Ҳамал
Барои дар фикри муҳаббат афтидан чандон рӯзи мусоид нест. Имкони рух додани муноқиша бо дӯстдоштаатон вуҷуд дорад. Аз шунидани хабари нохуш руҳафтода нагардед. Дар ҳама кор имрӯз бояд хеле эҳтиёткору бодиққат бошед. Коратон зиёду нофаҳмиҳо пеш меоянд. Дар ин рӯз бо касе баҳс накунед.
Савр
Бо табъи болидаву дилпурӣ мушкилиҳои сарзадаро рафъ месозед. Дилкушод бошед, ба корҳои майда-чуйда диққат надиҳед. Дар ин рӯз қувваҳои пок нигаҳбони шумоянд, аз ин хотир атрофиён низ аз ҳузуратон ҳаловат мебаранд.
Ҷавзо
Барор ҳанӯз ҳам ҳамроҳу ҳамсафари шумо аст. Нобарориҳо аз шумо дар канор мегарданд. Аз бурдбориҳои худ атрофиёнро низ шод гардонед. Хусусан нафароне, ки бо эҷодкорӣ машғуланд, дар ҳама кор муваффақ мегарданд.
Саратон
Вазъи молиявиатон нофаҳмо мемонад. Хароҷоти ногаҳонӣ мекунед, вале даромади хуби пулӣ низ ба даст меоред. Таваккал накунед. Ба садои қалби худ гӯш андозед, он гоҳ ба мақсад мерасед. Бегоҳирӯзӣ каме пиёда сайру гашт кардан саломатиятонро беҳтар месозад.
Асад
Ба ҳама кор бо дасту дили гарм часпиданатон лозим аст. Бо вуҷуди он ки робитаатон бо баъзе аз наздикон хуб набошад ҳам, асабӣ нашавед. Бонувон пули зиёд сарф намуда пушаймон намешаванд. Рӯзи бобарорест барои аёдати хешовандон ва нафарони бемор.
Сунбула
Эҳтимол аст, ки наздиконатон боз бароятон душворӣ эҷод менамоянд. Кор бо ҷангу ҷанҷоли калон анҷом ёфта метавонад, аз ин лиҳоз қабл аз сари қароре омадан оқибаташро андеша намоед. Вақте расидааст, ки ғами саломатии худро хуред. Нофаҳмиҳои оилавӣ боиси асабхаробӣ мегардад.
Мизон
Тақдир дар зиндагиятон гардиши ногаҳониро пеш меорад. Бо шарофати корчалонӣ даромад меёбед. Ҳатто корҳои хатарнок даромади хуб меоранд, ба шарте ки сари вақт ба худ биёед. Толеъ ёратон мегардад, вале муноқишае рух дода, оқибати ногувор ба бор меорад.
Ақраб
Барои бомуваффақият анҷом додани корҳои нав бояд бо дастгирии дӯстону шиносон амал намоед. Бо вуҷуди он ки ба қувваи худ умед доред, шарм надоред. Дар лаҳзаи охир вазъият метавонад тағйир ёбад, табъи хуш, ҷасурӣ ва сабру таҳаммул шуморо комёб месозад.
Қавс
Хушоҳангӣ ва муҳаббат ба вазъи молиятон низ таъсир мерасонад. Бовариву эътимодеро, ки дар оила пайдо мекунед, дар пайдо намудани ҳалли мушкили зиёде кӯмак мерасонад. Яку якбора кӯшиши рафъ сохтани тамоми мушкилиҳоро накунед. Зиндагӣ худ мактаб аст. Бегоҳирӯзӣ эҳтимоли хастагиву асабоният вуҷуд дорад.
Ҷаддӣ
Аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед. Эҳтимоли рух додани муноқишаву низоъ, бемориву ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Корҳоятонро ба тартиб биёред, тозакору дақиқ бошед. Муносибат бо ҳамкорону сардор беҳтар мегардад. Бегоҳирӯзиро ба наздиконатон бубахшед. Дар ҳузури эшон ҳунари худро пурра нишон медиҳед.
Далв
Дар хона эҳтимоли сар задани нохушиҳои хурд имкон доранд. Наздикон аз бепарвоиву бемеҳриятон шиква мекунанд. Барои он ки вазъиятро бадтар насозед, тамоми рӯз бо аҳли оила бошед. Тақдирро фиреб надиҳед, ҳар коре, ки рух медиҳад, аз шумо вобастагӣ надорад.
Ҳут
Дар ин рӯз имкониятҳои зеҳниву равонии худро нишон дода метавонед. Дар маҳфили дӯстон бо хушгуфториву ақли расо гули сари сабад мегардед. Ба ҳар коре, ки даст занед, муваффақ мегардед, вале беҳтараш ба корҳои ҷисмонӣ машғул нашавед. Хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.