1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2025
1378

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз аз шитобкорӣ худдорӣ кунед. Шояд бо дӯст ё ишқи кӯҳна вохӯред, ки хотираи рӯзҳои хуши гузаштаатонро зинда мекунад. Хешовандон метавонанд бе созишкорӣ ва каме ҷангҷӯёна рафтор намоянд, аз ин рӯ беҳтараш баҳс накунед. Эҳтимол шахсе ба ҷойи кори шумо чашм ало дорад, рафтори ҳамкоронро бодиққат пайгирӣ кунед. Имрӯз вақти хуб барои тарки одатҳои бад ва оғози парҳез аст, манфиати шахсии худро дар мадди аввал гузоред.

Cавр (21 апрел-21 май)

Имрӯз пур аз нерӯ ва шодмонӣ мешавед, ки атрофиён низ онро эҳсос мекунанд. Ихтилофу нофаҳмиҳо паси сар мешаванд, дӯстдоштаатон шуморо шод гардондан мехоҳад. Бо ҳамкорон аз зиндагии шахсӣ нақл накунед, то овозаҳо паҳн нашаванд. Имрӯз метавонед барои харид равед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва ҳолатҳои асабоният дурӣ ҷӯед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Рӯзи хуб барои изҳори муҳаббат аст, эҳтимол ҷавоби мусбат гиред. Бо шахси дӯстдошта метавонад нофаҳмӣ рӯй диҳад. Дар ҷодаи касбу кор масъалаҳои муҳимро сари вақт ҳал карда метавонед. Бо дастгирии шахсони нуфуздор, мушкилоти молиявӣ зуд ҳал мешаванд. Сафарҳои кутоҳ шуморо хушҳол месозанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Вақти қабули қарорҳои ҷиддӣ дар муносибатҳои шахсӣ фаро расидааст ва шумо метавонед ба орзуи дил бирасед. Вале феълан вақти хуб барои кӯчидан ё сафарҳои дур нест. Дар масъалаҳои молиявӣ мушкилоти ғайричашмдошт пеш омада метавонад, аз ин рӯ вақти хонаву мошинхарӣ нест. Машқҳои сабук барои қувват гирифтани мушакҳо анҷом диҳед, вале ҷисми худро яку якбора зери бори вазнин нагузоред.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз орзуҳои ҷасуронаатон амалӣ шуда метавонанд, ба ҳисси ботинии худ бовар кунед. Бо дӯстдоштаатон на ҳамеша якдигарфаҳмӣ карда метавонед. Дар кор бояд қобилияти худро нишон диҳед ва бо масъалаҳои ғайриоддӣ машғул шавед. Рӯз барои хариди мошин ё бақайдгирии он мусоид аст. Агар шом нотоб шудед, ин аз хастагии ҷамъшуда аст, истироҳат кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои ба даст овардани муваффақият дар ҷодаи муҳаббат имрӯз кушодадил, хушмуомила ва саховатманд бошед, вале обрӯи худро фаромӯш накунед. Дар хона мушкили наздикон зиёд мешавад. Эҳтимол дар касбу кор мушкилоти пулӣ сар занад. Ба барқарор кардани қувва ва парҳези солим диққат диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз имкони шиносии хуб доред, махсусан агар дар ҷустуҷӯи бахт бошед. Дуруст ба нақша гирифтани корҳо ба шумо кумак мекунад, ки ба ҳадаф бирасед. Дар ҷои кор нофаҳмӣ имкон дорад. Мушкили молиявӣ эҳтимол дорад, вале муваққатист. Агар дилпур бошед, метавонед кори нав ё қарз гиред. Аз эҳтимоли ҷароҳат бардоштан эҳтиёт бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ба ёди гузаштаи худ ғӯтавар мешавед ва сабаби ноумедиҳоро меёбед. Ин ба беҳтар шудани муносибат бо ҳамсар ё дӯстдоштаатон кӯмак мекунад. Дар муносибатҳои оиладорон оромӣ дида мешавад. Агар дар ҷои кор масъулиятҳо шуморо фишор диҳанд, қисме аз онҳоро ба шахси боэътимод бисупоред. Нисбат ба нишонаҳои беморӣ беэътино набошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳтимоли шиносоии ғайричашмдошт ҳаст. Аз дӯстдоштаатон талабҳои зиёд накунед, то муносибат сард нашавад. Рӯз нерӯи зиёд талаб мекунад, бинобар ин, қувватро дуруст тақсим кунед. Дар бораи кор ё даромади иловагӣ фикр кунед. Агар бемор шавед, он хавфнок нест. Ба хобҳои шабона аҳамияти ҷиддӣ надиҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз аз шахси дӯстдошта дурӣ эҳсос мекунед. Дар муошират бо наздикон худнамоӣ ва ҳукмфармоиро кам кунед, то ҷанҷол пеш наояд. Оғози рӯз барои пешрафти касбӣ ва ёфтани кор хуб аст. Мумкин аст монеаҳо зиёд шаванд. Ба мушкилоти марбут ба гардиши хун диққат диҳед ва муоинаи тиббиро ба таъхир нагузоред.

Далв (21 январ-20 феврал)

Шояд имрӯз бо шахси ҷолиб ошно шавед. Барои оиладорони соҳиби фарзанди наврас, беҳтараш роҳҳои ҳамдигарфаҳмиро пайдо кунанд. Дар кор созишҳои судманд мебандед, вале баъдтар монеаҳо пеш меоянд. Дар масъалаҳои молиявӣ имкониятҳои нав пайдо мешаванд. Саломатиятон хуб аст ва неруи кофӣ доред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз аз шиносоии нав ё эҳёи робитаи кӯҳна худдорӣ кунед. Дар ояндаи наздик маблағҳоятон лозим мешаванд, аз ин рӯ ба ҷамъомадҳои серодам наравед ва бо оила бошед. Агар кори мувофиқ меҷуста бошед, дар интернет ҷустуҷӯ кунед. Бахту барор бо шумост. Агар асабӣ бошед, омилҳои сарзании стрессро кам ва оромиро ҳифз намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД