Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
3722

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нимаи аввали рӯз хеле серкор мешавед ва танҳо нимаи дуюми рӯз ба кӯмакатон нафаре мешитобад. Хароҷоти имрӯзаатон калон мешавад, вале хурсандии наздиконро дида, заррае пушаймон намешавед. Хусусан, хотири дӯстдоштаатон хеле шод мегардад. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Нисбати молу амволе, ки доред, диққату ғамхории бештар зоҳир менамоед. Қабл аз он ки ба коре даст мезанед, зиёд андешаронӣ мекунед. Бонувоне, ки дар мучали савр ба дунё омадаанд, то кадом андоза муҳим будани ҳодисаҳоеро, ки дар давоми рӯз аз сар гузаронидаанд, эҳсос менамоянд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар дар ин рӯз дилатон дард кунад, дониста бошед, ки бо сабаби харобии асабҳо аст. Ҳама чизро ба дил наздик қабул карда, аз ҳад зиёд дилтангӣ накунед. Аз сарф кардани маблағи зиёд низ безобита нашавед. Дӯстдоштаатонро танҳо бо суханони хуш ба зиндагӣ дилгарм сохта метавонед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз маблағи зиёд сарф карданатон лозим меояд. Каме нотоб шуданатон эҳтимол дорад. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шуда, қабл аз хоб лимӯчой нӯшед. Ҳангоми сафарҳо боэҳтиёт бошед ва бо ашёҳои нӯгтезу бурранда кор накунед. Дӯстдоштаатон аз пештара бештар ба меҳрубонии шумо ниёз дорад.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзро бо табъи хуш оғоз намоед. Аз ҳар чизе ки боиси ғамгинӣ, хавотирӣ ва фикрҳои мағшушатон мегардад, дурӣ ҷӯед. Фикрҳои мағшуш ба вазъи оилавиятон бетаъсир намемонанд. Кӯшиши назорат намудани касеро накунед, хусусан, ба дӯстдоштаатон фишор наоред. Барои камбудиҳои рӯзгор маблағи зиёд сарф мекунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Қисми зиёди рӯзро барои рафъ намудани мушкилҳои дигарон мегузаронед. Бе тавсия ва маслиҳати табиб ягон намуди дорувориро истеъмол накунед. Мушкилиҳои молиявиро ҳарчи зудтар рафъ намуда, кори имрӯзро ба фардо нагузоред. Ҳар туҳфае, ки шумо интихоб намоед, ҳатман ба дӯстдоштаатон писанд меояд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизонҳои бадгумон хаёл мекунанд, ки мушкилиҳо аз пешанд. Хастагиҳои рӯзҳои пеш, камбудиҳои оилавӣ ё андешаҳои мағшуш имкон доранд. Баъзеҳо бо наздикон муноқиша мекунанд. Дар ин рӯз тамоми мушкилиҳоро фаромӯш кунед. Хароҷоти зиёд мекунед, вале мушкилии молиявиро эҳсос намекунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Вазъият тавре сурат мегирад, ки хислатҳои манфии худро нишон доданатон лозим меояд. Худро ба даст гирифта, аз рашку бахилӣ худдорӣ намоед. Ба дағалии атрофиён танҳо дар зарурат посух гӯед. Сари вақт истиҳола карда натавонистанатон боиси фишори рӯҳӣ ва ҷароҳат бардоштанатон мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Масъалаҳои молиявӣ аз шумо диққати хосаро талаб мекунанд. Ҳар қадаре пул зиёд сарф кунед, ҳамон андоза хатари беҳуда сарф карданатон вуҷуд дорад. Дар ин рӯз моли бесифат харида, бо нафаре муноқиша ё чизеро гум мекунед. Агар аз нафаре қарздор бошед, шуморо лозим меояд, ки пулро баргардонед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нимаи аввали рӯз бароятон номусоид меояд. Бо касе забон ёфта наметавонед ва асабиву табъатон хира мегардад. Ба эҳсосот дода нашавед. Агар минбаъд низ ба асабоният дода шавед, гирифтори захми меъда гаштанатон осон аст. Масъалаҳои молиявиро бо душворӣ ҳал мекунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Сифати беҳтарини далв, ки суботкорӣ аст, дар ин рӯз ба якравию ғазаб мубаддал мегардад. Гапдаро бошеду гузашт кунед, вагарна дар муносибат бо наздикон ва дӯстдоштаатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Хусусан, дар муносибат бо шахсони аз худатон калон эҳтиромро нигоҳ доред. Бештар бо варзиш машғул шавед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз табъатон болидаву нерӯи дучанд болу пар мебахшад, вале аз роҳатон мушкилиҳое мебароянд, ки бояд рафъ карда тавонед. Агар муносибатҳоятон бо дӯстдоштаатон душвор гашта бошад, барои он ки муноқиша сар назанад, ҳама кори аз дастатон меомадаро ба анҷом расонед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД