Ҳамал
Аз иғвоангезиҳое, ки дар зиндагиятон рух медиҳад, эҳтиёт шавед. Аз ҷониби яке аз дӯстонатон фиреб хӯрданатон имкон дорад. Саломатиятон аз истеъмоли дорувориҳои нодуруст интихобшуда ё одатҳои зарарнок нохуб мегардад. Аз ҷойҳои торик ва танҳоӣ дурӣ ҷӯед. Хариди калон боиси сарфи маблағи зиёд мегардад.
Савр
Дар ҳаётатон тағйиротҳои ногаҳонӣ имкон доранд. Бо нафаре вомехӯред, ки аз дидораш табъатон хира мегардад. Дар масъалаҳои пулӣ пешравӣ дида намешавад. Маслиҳати дӯстону наздикон таъсири мусбӣ мерасонад. Дар ин рӯз бо нафарони шубҳанок робита накунед. Хобҳоятон хушбахтӣ меоранд.
Ҷавзо
Дар ин рӯз бо осонӣ қурбони фиребу найранг мегардед. Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, вагарна нафарони зиёде аз соддагии шумо истифода мебаранд. Маблағи худро дар ҷойи дилпур нигоҳ дошта, асбобу анҷоми рӯзгорро эҳтиёт кунед. Парешонхотирӣ ва фориғболӣ ҳам ба натиҷаи кор ва ҳам ба афту башараатон бе таъсир намемонад.
Саратон
Рӯзи мусоидест барои шиносоӣ ва сайру саёҳат. Кушодадилӣ ва муомилаи хубатон бо одамон боиси болидаруҳӣ мегардад. Тамоми корҳои вобаста ба касбу коратонро бо сабаби парешонхотирӣ ва хомхаёлӣ назорат карда наметавонед. Ба поквиҷдонии нафарони ношинос умед набандед, хусусан ба хориҷиён.
Асад
Нафароне, ки дар ин рӯз баргардонидани қарзҳояшонро интизоранд ё аз маблағгузоррӣ фоиз гирифтан мехоҳанд, дучори монеаҳо мегарданд. Дӯстону шиносони худро дар корҳои молиявӣ кафил нагиред, эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Хоби дар ин рӯз дидаатон баъди як рӯз амалӣ мегардад.
Сунбула
Барои бастани ақди никоҳ, бастани шартномаҳо, ҷустани миёнаравҳо ё мубориза бо рақибон рӯзи дигарро интихоб намоед. Эҳтимоли он ки шуморо фиреб мекунанд, зиёд аст. Аз ҷароҳат бардоштану заҳролудшавӣ, фориғболиву қаҳру ғазаб худдорӣ намуда, машрубот истеъмол накунед.
Мизон
Ба ҳодисаҳое, ки имрӯз рух медиҳанд, аз дур назорат намуда, танҳо дар ҳолати зарурат дахолат намоед. Муносибатҳои оилавиятонро рашки боасос вайрон месозад. Танҳо бо шарофати ҳушёриву дурандешии зотиятон аз мушкилиҳои зиёде халосӣ меёбед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ташвишовар мешунавед.
Ақраб
Дар ин рӯз миёни шумову шахси дӯстдоштаатон нофаҳмиҳои аҷиб рух медиҳанд. Эҳтимол аз шахси бароятон азиз чизеро пинҳон мекунед ё баръакс аз шумо чизеро махфӣ нигоҳ медоранд. Муноқишаҳои кутоҳмуддат, шубҳаву гумон ва рашк боиси дилсиёҳии шумову ёратон мегардад.
Қавс
Дар ин рӯз эҳсосоти худро назорат намуда, ба маслиҳати дӯстону наздикон бодиққат гӯш диҳед. Муҳити оилавиятон дар давоми рӯз ноустувору нофаҳмо гашта, ба назар чунин мерасад, ки оилаатон ба пошхӯрӣ наздик расидааст. Вазъи саломатиятон аз ҳолати руҳӣ вобастагӣ дорад.
Ҷаддӣ
Рӯзи бебарор аст. Аз сайругашти дарозмуддат ва саёҳат худдорӣ намоед. Эҳтимоли дучори дағалӣ ва рафтори манфурона шуданатон имкон дорад. Дар ин рӯз ба муоинаи табиб рафтану бо корҳое, ки диққатнокии зиёдро талаб мекунанд, машғул шуданро маслиҳат намедиҳем.
Далв
Имрӯз ба устувориву дилпурии ягон чиз умед набандед. Барои ҷарроҳиҳои тиббӣ рӯзи мусоид нест. Дар муносибатҳои ошиқонаатон бо сабаби шубҳаҳои пинҳонӣ ва мушкилиҳои хурди молиявӣ душвориҳо сар мезананд. Вохӯрии тасодуфӣ ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад.
Ҳут
Имрӯз имкони ба ғалат роҳ доданатон зиёд аст. Сабаб дар фориғболӣ, парешонхотирӣ, хомхаёлӣ ва хоболудии шумо мегардад. Вохӯрии корӣ ва хариду фурӯши хонаро ба таъхир гузоред, вагарна рақибону бадхоҳон аз заифиҳоятон истифода бурдан мехоҳанд. Рӯзҳои наздик имкони сарфи пул вуҷуд дорад.