Tayron Test For
Толеъномаи 16 марти 2020, Душанбе
1290

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Нимаи аввали рӯз барои ба анҷом расонидани корҳоятон кӯшиши зиёд ба харҷ додан лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ дар касбу кор ва ҳаёти шахсиятон мушкилӣ сар мезанад. Ба манзили истиқоматии худ диққати бештар диҳед, хатари рух додани сӯхтор ё ба доми ѓоратгарон афтиданатон имкон дорад.

Савр (21 апрел-22 май)
Бурдборӣ ҳар лаҳза метавонад аз шумо рӯй гардонад, аз ин рӯ корҳои қаблан саркардаатонро ба анҷом расонед. Нимаи дуюми рӯз руҳафтодагӣ ва фишори руҳӣ имкон дорад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, аз рафтору гуфтори қабеҳ худдорӣ намоед, ваграна пушаймон мешаваед. Аз нафаре кӯмакро интизор набшед. Хатари сироят ёфтанатон зиёд аст, тозагиро риоя намуда, танҳо дар хона хӯрок хӯред.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Дар ин рӯз ба назди табиби стоматолог ва табиби чашм рафтанро тавсия намедиҳем. Бемориҳое, ки дар ин рӯз пайдо мешаванд, табобаташ тӯл мекашад. Хабару овозаҳои дилхарош мешунавед, вале дар сари эҳсосот ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон камбудие дида намешавад. Аз бонк қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.

Саратон (22 июн- 22 июл)
Мушкилиҳои молиявӣ имкон доранд. Нерӯи дучандатон ба атрофиён шодиву нишот мебахшад. Нимаи дуюми рӯз ба саломатии худ ва наздиконатон бодиққат бошед: имкони хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ, ҷароҳат бардоштан ва рух додани ҳодисаҳои нохуш зиёд аст. Маблаѓи худро барои мушкилиҳои хона сарф карданатон лозим меояд.

Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз рух додани ҳодисаву рӯйдодҳои зиёде имкон дорад. Аз вохӯриву мулоқоти ошиқона, изҳори муҳаббат, шабҳои пур аз розу ниёз сар карда, то ҷангу муноқиша ва оштӣ шудани дилдолдагон. Танҳо кӯшиши бедор кардани рашки шахси дӯстдоштаи худро накунед, вагарна байнатон сардӣ меафтад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Бо сабаби якравӣ ва рӯирост гап заданатон дӯстони зиёдеро аз даст медиҳед. Ба ѓалат роҳ надиҳед ва аз гуноҳу айби нафароне, ки дар лаҳзаҳои душвор дастгири шумо буданд, гузашт намоед. Дар ин рӯз дар муносибатҳои ошиқонаатон бурдборӣ ҳамсафаратон мегардад. Агар ба хунсардӣ роҳ диҳед, муносибатҳои ошиқонаатон низ рӯ ба шикаст меоранд.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Ба пешвози нафароне бароед, ки ҳамроҳатон дар ҳаёт якҷоя қадам гузоштан мехоҳанд. Ҳам бо шарикони корӣ ва ҳам нафари дӯстдоштаатон забон ёбед. Нисбати атрофиён аз ҳад зиёд сахтгир набошед, вагарна табъатон нохуш гашта, бемор шудани узвҳои ҳозимаатон эҳтимол дорад. Дар ин рӯз бо қартабозӣ ва бозиҳои пулакӣ машѓул шудан қатъиян манъ аст.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Ҳодисаҳои ин рӯз душвор мешаванд, вале таѓйиротҳоеро пеш меоранд, ки шумо сахт ниёз доштед. Дар бораи дӯсти наздикатон гаперо мешунавед, ки боиси асабхаробиятон мегардад. Ҳангоми ба роҳи дур сафар кардан на танҳо ҳуҷҷатҳои даркорӣ , балки ҳамсафарони хубро интихоб намоед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Рӯзи хубест барои робита бо дӯстон, қабули меҳмонон, дилхушӣ кардан. Хароҷоти ногаҳонӣ ё гум кардани маблаѓ имкон дорад, аз ин лиҳоз пулҳоятонро эҳтиёт кунед. Хобҳоятон баръакс амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҷашну шодӣ боиси нобарорӣ ё бад гаштани вазъи саломатӣ мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Агар дӯстдошта дошта бошед, ин бегоҳ ҳамроҳ бошед. Рафту муҷаррад бошед, барои шинос шудан омода бошед. Ҳангоми ба бозору маѓоза рафтан боэҳтиёт бошед, эҳтимоли фиреб хӯрдану харҷи зиёд карданатон зиёд аст. Инчунин аз истеъмоли хӯроки гӯштдор ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед.

Далв (21 январ- 20 феврал)
Аз нафарони асабие, ки шуморо ба кирдори ѓазаболуд водор месозанд, худро дур гиред. Барои ба эътидол овардани корҳои тиҷоратӣ ба шумо донишу малака лозим аст. Умеду орзуҳоятон дар ин рӯз амалӣ намешаванд. Барои табобати бемориҳои узвҳои даруна рӯзи мусоид аст.

Ҳут (21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз ҳангоми робита бо наздиконатон хеле боэҳтиёт бошед. Ҷое, ки бояд нозукона рафтор намоед, сахтгирӣ накунед. Нисбати атрофиён танқиду норизогӣ баён накунед. Вақте расидааст, ки дар бораи касбу кори нав ва даромади иловагӣ андеша намоед. Бо шахси дӯстдоштаатон на танҳо дилсиёҳӣ, балки ҷудошавӣ имкон дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Суман 2020-03-16, 12:25
Вахдат
Посух
Мижгона аз шахри бостонии Панчакеннт 2020-03-16, 12:51
Ташаккур Оилаи азиз
Посух
Дилафруз 2020-03-16, 21:35
Душанбе
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Суман 2020-03-16, 12:25
Вахдат
Посух
Мижгона аз шахри бостонии Панчакеннт 2020-03-16, 12:51
Ташаккур Оилаи азиз
Посух
Дилафруз 2020-03-16, 21:35
Душанбе
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2