Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ МАИ СОЛИ 2023
5312

Ҳамал

Дар ин рӯз дар ҷои коратон муноқишаҳои гуногун сар зада, шуморо низ ба он ворид месозанд. Беҳатар нафареро ҷонибдорӣ накунед, бетараф буданатон хубтар аст. Дар акси ҳол бе ягон гуноҳ гунаҳкор мешавед. Ҳамалҳои сарватманд бояд бо ҳамкорони нав якҷоя амал намоянд.

Савр

Дар ин рӯз нерӯятон дучанд гашта кори зиёдеро ба анҷом мерасонед. Аз ҳад зиёд ба кор дода нашавед, вагарна ба саломатиятон бе таъсир намемонад. Вохӯрӣ бо дӯстон боиси нофаҳмӣ ва хастагиятон мегардад. Танҳо аз вохӯрӣ ё мулоқоти ошиқона табъатон болида мегардад.

 

Ҷавзо

Нимаи аввали рӯз барои савдогарон ва масъалаҳои пулӣ номусоид меояд. Эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Ба нуқтаи назари бегонагон гӯш надиҳед, аз ҳад зиёд зудбоварӣ боиси аз даст додани маблаѓи пулӣ мегардад. Аз таваккал кардану корҳои вазнини ҷисмоние, ки ба саломатиятон беасар намемонанд, худдорӣ намоед.

Саратон

Дар ин рӯз қувваву нерӯятон дучанд мегардад, аз ин рӯ метавонед аз пайи амалӣ намудани корҳои муҳим шавед. Барои мулоқоти ошиқона ва рафъи мушкилиҳое, ки байни шумову дӯстдоштаатон вуҷуд дошта бошанд, рӯзи мусоид аст. Бегоҳирӯзӣ каме нотоб гаштанатон нишонаи хастагӣ аст.

Асад

Рӯзи бобарор аст. Корҳоеро, ки дар оянда боиси мушкиливу сарфи зиёди маблаѓ мегарданд, зудтар ба анҷом расонед. Баъди нисфирӯзӣ ба амри дил гӯш дода амал карданатон беҳтар аст. Қабл аз он ки аз нафаре кӯмаки касбӣ ё молиявӣ мепурсед, наѓзакак андеша намоед, шахсеро ки шумо наздаш гардани каҷ карданиед, чандон боэътимод нест.

Сунбула

Агар оқилонаву дурандешона амал намоед, кореро ки қаблан аз уҳдааш намебаромадед, рафъ месозед. Барои шуғлҳои ошиқона вақти мусоид аст. Агар хоҳиши таѓйир додани ҳаёти шахсиятонро дошта бошед, чунин имконро пайдо месозед. Дӯстони дерин ба суроѓатон меоянд.

 

Мизон

Ҳар мушкиле, ки имрӯз ба саратон меояд, набояд боиси яъсу ноумедиятон гардад. Дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша намоед. Мизонҳое, ки фарзанд доранд, бояд ба тарбияи онҳо диққати махсус диҳанд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ вақту маблаѓро дареѓ надоред.

Ақраб

Дар сафару саёҳатҳо шиносҳои нав пайдо карда, воқеаҳои хотирмон дербоз дар хотиратон нақш мебанданд. Агар худро нотоб ҳис кунед, ба саломатӣ диққати ҷиддӣ диҳед. Барои он ки ҷароҳат набардоред, эҳтиёткориро пеша намоед. Дар ин рӯз ба мағозаву бозор рафтану маблағи калон сарф карданро маслиҳат намедиҳем.

Қавс

Дар ин рӯз ба нуқтаи назари бегонагон гӯш надиҳед, содаву зудбовар нашавед, вагарна пулҳоятонро аз даст медиҳед. Барои он ки ба саломатиятон зарар нарасад, аз корҳои хатарнок ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Дар симои шахси дӯстдоштаатон шахси идеалиро наҷӯед, дар акси ҳол муносибатҳоятон вайрон мегарданд.

 

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз кори наверо оғоз кардану уҳдадориҳои иловагиро ба дӯши худ гирифтанро маслиҳат намедиҳем, он чизе ки ба назар осон менамояд, дар асл кори душвор аст. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, дар маъракаҳо ширкат наварзед, вагарна аз баҳсу мунозира халосӣ намеёбед.

Далв

Рӯзи хубест барои корҳои вазнини ҷисмонӣ, сайругаштҳои дарозмуддат ва сафару саёҳатҳо. Муносибатҳои ошиқона хеле хуб ҷараён гирифта, хушбахтии комилро эҳсос мекунед. Ба ҳодисаҳое, ки тағйироти куллиро талаб мекунанд, диққат надиҳед. Нисбати дарди шикам бепарвоӣ зоҳир накунед.

Ҳут

Дар ин рӯз ҳама гапу ҳама корро ба дил наздик қабул накунед. Албатта ба ҳодисаҳои рухдода беаҳамиятӣ кардан душвор мегардад, вале барои худ шуғлеро пайдо кунед, ки асабатонро ором созад. Барои расидан ба мақсад дӯстони хубро интихоб намоед ва кӯшиш кунед, ки сафи душманонатон зиёд нагарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Мадина 2023-05-17, 06:27
Хамадони
Посух
Файзулло 2023-05-17, 07:23
Россия г якутск
Посух
Диля 2023-05-18, 15:29
Хами толеьномаро як хафтаинаша бароред ва потом як мохаша боз хубтар мешид!!!
Посух
Иброҳим 2023-05-29, 16:12
Соли мор бо мусалмони чи мано дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Мадина 2023-05-17, 06:27
Хамадони
Посух
Файзулло 2023-05-17, 07:23
Россия г якутск
Посух
Диля 2023-05-18, 15:29
Хами толеьномаро як хафтаинаша бароред ва потом як мохаша боз хубтар мешид!!!
Посух
Иброҳим 2023-05-29, 16:12
Соли мор бо мусалмони чи мано дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД