Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат муносибатҳои нав оғоз меёбанд. Баъди гуфтугӯ бо ҳамсар, ба фикраш гӯш диҳед. Бо аъзои оила баҳс накунед. Дар касбу кор рӯзи оддист, вале аз рӯи нақша кор кунед. Бо ҳамкорон нофаҳмӣ эҳтимол дорад. Ҳоло вақти хубест барои иваз кардани ҷойи кор, гирифтани қарз ё хариди калон, аммо бо шахсони ботаҷриба машварат кунед. Эҳсосотро зери назорат гиред.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз бояд босабр бошед, хусусан дар ҷодаи муҳаббат. Ором бошед, ҳама вақт ҳамдигарфаҳмӣ намешавад. Агар хаста бошед, дам гиред. Дар муҳаббат шонси хуб доред, чӣ барои шиносоии нав, чӣ барои мустаҳкам сохтани муносибатҳои мавҷуда. Агар дар молия муваффақ нашудед, дар муҳаббат муваффақ мешавед. Дар табиат гаштугузор кунед ва аз ғизои вазнин даст кашед, меваю сабзавот беҳтаранд.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз шахси миёнасол ба шумо таваҷҷуҳ мекунад. Муҳаббат ногаҳон дари дили шуморо мекӯбад. Рӯз барои оштӣ шудан ва барқарор кардани муносибатҳо мувофиқ аст. Бо дӯстони самимӣ суҳбат кунед, ба корҳои эҷодӣ рӯ оред. Шояд дар худ истеъдоди роҳбариро эҳсос кунед. Бо ҷасорат амал кунед, натиҷаҳо аҷиб хоҳанд буд. Ба варзиш рӯ оред, махсусан йога ё аэробика.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шумо имрӯз бисёр дилрабоед ва ин боис мегардад, ки одамони нав бо шумо ошно шаванд. Идеяҳои ҷолиб пайи ҳам пайдо мешаванд, бештар дар соҳаи хонасозӣ. Имрӯз барои оғози кори ҷиддӣ мувофиқ нест. Ирода ва устуворӣ шуморо ба пеш мебарад. Қувваи кории шумо баланд мешавад. Хабарҳои нохуш метавонанд диди шуморо тағйир диҳанд, вале шояд ин овозаҳо асос надошта бошанд.
Асад (23 июл-23 август)
Бо наздикон мулоим бошед. Абрӯ дарҳам накашед, агар мехоҳед назари худро ҳифз кунед. Имрӯз вақти хубест барои анҷоми корҳои хонагӣ. Ин машғулият метавонад рӯҳияи шуморо беҳтар созад. Барои гирифтани неру ва илҳом, бо одамон мулоқот кунед, ба саёҳат равед. Дар харҷ эҳтиёткор бошед, шояд ба зудӣ ба маблағи зиёд ниёз пайдо кунед. Ба саломатӣ ғамхорӣ кунед, агар ташвише доред, ташхис кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар дӯстдоштаатон барқасдона шуморо ранҷонад, беҳтар аст аз чунин муносибатҳо даст кашед. Имрӯз корҳои рӯзмарра ба шумо душвор меоянд, сабаби аслияш шитобкорист. Нимаи дуюм ва охири рӯз барои ҳалли масъалаҳои молӣ муносиб аст. Хӯрокҳои тозаву сабук бихӯред. Бо дӯстону наздикон дидорбинӣ кунед, рӯз бароятон хуб мегузарад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Шахси наздикатон кӯшиш мекунад шуморо ба ҳайрат орад, шояд рафтораш ғайричашмдошт намояд, вале нияти нек дорад. Имрӯз бо руйдодҳои хуш мегузарад. Бо аҳли хона вақт гузаронед, корҳои муқаррариро ба фардо монед. Ҳар коре, ки имрӯз шуруъ кунед, самараи хуб хоҳад дод. Гарчанде монеа пайдо шавад, шумо роҳи ҳалли ғайримуқаррарӣ хоҳед ёфт.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Тағйироти муҳим дар ҳаёти шахсӣ пеш меояд. Шояд шахсе ба муҳаббаташ иқрор шавад ва муносибатҳои нав оғоз шаванд. Баъзе мушкилоти хурд рӯҳияи шуморо вайрон мекунад, вале сабаби ҷиддӣ барои изтироб нест. Муоширати васеъ метавонад ба шумо кори беҳтар ва даромадноктар биёрад. Эҳтимол рақиби роҳбари шумо мехоҳад шуморо ба худ ҷалб кунад. Неруи ҷисмонӣ кам мешавад, эҳтиёт шавед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Беҳуда нагуфтаанд, ки чашми ошиқ кӯр аст. Шумо шахсеро ки дӯст медоред, аз ҳад зиёд идеалӣ мешуморед. Рӯз каме душвор аст, бодиққат амал кунед. Дар тиҷорат натиҷаҳои мусбат эҳтимол дорад. Аз доруҳои ҳархела эҳтиёт шавед, шояд ба шумо таъсири манфӣ расонад. Аз гиёҳвориҳо истифода баред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар нофаҳмие миёни шумо ва шахси наздикатон ба вуҷуд омада бошад, шояд ин поёни муҳаббат нест, балки сабабест барои ислоҳ шудан. Бо атрофиён муносибатҳоро ба тартиб дароред. Рӯзи серкор аст, вақти дамгирӣ намеёбед. Имрӯз малакаи кории шумо боло меравад. Ба касе қарз надиҳед ва худатон ҳам қарз нагиред. Хӯрокатон бояд сабук, вале қувватбахш бошад - мева, сабзавот ва ширинии кам.
Далв (21 январ-19 феврал)
Агар танҳо бошеду мехоҳед ошиқ шавед, шумораи шиносҳоятонро зиёд кунед. Ба консерт, намоишгоҳ, ҷамъомадҳо равед, бахтатон онҷост. Аз танбалӣ парҳез кунед. Вақти хубест барои пухтупаз ё тоза кардани хона. Имрӯз метавонад як зани таъсиргузор ба шумо кӯмак расонад. Энергияи субҳгоҳӣ то шом боқӣ мемонад, онро ҳифз намоед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар зиндагиятон тағйироти муҳим наздик аст. Агар ба худ кам боварӣ доред, ислоҳ шавед. Агар фикр мекунед, ки шарикатон хато мекунад, аввал ба хатоҳои худатон назар кунед. Шумо вазифаҳои зиёдеро анҷом медиҳед, бо масъулият рафтор кунед. Ин рӯзе аст, ки меҳрубониву самимиятатон намоён мешавад. Харҷи зиёдатӣ накунед. Сайругашт бо шахси дӯстдошта саломатии шуморо беҳтар мекунад.