Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2023
2279

 

Ҳамал

Агар имрӯз аз ҳад зиёд мансабталошиву ҳавобаландӣ кунед, бо ҳамкорон низоъ мекунед. Аз нафароне, ки барқасдона бо шумо моҷаро меҷӯянд, дур бошед. Дар ҳавои тоза сайр карда, на танҳо саломатиро беҳ месозед, балки нерӯ мегиред.

 

Савр

Дар ин рӯз беҳтараш гузаштаро ба хотир наоред. Фикри имрӯзро кунед, он гоҳ мушкилатон ночизу осон мегардад. Маъракаву ҷашнҳои муҳим бобарор анҷом меёбанд. Бегоҳирӯзиро саврҳои оиладор бояд дар ҳалқаи оилаву фарзандон гузаронанд.

 

Ҷавзо

Дар ин рӯз тамоми ҳунару маҳорати худро барои беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ равона созед. Барои коре, ки ҳанӯз рух надодааст, ғамгин нашавед. Бадгумонӣ накарда, ҳақиқатнигор бошед. Дар давоми рӯз чизи кайҳо гумкардаатонро пайдо сохта, хеле шод мегардед.

 

Саратон

Агар тамоми рӯз аз нобарор анҷом ёфтани корҳоятон шиква кардан гиред, билохира чунин ҳам мешавад. Нисбати атрофиён боэҳтиром бошед, он гоҳ чунин муносибатро нисбати худ мебинед. Бо нафаре шинос мешавед, ки ба бахти шумо ҳасад мебарад.

 

Асад

Рӯзи олиҷанобест барои онҳое, ки истироҳат кардан мехостанд. Бо дӯстон вохӯрда дилхушӣ мекунед. Ба асадҳое, ки дӯстдори машрубот ҳастанд, бисёр нӯшиданро тавсия намедиҳем. Мушкили молиявӣ хотиратонро озурда месозад, вале ба зудӣ роҳи ҳаллашро намеёбед. Мутаассифона, ин аз шумо вобаста нест.

 

Сунбула

Дар роҳи расидан ба нияту нақшаҳо ба як қатор монеаҳо гирифтор мешавед. Агар нияти иваз кардани соҳаи фаъолияти худро дошта бошед, маълумотномаи кории худро ба тамоми ширкатҳо фиристед. Барои беҳтар сохтани муносибатҳо бо дӯстдоштаатон, сабру тоқатро аз даст медиҳед.

 

Мизон

Нисбати ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, ботаҳаммул бошед, вагарна то охир рӯз қуввату мадорро аз даст медиҳед. Нофаҳмӣ бо хешовандон табъатонро хира месозад. Агар нияти оштӣ шуданро дошта бошед, ин корро дар ҳамин рӯз кунед. Бо мошини шахсӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.

 

Ақраб

Барои он ки барор ҳамсафари шумо гардад, набояд руҳафтода бошед. Зиндадилу нисбати худ серталаб бошед, он гоҳ комёб мегардед. Уҳдабароиву кордониятонро дида, ҳатто мунаққидон ҷонибдоратон мегарданд. Дар ҷодаи муҳаббат ба пайдо шудани рақибон роҳ надиҳед.

 

Қавс

Дар ин рӯз на танҳо бо ҳамкорон, балки бо худ низ мусобиқа мекунед. Барои қоил кардани атрофиён бояд таҷрибаву дониши кофӣ дошта бошед. Кордониятон хуб аст, вале роҳҳои пулкоркуниро низ пайдо карданатон лозим аст. Барои хубтар гузаронидани ҷашну маъракаҳо пул бояд ҷамъ кунед.

 

Ҷаддӣ

Дар корҳоятон пешравиро интизор набошед. Албатта тағйиротҳои хуб имкон доранд, вале чандон назаррас нестанд. Бо сабаби аз кор ба хона дер баргаштанатон наздиконатон аз шумо ранҷидаву муҳити оилавӣ тоқатфарсо гаштааст. Барои ба даст овардани дили ҳамсаратон бояд зирак бошед.

 

Далв

Бо вуҷуди сард будани ҳаво самои қалби шумо офтобиву аз шодӣ мешукуфед. Дӯстдоштаатон бо шумо меҳрубон асту вазъи молиявиатон беҳтар. Дар ҷойи кор роҳбарият вазифаи беҳтареро пешниҳод месозад. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш шунида, табъатон болида мегардад.

 

Ҳут

Агар тамоми рӯз бо табъи гирифта гаштан гиред, чунин муносибатро аз атрофиёнатон низ интизор шавед. Ба ҷои нишон додани руҳафтодагӣ беҳтараш бо ягон кори муфиду судбахш машғул шавед. Масалан хонаатонро ба тартиб оварда, ягон хӯроки бомаза пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД