Ҳамал
Рӯзи хубест барои истироҳати бофароғат, корҳои ҷисмонӣ ва робитаи васеъ. Беҳуда ба ташвиш афтодану овора шуданро маслиҳат намедиҳем. Ботамкиниву дилкушодӣ боиси пешравӣ ва комёбиятон мегардад. Фаромӯш насозед, ки ҷозибаи шумо муъҷиза меофарад.
Савр
Бисёр рӯзи вазнин аст, ҳатто дар ҷойи кор вазнинӣ эҳсос карда мешавад. Аз имкон дур нест, ки муносибати сардору ҳамкорон бо шумо бад мегардад. Ба монеаҳои садди роҳатон гашта диққат надиҳед. Рӯзи санҷиш аст. Қабл аз об хоб оббозӣ карданатон хуб аст. Аз ҷойҳои серодаму торикӣ дурӣ ҷӯед.
Ҷавзо
Мушкилоти ҷамъшуда нимаи аввали рӯзро фаро мегиранд. Мардҳо бояд хатои дӯстдоштаи худро бахшида тавонанд. Танҳо дар ҳамин сурат қалбатон орому хотиратон ҷамъ мегардад. Ба бонувон бодиқату ҳушёр буданро тавсия медиҳем. Аз ваъдаву қавлу қасам ва суханҳои беҳуда худдорӣ намоед. Хобҳоятон баъди се рӯз амалӣ мешаванд.
Саратон
Рӯзи бахшиши гуноҳҳо, тавбаву надомат ва иқрор шуданҳост. Нисбати наздикон бо сабр бошед. Муноқишаи байнатон рухдода танҳо баъди суҳбати ошкорову самимӣ рафъ мегардад. Пешниҳодҳои судманд имкон доранд. Қабл аз хариди калон нағзакак андеша намоед. Нисбати уҳдадориҳоятон бодиққат бошед, ба кӯмаки дӯстон умед набандед.
Асад
Дар ин рӯз аз ҷониби шахси бегона ба саломатиятон зарар расиданаш имкон дорад. Ҷангу моҷаро ногаҳонӣ рух дода метавонад. Танҳо дар ҳузури фарзандон дар ин рӯз роҳат карда метавонед. Бароятон истироҳати кӯтоҳ лозим аст. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар об дидани ҳавои боронӣ нишонаи наздикшавии хатар аст.
Сунбула
Маҳз дар ҳамин рӯз ҳис мекунед, ки аз уҳдаи тамоми корҳои душвор мебароед. Ҳар кореро, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкорон оғоз намоед, муваффақ мегардад. Агар душвориҳо пеш оянд, аз шахси бароятон азиз мадад ҷӯед. Рӯзи хубест барои робита бо шахсони бароятон наздик ва эҷодкориҳо.
Мизон
Мушкилоти рӯзгор бо табъи хуши ошиқона ва дар интизории тағйиротҳо тавъам меоянд. Муносибат бо дӯстону наздиконатон хуб аст, ба шарте худро ба даст гирифта тавонед, ягон ҳодисаи ҷиддӣ рух намедиҳад. Тамоми корҳоятонро бомуваффақият ба анҷом мерасонед. Бо нафаре вомехӯред, ки чанде пеш дӯсташ медоштед.
Ақраб
Хоҳиши тағйир додани зиндагиро мекунед. Саросема нашавед, дар лаҳзаи охир ҳама чиз метавонад тағйир ёбад. Барору бурдбории ба дастомадаро маҳкам доред, вагарна ба зудӣ аз даст меравад. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.
Қавс
Рӯзи пур аз рӯйдодҳои ғайриодӣ аст, онро барои ҷорӣ намудани тартибот бубахшед. Барои ҷойгардонкунии мебел рӯзи хуб аст. Бо корҳои вобаста ба пул машғул нашавед, бо сабаби беҷуръатӣ ва содагии зиёд фиреб хӯрданатон имкон дорад. Ошиқ шуданатон эҳтимол дорад.
Ҷаддӣ
Аз ҳад зиёд хурдагир буданатон ҳатто нафаронеро, ки шуморо хуб мешиносанд, ба ҳайрат меорад. Ботаҳаммул бошеду худро ба даст гиред, вагарна беинтизомӣ ва ман-мании беандозаатон нохушиҳои зиёдро ба саратон меорад.
Далв
Агар соҳиби фарзанд бошед, барояшон диққати бештар ҷудо намоед. Тамоми мушкилиҳои пешомадаро мустақилона рафъ месозед. Саломатиятон хуб бошад, чизе наметавонад хотиратонро дар ин рӯз озурда намояд. Дар муносибат бо нафарони калонсолтару ботаҷриба нофаҳмӣ эҳтимол дорад.
Ҳут
Ҳодисаҳои ин рӯз чунон зиёд мешаванд, ки саратон чарх мезанад. Барои ҳама шахси даркорӣ мешавед, вале вақту имкон намеёбед. Ҳар кори саркардаатон муваффақият меорад. Бо ободонии хонаву дари худ машғул мешавед. Даромади ногаҳонӣ имкон дорад.