Ҳамал (21 март-20 апрел)
Муносибатҳои нави ошиқона босуръат рушд карда, шодиву нишот меоранд. Аммо беҳтар аст, ки онҳоро то замони устувор шудан бо дӯстону ҳамкорон муҳокима накунед. Ихтилоф бо ҳамсар метавонад ба баҳсҳои тӯлонӣ бирасад. Имрӯз мумкин аст бо одамоне муошират кунед, ки бароятон писанд нестанд. Аз саросемагӣ ва харидҳои қарзӣ худдорӣ намоед. Нисфирӯзӣ масъулияти шумо дар назди наздикон бештар мешавад. Ба саломатӣ низ диққат диҳед, эҳтимоли авҷи беморӣ вуҷуд дорад.
Савр (21 апрел-21 май)
Шоми ошиқона интизори шумост, эҳсосот пуршиддат ва гуворо хоҳанд буд. Вале бо эҳтиёт рафтор кунед: сухани сахт ё рафтори худбоварона метавонад равобитро халалдор кунад. Эҳтимоли он ҳаст, ки нақшаҳо бо сабаби вайроншавии таҷҳизот ё гум кардани чизе амалӣ нашаванд. Имрӯз рӯйдоди ғайриинтизор метавонад ба корҳои шахсӣ ё саломатӣ таъсир расонад. Сабр ва фаҳмидани дигарон калиди муваффақият аст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Шумо муддате дар фазои хаёл зиндагӣ мекунед. Барои тағйир додани зиндагии якранг, дӯстонро ба меҳмонӣ даъват кунед ё ба кино равед. Хароҷотро бо нақша анҷом диҳед, то ба буҷаи худ зарар нарасонед. Агар ҳаво хуб бошад, гаштугузор кунед ва ё ба деҳот равед, вақти хубест барои истироҳат. Ба саломатии дӯстдоштаатон диққат диҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи серташвиш аст. Бо ҳамсар муноқиша эҳтимол дорад, ки сабабаш беэътимодӣ ва пинҳонкорист. Аз гирифтани корҳои зиёдатӣ худдорӣ намоед, беҳтараш интизор шавед, то фурсати беҳтар фаро расад. Аз сарфи беҳуда парҳез кунед, вагарна мушкилоти молӣ пеш меоянд. Эҳтимоли даромади ғайриинтизор вуҷуд дорад, аммо онро фош накунед. Барои беҳтар сохтани саломатӣ парҳези дурустро оғоз намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз шиносоии нав ба шумо неруи тоза мебахшад. Каме аз кори зиёд дур шуда, ба зиндагии шахсӣ аҳамият диҳед. Аз ошкорбаёнӣ парҳез кунед, то аз рашк ва бадгӯӣ эмин бошед. Занон бо ҷозибаи табиии худ метавонанд дили дигаронро ба даст оранд. Дар масъалаи молиявӣ эҳтиёткор бошед, аз хароҷоти нодаркор худдорӣ кунед. Агар худро хаста эҳсос мекунед, эҳтимолан аз серкории рӯзҳои гузашта аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз рӯзи муносибест барои нишон додани муҳаббат ба ҳамсаратон. Агар асабонӣ шавед, қаҳратонро аз дигарон нагиред, ба варзиш машғул шавед, то рӯҳия беҳтар гардад. Муносибатҳои корӣ хуб ҷараён мегиранд ва шумо метавонед шиносҳои таъсиргузор пайдо кунед. Аз нафарони шубҳанок пул нагиред ва канораҷӯӣ намоед. Вазифаҳои шумо осон нестанд, аз ин рӯ, ақл ва сабрро пеша кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар дар равобити ошиқона бошед, имрӯз метавонад вақти хубе барои нишон додани ростқавлӣ ва гаправӣ бошад. Аз суханҳои сахт ва танқид парҳез кунед, то муҳити хуби хонаводагӣ нигоҳ дошта шавад. Рӯзи пурбаракат аст, корҳои касбӣ натиҷа медиҳанд ва маблағ низ ба даст меояд. Вале эҳтимол аст, ки баъзе нақшаҳо бо монеа рӯ ба рӯ шаванд. Баъд аз шом эҳтимоли хастагӣ ва бад шудани саломатӣ вуҷуд дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар шумо танҳо бошед, сабр кунед, натиҷаашро мебинед. Занони шавҳардор аз ҳамсар меҳрубонӣ талаб мекунанд. Вақтро бо наздикон гузаронед. Ғамгин нашавед, ҳама чиз хуб мешавад. Агар хоҳед, вазъро метавонед ба фоидаи худ тағйир диҳед. Хонаи худро аз чизҳои нолозим тоза кунед, ин ба рӯҳияатон фоида хоҳад дошт.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз эҳтимоли сахт ошиқ шуданатон вуҷуд дорад, вале он метавонад кӯтоҳмуддат бошад. Муносибат бо наздикон метавонад хунук шавад, зеро шумо якрав ҳастед. Дар ҷои кор заҳмати шуморо қадр мекунанд, фурсати хубест барои гуфтушунид дар бораи маош. Хоҳиши зебо будан метавонад боиси хароҷоти зиёдатӣ гардад. Барои харид, дӯстатонро бо худ гиред, то шуморо аз масрафи беҳуда боздорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз мумкин аст мавриди шӯхии ноҷо қарор гиред, бо табассум қабул намоед. Агар дер боз волидайнро надида бошед, ақаллан ба онҳо занг занед. Муносибатҳои хонаводагӣ беҳтар мешаванд ва субот барқарор мегардад. Харидро ба таъхир гузоред, то пушаймон нашавед. Аз баҳсҳои беҳуда худдорӣ кунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Дар муҳити корӣ ишқбозӣ эҳтимол дорад, шояд он дарозмуддат шавад. Дар бораи зиндагии худ дар назди одамон чизе нагӯед, он гоҳ аз овозаҳо эмин мемонед. Агар қарор додаед, ки касбатонро иваз кунед, беҳтараш то моҳи дигар интизор шавед. Пеш аз хонахарӣ бо ҳуқуқшинос маслиҳат кунед. Агар нишонаҳои бемории ҷиддӣ эҳсос шавад, фавран ба духтур муроҷиат кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар равобити ошиқона каме дурӣ эҳсос мешавад, ин хотимаи муҳаббат нест, балки танҳо фосилаи кӯтоҳ лозим аст. Сабр ва меҳрубонӣ равобити хонаводагиро устувор мекунад. Имрӯз бастани шартномаҳо тавсия намешавад, диққати шумо парешон аст. Барои пешгирии бемориҳои музмин, аз ҳоло ба саломатӣ аҳамият диҳед. Ғизои солим ва машқи мунтазам муъҷиза мебахшад.