Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар аз кори бесамару якранг дилгир шуда бошед, бо дӯстони наздикатон вақт гузаронед. Аз мушкилоте, ки табъатонро хираву вазъиятро ногувор месозанд, дурӣ ҷӯед. Агар бемориҳои сутунмуҳра, тахтапушт ё буғумдард дошта бошед, дар назди компютер дурудароз нишастанро маслиҳат намедиҳем.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ҳама кор ҳушёриро аз даст надиҳед, дар акси ҳол ҳодисае рух медиҳад, ки боиси рехтани обрӯятон мегардад. Нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед, вале баҳс накунед. Бегоҳирӯзӣ истироҳат карда, фикрҳои ғамангезро аз сар дур намоед. Барои ошиқон рӯзи бобарор аст.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Агар дар ин рӯз ташаббус нишон диҳед, ҳамкорон дастгирӣ мекунанд. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи бобарор аст, ба шарте ки ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо ба хатогӣ роҳ надиҳед. Нафареро вомехӯред, ки умре дар интизораш будед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Бештар ба қувваву маҳорати худ умед баста, мушкилиҳои зиёдеро рафъ месозед. Дар ҳама кор тахаюлоти худро ба кор баред. Ҳатто дар ҷодаи муҳаббат барои бартараф намудани табъи гирифта ҳазлу шӯхӣ карданатон лозим меояд.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи пурмаҳсул аст, дилатон пур аз фараҳу шодӣ мегардад. Ҷаласаҳои муҳиму сафарҳои кӯтоҳмуддати корӣ эҳтимол доранд. Тамоми хоҳишҳоятон амалӣ мешаванд. Ғурури худро ба шахси дӯстдоштаатон нишон надиҳед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар шумо эҷодкор бошед, барои муваффақ шудан тамоми қуввату маҳорати худро истифода баред. Бо як ҳамкоратон, ки кайҳо нисбаташ бетафовут нестед, муносибати ошиқона барпо мекунед. Бегоҳирӯзӣ барои сайругашт мусоид аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз саросема шудану ташвиши зиёд кашидан манъ аст. Ҳама корро аз рӯйи нақша ба анҷом расонед. Ба шиноси наздики худ ошиқ мешавед. Дар гуфтору рафтор аз ҳади эътидол нагузаред. Дар сари қаҳр касеро наранҷонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ҷодаи касбу кор муваффақ мегардед. Агар ҳама корро дуруст ба нақша гирифта, ҳисобу китобро ба роҳ монед, мушкиле пеш намеояд. Нафароне, ки бо соҳибкорӣ машғул шудан мехоҳанд, бояд вазъи молиявии худро ба эътибор гиранд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Тамоми рӯз назди компютер нишастанро тавсия намедиҳем. Бо ин амалатон имконияти беҳтар сохтани вазъи молиявиро аз даст медиҳед. Вазъи саломатиятон бад шуда, бояд фавран чора бинед. Беҳтараш бо усулҳои халқӣ табобат карда, дорувориҳои зиёдро истеъмол накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз нақшаи кориро тартиб додан душвор мешавад. Тамоми фикру зикратон банди ҳаёти шахсӣ ва муносибатҳои ошиқонаатон мегардад. Ҷаддиҳои савдогар ва ҳунармандро комёбӣ дар пеш аст. Ақидаҳои худро аз бадхоҳонатон пинҳон доред.
Далв (21 январ-20 феврал)
Тамоми мушкилоти зиндагии шумо бо шарофати нафари воломақоме ба зудиву осонӣ рафъ мегардад. Муҳим он аст, ки аз субҳи содиқ аз пайи рафъи мушкилиҳо шавед. Аз рафтори ногаҳонии дӯстдоштаатон ба ғазаб наоед, вагарна байнатон ҷанҷол мешавад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ ба қарз ғӯтидан шарт нест. Беҳтараш аз пайи пайдо намудани манбаҳои нави даромади пулӣ шавед. Дар ҷодаи муҳаббат муносибатҳои ошиқонаатон хеле хуб ҷараён мегиранд.