Ҳамал
Нимаи аввали рӯз барои ба анҷом расонидани корҳоятон кӯшиши зиёд ба харҷ додан лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ дар касбу кор ва ҳаёти шахсиятон мушкилӣ сар мезанад. Ба манзили истиқоматии худ диққати бештар диҳед, хатари рух додани сӯхтор ё ба доми ғоратгарон афтиданатон имкон дорад.
Савр
Бурдборӣ ҳар лаҳза метавонад аз шумо рӯй гардонад, аз ин рӯ корҳои қаблан саркардаатонро ба анҷом расонед. Нимаи дуюми рӯз руҳафтодагӣ ва фишори руҳӣ имкон дорад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, аз рафтору гуфтори қабеҳ худдорӣ намоед, ваграна пушаймон мешаваед. Аз нафаре кӯмакро интизор набшед. Хатари сироят ёфтанатон зиёд аст, тозагиро риоя намуда, танҳо дар хона хӯрок хӯред.
Ҷавзо
Дар ин рӯз ба назди табиби стоматолог ва табиби чашм рафтанро тавсия намедиҳем. Бемориҳое, ки дар ин рӯз пайдо мешаванд, табобаташ тӯл мекашад. Хабару овозаҳои дилхарош мешунавед, вале дар сари эҳсосот ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон камбудие дида намешавад. Аз бонк қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.
Саратон
Мушкилиҳои молиявӣ имкон доранд. Нерӯи дучандатон ба атрофиён шодиву нишот мебахшад. Нимаи дуюми рӯз ба саломатии худ ва наздиконатон бодиққат бошед: имкони хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ, ҷароҳат бардоштан ва рух додани ҳодисаҳои нохуш зиёд аст. Маблағи худро барои мушкилиҳои хона сарф карданатон лозим меояд.
Асад
Дар ин рӯз рух додани ҳодисаву рӯйдодҳои зиёде имкон дорад. Аз вохӯриву мулоқоти ошиқона, изҳори муҳаббат, шабҳои пур аз розу ниёз сар карда, то ҷангу муноқиша ва оштӣ шудани дилдолдагон. Танҳо кӯшиши бедор кардани рашки шахси дӯстдоштаи худро накунед, вагарна байнатон сардӣ меафтад.
Сунбула
Бо сабаби якравӣ ва рӯирост гап заданатон дӯстони зиёдеро аз даст медиҳед. Ба ғалат роҳ надиҳед ва аз гуноҳу айби нафароне, ки дар лаҳзаҳои душвор дастгири шумо буданд, гузашт намоед. Дар ин рӯз дар муносибатҳои ошиқонаатон бурдборӣ ҳамсафаратон мегардад. Агар ба хунсардӣ роҳ диҳед, муносибатҳои ошиқонаатон низ рӯ ба шикаст меоранд.
Мизон
Ба пешвози нафароне бароед, ки ҳамроҳатон дар ҳаёт якҷоя қадам гузоштан мехоҳанд. Ҳам бо шарикони корӣ ва ҳам нафари дӯстдоштаатон забон ёбед. Нисбати атрофиён аз ҳад зиёд сахтгир набошед, вагарна табъатон нохуш гашта, бемор шудани узвҳои ҳозимаатон эҳтимол дорад. Дар ин рӯз бо қартабозӣ ва бозиҳои пулакӣ машғул шудан қатъиян манъ аст.
Ақраб
Ҳодисаҳои ин рӯз душвор мешаванд, вале тағйиротҳоеро пеш меоранд, ки шумо сахт ниёз доштед. Дар бораи дӯсти наздикатон гаперо мешунавед, ки боиси асабхаробиятон мегардад. Ҳангоми ба роҳи дур сафар кардан на танҳо ҳуҷҷатҳои даркорӣ , балки ҳамсафарони хубро интихоб намоед.
Қавс
Рӯзи хубест барои робита бо дӯстон, қабули меҳмонон, дилхушӣ кардан. Хароҷоти ногаҳонӣ ё гум кардани маблағ имкон дорад, аз ин лиҳоз пулҳоятонро эҳтиёт кунед. Хобҳоятон баръакс амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҷашну шодӣ боиси нобарорӣ ё бад гаштани вазъи саломатӣ мегардад.
Ҷаддӣ
Агар дӯстдошта дошта бошед, ин бегоҳ ҳамроҳ бошед. Рафту муҷаррад бошед, барои шинос шудан омода бошед. Ҳангоми ба бозору мағоза рафтан боэҳтиёт бошед, эҳтимоли фиреб хӯрдану харҷи зиёд карданатон зиёд аст. Инчунин аз истеъмоли хӯроки гӯштдор ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед.
Далв
Аз нафарони асабие, ки шуморо ба кирдори ғазаболуд водор месозанд, худро дур гиред. Барои ба эътидол овардани корҳои тиҷоратӣ ба шумо донишу малака лозим аст. Умеду орзуҳоятон дар ин рӯз амалӣ намешаванд. Барои табобати бемориҳои узвҳои даруна рӯзи мусоид аст.
Ҳут
Дар ин рӯз ҳангоми робита бо наздиконатон хеле боэҳтиёт бошед. Ҷое, ки бояд нозукона рафтор намоед, сахтгирӣ накунед. Нисбати атрофиён танқиду норизогӣ баён накунед. Вақте расидааст, ки дар бораи касбу кори нав ва даромади иловагӣ андеша намоед. Бо шахси дӯстдоштаатон на танҳо дилсиёҳӣ, балки ҷудошавӣ имкон дорад.