӯстдошта ё эҷодиёт вақт ҷудо кунед, то рӯҳияи худро баланд бардоред.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Саломатии шумо диққати махсус мехоҳад. Кӯшиш кунед, ки тарзи ҳаёти солим дошта бошед ва ба ғизои худ аҳамияти бештар диҳед. Дар кор ба ҷузъиёти хурд бодиққат бошед ва чизеро аз назар нагузаронед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Шомро ба хондан ё омӯхтани чизҳои нав бахшед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз дилрабоӣ ва ҳунари дилёб буданатон ба шумо кӯмак мекунанд, ки ҳар гуна мушкилӣ ва ихтилофро ҳал кунед. Кӯшиш намоед, ки ҳамеша роҳи созишро пайдо карда, дар атрофи худ муҳити оромро нигоҳ доред. Дар муҳаббат шояд сюрпризҳои гуворо интизоратон бошанд. Барои беҳдошти саломатӣ аз истеъмоли ғизои шӯр ва тунд худдорӣ намоед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Рӯзи олӣ барои худомӯзӣ ва такмили дониш аст. Маълумот ва малакаҳои нав метавонанд дарҳои наверо ба рӯи шумо боз кунанд. Дар муошират бо дигарон самимият ва ростқавлӣ нишон диҳед. Агар муҷаррад бошед, маҳз бо самимият ва хоксорӣ метавонед бахти худро пайдо кунед. Вазъи молиявии шумо устувор боқӣ мемонад.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар роҳи расидан ба ҳадафҳоятон шояд монеаҳои хурд пайдо шаванд. Аммо рӯҳафтода нашавед – саъю кӯшиши шумо бешубҳа натиҷа хоҳад дод. Дар муносибатҳои шахсӣ сабру таҳаммул зоҳир кунед. Ҳатто агар дӯстдоштаатон ба асаби шумо мерасида бошад ҳам, худро ба даст гиред. Шомро бо истироҳат ва барқарор кардани нерӯи худ сипарӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Заҳмату меҳнати шумо ба пешравии шумо кӯмак хоҳад кард. Кӯшиш кунед, ки корҳои оғозкардаатонро ба итмом расонед ва ба лоиҳаҳои нав шурӯъ кунед. Ба аҳли оила бештар таваҷҷуҳ диҳед ва онҳоро дастгирӣ намоед. Нафарони муҷаррад ошиқ мешаванд, вале ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Вазъи молиявӣ бетағйир боқӣ мемонад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз вохӯриҳои ҷолиб ва шиносоиҳои нав шуморо интизоранд. Дили худро барои имкониятҳои нав боз кунед ва аз таҷрибаҳои тоза натарсед. Дар кор эҷодкорона амал кунед ва пешниҳодҳои ғайриоддӣ диҳед. Агар оиладор нашуда бошед, вақте расидааст, ки дар ин бора ҷиддӣ фикр кунед ва аз паяш шавед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз истироҳат ва оромӣ барои шумо муҳим аст. Бо наздикон бештар вақт гузаронед ва аз лаҳзаҳои гуворо баҳра баред. Кӯшиш кунед, ки худро бо корҳои зиёдатӣ пурбор насозед ва барои худ вақт ҷудо кунед. Дар ҳаёти шахсӣ сюрпризҳои гуворо эҳтимол доранд. Нафароне, ки имрӯз зодрӯз доранд, туҳфаи гуворое интизор аст.