arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
3888

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯзро рӯзи бобарор гӯем, хато нахоҳем кард. Барои ба хонаи нав кӯчидан айёми мусоид аст. Ба саломатиатон хатари ҷиддие таҳдид намекунад. Ба ҳар ҳол, худро аз фишори рӯҳӣ эмин нигоҳ доред. Бонувонро муваффақият интизор аст. Бо наздикони худ муноқиша карданро тавсия намедиҳем.  

Савр (21 апрел-20 май)

Саврҳо дар ин рӯз ба корҳое машғул мешаванд, ки дар оянда даромади хуб меорад. Давоми рӯз имкон пайдо мекунед, ки вазъи саломатии худро беҳтар созед. Мушкилие, ки чанд муддат шуморо азият медод, имрӯз бартараф хоҳад шуд. Аз муошират бо нафарони бегона панд мегиред.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯз барои баргузор намудани тӯю маърака созгор аст. Баъзе ҷавзоҳо танҳо манфиатҳои шахсии худро фикр карда, одамгурез мешаванду кунҷи танҳоиро ихтиёр мекунанд. Хотири онҳоеро, ки шуморо дӯст медоранду дарк мекунанд, озурда насозед. Бонувон аз суҳбат бо мардҳо ҳаловат мебаранд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз маъракаи фотиҳа ё ақди никоҳро анҷом дода метавонед. Дар давоми рӯз роҳҳои бартараф кардани мушкилоти рӯзгорро меҷӯед. Хароҷотатон калон мешавад, илова бар ин, ба маблағ эҳтиёҷ пайдо мекунед. Дар муносибат бо хонаводаи худ асабӣ шуда, сабру таҳаммулро аз даст медиҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба хотири беҳтар сохтани вазъи молиявӣ бо дӯстони дерина сари як пиёла чой суҳбату маслиҳат карданатон лозим меояд. Рӯзи пур аз рӯйдод аст, вале на ҳамаи онҳо мувофиқи табъи шумо ҷараён мегиранд. Душвориҳоро дида, рӯҳафтода нашавед. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки ба камбудиву мушкилии наздикон машғул шавед. Аз пайи табобати беморие шавед, ки чанд вақт боз шуморо азият медиҳад. Барои зудтар ва пурра шифо ёфтан парҳез ва амалиётҳои махсуси табобатро риоя кунед. Давоми рӯз чизеро фаромӯш ё гум мекунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз бинобар ба таъхир афтодани баъзе корҳоятон ва хароҷоти ногаҳонӣ табъатон хира мегардад. Рӯҳафтода нашуда, бо ҷидду ҷаҳд ба пеш ҳаракат кунед. Оид ба саломатӣ ба маслиҳати атрофиён гӯш андохта, зудтар аз пайи ташхису табобат шавед. Ба таъмири хона машғул шуда наметавонед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар хонадони шумо маъракаи хурсандӣ барпо мешавад. Ҳамзамон, хабари ҳомиладоршавӣ ё таваллуди фарзандро интизор бошед. Ақрабҳои муҷаррад бахти деринтизори худро меёбанд. Дар касбу кор монеаҳо пеш меоянд, вале шумо ба осонӣ роҳи ҳаллашонро пайдо мекунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо баҳонае хешовандону наздиконро ба ҳам оред. Рӯз барои ба даст овардани маблағи иловагӣ имконият фароҳам меорад. Хобҳои аҷиб мебинед, ки дертар амалӣ мешаванд. Диққати худро ба дӯстони пешина равона карда, дӯсти нав накобед. Бонувон дар фикри иваз кардани ҷиҳози хона мешаванд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ҳангоми ба бозору мағоза рафтан ва харид кардан боэҳтиёт бошед. Фаромӯш насозед, ки моли арзон бе иллат намешаваду моли қиммат бе ҳиммат. Дар ҷойҳои серодам молу ашёҳои худро бе назорат нагузоред. Хабар ё пешниҳоде, ки дар охири рӯз ба даст меоред, табъатонро хира месозад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз дар бораи наздикони худ, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, хабари хуш шунида, хушҳол мешавед. Ба кибру ғурур роҳ надода, аз хати кашидаи роҳбарият берун қадам нагузоред, он гоҳ корҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Баъзе далвҳо имрӯз содаву ҳассос ва зудбовар мешаванд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз дар бораи роҳбари худ аз ҳамкорон суханҳое мешунавед, ки то дер ба худ омада наметавонед. Муносибатҳои ошиқонаатон рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Бо дӯсти деринаи худ муносибатҳоятонро барқарор мекунед. Рафъ кардани муноқишаҳои оилавӣ кори мушкил аст, вале бояд ин корро кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД