Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз ором будан барои шумо мушкил хоҳад шуд. Сабаби ин шиддати эҳсосот аст, ки ба ҳар як ҳодисаи ночиз вокуниши тез нишон медиҳед ва ҳар сухани атрофиёнро наздик ба дил мегиред. Бекор нишастан намехоҳед ва бешак ҳамаи нақшаҳои худро иҷро мекунед. Эҳтимол аст, ки наздикон ба кумаки шумо ниёз пайдо кунанд. Барои оромии асаб ва пешгирии стресс ба худ вақт ҷудо кунед. Аз хароҷоти ногаҳонӣ худдорӣ намоед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз рӯзи хубест барои ҳалли масъалаҳои мураккаб. Шумо бодиққат ҳастед ва ҳеҷ чизи муҳимро аз назар намегузаронед, аз ин рӯ хатогиҳо эҳтимолан кам мешаванд. Шоми имрӯз метавонад бо сюрпризҳои романтикӣ шод гардонад. Ба реҷаи хоби худ диққат диҳед, то нерӯятонро нигоҳ доред. Имрӯз имконияти гирифтани даромади иловагӣ вуҷуд дорад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз бо корҳое машғул шавед, ки муддати дароз ба таъхир андохта будед. Шумо бояд якбора якчанд вазифаро ҳал кунед, аммо ин барои шумо мушкил нахоҳад буд. Баъзе Ҷавзоҳо на танҳо мушкилоти шахсии худро, балки аз дигаронро низ ҳал мекунанд, ки боиси қадршиносии атрофиён мегардад. Аз асабонияти зиёд худдорӣ кунед ва барои оромии равонӣ вақт ҷудо кунед. Имрӯз харидҳои муҳимро ба таъхир гузоред.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз барои ҳалли масъалаҳои душвор мусоид аст. Муошират бо наздикон шуморо хурсанд хоҳад кард – шумо аз онҳо хабарҳои шавқовар мешунавед ва лаҳзаҳои гуворо мегузаронед. Имкони ба даст овардани тӯҳфа ё сюрпризи ошиқона вуҷуд дорад. Ба истироҳат ва хоби дуруст таваҷҷӯҳ кунед. Пеш аз сарф кардани маблағҳои калон, ҳама чизро бодиққат баррасӣ кунед. Бояд пулҳои худро то рӯзи маош расонед.
Асад (23 июл-22 август)
Шумо намехоҳед вақти худро беҳуда сарф кунед ва мехоҳед рӯзро бо корҳои муҳим оғоз кунед, ин тасмими дуруст аст. Хабарҳои хуш аз роҳи дур эҳтимол доранд. Мулоқоти оилавӣ ва вохӯриҳо бо дӯстон хуб мегузаранд. Агар имшаб мулоқоти ошиқона дошта бошед, эҳтимоли туҳфа ё пул гирифтанатон вуҷуд дорад. Энергияи зиёд доред, вале онро сарфакорона истифода баред. Имконияти беҳтар кардани вазъи молиявӣ вуҷуд дорад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Рӯзи пуршиддат дар пеш аст. Нақшаҳои пешакиатон шояд тағйир ёбанд, бинобар ин, бояд бо вазъият мутобиқ шавед. Бо вуҷуди серкорӣ, барои истироҳат ва корҳои писандидаатон вақт ҷудо кунед. Мушкилоти хонаводагӣ ва масъалаҳои рӯзгорро зуд ҳал мекунед. Шояд хароҷоти ночизе пеш ояд, аммо онҳо аҳамияти калон нахоҳанд дошт. Нисфи дуюми рӯз барои харидҳо, махсусан барои интихоби тӯҳфаҳо, мувофиқ аст. Аз хастагии ҷисмонӣ худдорӣ кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз хеле самаранок хоҳад буд. Нимаи аввали рӯз шумо метавонед бо корҳои нав машғул шавед – зуд ҳама чизро меомӯзед ва натиҷаи хуб ба даст меоред. Дӯстон бо пешниҳодҳои ҷолиб шуморо шод мегардонанд. Хабарҳои хуш аз оила низ имкон доранд. Худро аз ҳад зиёд хаста накунед. Имконияти беҳтар кардани даромади пулӣ вуҷуд дорад, вале хароҷоти ғайричашмдошт эҳтимол аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз барои ҳама гуна мулоқотҳо рӯзи олӣ аст. Ҳам бо наздикон ва ҳам бо шиносони нав забон ёфтан осон хоҳад буд. Ҳатто рақибон метавонанд ба тарафи шумо гузаранд ва барои ҳамкорӣ пешниҳод кунанд. Дар қабули чунин қарор шитоб накунед, беҳтар аст аввал маълумоти бештар гиред. Аз стресс ва эҳсосоти манфӣ дурӣ ҷӯед. Барои харидани мошин ва хона имрӯз вақти муносиб нест.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Рӯзи ҷолиб ва хотирмон дар пеш аст. Шояд бо шахсоне вомехӯред, ки қаблан танҳо дар бораашон шунида будед. Ин шиносоӣ боиси пайдоиши муносибатҳои дӯстона ё ошиқона гашта метавонанд. Аммо ба хотири ояндаи хуб, шитобкорӣ накунед. Имконияти гирифтани тӯҳфа вуҷуд дорад. Эҳтимоли хастагии асаб вуҷуд дорад, барои истироҳат вақти кофӣ ҷудо кунед. Харидҳои ногаҳонӣ метавонанд шуморо ба мушкилоти молиявӣ дучор кунанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз бисёре аз Ҷаддиҳо имкониятҳои наверо мебинанд, ки қаблан пай набурда буданд. Эҳтимол аст, ки шахсони нав ба шумо кӯмак пешниҳод кунанд ва ин муносибатҳо метавонанд ҳам дӯстона ва ҳам ошиқона рушд ёбанд. Ҳавои тоза ва варзиши сабук ба шумо фоида мебахшад. Пул ба даст меоред, аммо онро оқилона истифода баред.
Далв (20 январ-18 феврал)
Субҳи имрӯз шояд каме душвор бошад. Аз камтарин нороҳатиҳо асабонӣ шуда, бо наздикон муноқиша мекунед. Аммо нофаҳмиҳо зуд бартараф шуда, муносибатҳои шумо дубора ба ҳолати муътадил меоянд. Шояд ба хонаатон меҳмон ояд. Истироҳати хуб шуморо аз хастагӣ эмин медорад. Аз харидҳои калони ногаҳонӣ худдорӣ кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз агар шумо ба чорабиниҳои фароғатӣ равед, бешубҳа дар маркази диққат хоҳед буд ва таърифу тавсифҳои зиёде мешунавед. Дидор бо дӯстони кӯҳна ва шиносоии нав ба шумо рӯҳбаландӣ мебахшад. Ба ғизои худ диққат диҳед, то энергияатонро нигоҳ доред. Имрӯз барои сарфа ва пасандоз кардани пул вақт мувофиқ аст.