Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2024
2173

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз харидану таъмири асбобҳои техникӣ ва дигар кардани сару либос маслиҳат дода намешавад. Аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед, вагарна бемор мешавед. Аз гуфтори беҳуда худдорӣ намуда, пул қарз нагиред, дар масъалаҳои пулӣ бо дӯстон додугирифт накунед, вагарна ҳам дӯстиятон хотима меёбаду ҳам пул кор карда наметавонед. Ба касе дарди дил накунеду гапи хонаро ба берун набароред.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Саломатиятон андаке нохуб мегардад, хатари хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад, беҳтараш ба беморхона равед. Мулоқоти ошиқонаатон бо нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудед, хуб мегузарад. Барои харидани хонаву савдои яклухт рӯзи мусоид аст. Сафарҳо бобарор мешаванд. Аз тағйирёбии боду ҳаво худро каме нотоб ҳис мекунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар масъалаҳои ошиқона матонату устуворӣ нишон диҳед. Дар ин рӯз тӯйи арӯсӣ ва дигар маъракаҳо хеле хуб анҷом меёбанд. Аз пайи ба даст овардани бойигарӣ надавед. Барои харидорӣ намудани асбобҳои техникӣ рӯзи хуб нест. Қайчӣ задан ё ранг кардани мӯй тавсия дода намешавад. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан пулро сарфа кунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯзи вазнину серташвиш аст. Корҳои майда- чуйда асабатонро хароб карда, имкони ба доми ҳаннотону фиребгарон афтиданатон вуҷуд дорад. Вохӯриву робитаатонро бо нафарони даркорӣ мустаҳкам созед, пешравии корҳоятон ва вазъи молиявӣ аз ҳамин нафарон вобастагӣ дорад. Барои амалӣ нашудани орзуҳоятон аз дӯстдоштаатон домангир мешавед. Минбаъд дар ҷустуҷуи шахси идеалӣ надавед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз аз ғайбату бадгӯйии бадхоҳон эҳтиёт шавед, вагарна обрӯятон мерезад. Дар ҳалли мушкилоти рӯзгор ва харидани манзил ба якравӣ роҳ надиҳед, ба маслиҳати шахси бароятон наздик гӯш диҳед. Одамчаспиву уҳдабароиятон хуб аст, вале аз ҳад зиёд зудбовар нашавед. На ҳар сурати зебо сирати зебо дорад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз аз даст додани маблағи зиёд, дилмондагӣ дар муҳаббат ва руҳафтодагӣ дар касбу коратон имкон дорад. Дилмонда нагардед, ҳамааш аз худатон вобастагӣ дорад. Барои аз мушкилиҳои ба саратон омада раҳоӣ ёфтан, тамоми гапу хабари фаҳмидаро нағзакак санҷиданатон лозим аст. Нафаре изҳори муҳаббат мекунад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз тибқи маслиҳати дӯстон амал карда, гапи дигаронро гӯш кунеду хомӯш истед. Ҳангоми гирифтани ҳаққи хизмат мушкилиҳо сар мезананд. Бо худтабобаткунӣ машғул нашавед, вагарна дубора табобат кардану маблағи зиёд сарф карданатон лозим меояд. Мизонҳои муҷаррад бояд аз пайи бунёд кардани хонаи бахти худ шаванд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз оиладор шудан, никоҳ кардан ва бастани шартномаҳо номусоид аст. Нафарони воломақом кӯмаку дастгирӣ мекунанд, вале дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмӣ рух дода, табъатон хира мегардад. Аз хӯрдани ширинӣ ва сафарҳои дур худдорӣ намоед. Ба қонунвайронкунӣ роҳ надиҳед, вагарна ба вазъияти ногувор меафтед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз ҳангоми суҳбат бо одамон аз гуфтани сиру асрори дигарон худдорӣ намоед. Гуфтанӣ нестем, ки мисоли китоби кушода бошед, вале канораҷӯӣ ҳам накунед. Пухтакориятон боиси пешравии корҳо ва ба даст овардани маблағи хуб мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба чизҳои майда- чӯйда диққат надиҳед, вагарна воқеаи муҳимеро аз назар дур месозед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз дилатон навигариву таассуроти тоза мехоҳад. Ҳушёриро пеша намоед, хатари ҷароҳат ёфтану муноқиша карданатон зиёд аст. Аз харидани ҳайвоноти калон худдорӣ намоед. Бо варзиш машғул шуданро низ тавсия намедиҳем. Ба коре, ки боиси рашки дӯстдоштаатон мегардад, даст назанед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ҳаёти шахсии нафароне, ки ҳанӯз бахти худро пайдо накардаанд, аз худашон вобастагӣ дорад, аз олами афсонаҳо берун оед. Ба нафаре, ки шуморо сидқан дӯст медорад, диққат диҳед. Ҳангоми харид кардан сарфакор бошед, пулҳоятонро пинҳон кунеду ба касе қарз надиҳед. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз симои аслии худро на танҳо ба шарикони тиҷоратӣ, балки ба атрофиён нишон доданатон лозщим меояд. Ба фиребу найранг роҳ надиҳед. Аз харидорӣ намудани хӯрокаву моли арзон худдорӣ намоед, вагарна ба даст овардани моли бесифат имкон дорад. Агар нияти оиладоршавӣ дошта бошед, кори хайрро ба қафо напартоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД