Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ ДЕКБАРИ СОЛИ 2023
2207

Толеъномаи 15 декабр

Ҳамал

Дар ин рӯз натиҷаи заҳматҳои худро мебинед. Корҳоятон хубу муносибатҳои шахсиятон ранги тоза мегиранд. Ҳатто ҳавои сарди зимистон табъатонро хира намесозад. Бегоҳирӯзӣ каме нотоб мегардед, вале ҳолатон ба зудӣ хуб мегардад.

 

Савр

Нақшаву ниятҳои худро яксӯ гузошта, ғами наздиконатонро хӯред. Корҳои вобаста бо илму техника ва тиб бобарор анҷом меёбанд. Дар ҷодаи муҳаббат саврҳо бояд андеша намоянд. Даромади пулӣ аз сатҳи хароҷот зиёд гашта, дилатон ба зиндагӣ гарм мегардад.

 

Ҷавзо

Дар ин рӯз барои анҷом додани ягон кор фурсат намеёбед. Агар дар давоми рӯз яъсу ноумедиро эҳсос намоед, ба сайругашт бароед ё аз ҷойи кор ҷавоб гиред. Як қисми маблағи дар даст доштаатонро сарф накарда, барои охири моҳ захира кунед.

 

Саратон

Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, ҷойи нави корӣ низ пайдо мекунед. Ба кӯмаки касе умед набаста, мустақилона амал намоед. Аз муносибатҳои ошиқонаи муваққатӣ худдорӣ намоед. Обрӯи худро нарезонед.

 

Асад

Дар ҷодаи муҳаббат нофаҳмиҳои зиёд рух медиҳад. Ботамкину пуртоқат бошед, он гоҳ аз мушкилиҳо намеҳаросед. Дар ҳаёти оилавӣ вазъият душвор аст, вале агар ба якдигар гузашт карда тавонед, оштӣ мешавед. Асабҳоятонро эҳтиёт кунед.

 

Сунбула

Дар ин рӯз на танҳо дар хонаву ҷойи кор, балки дар ҷодаи муҳаббат боэҳтиёт бошед. Нафаре, ки бо тамоми ҳастӣ дӯсташ медоред, эҳтимол шуморо фиреб мекунад. Барои хариди калон рӯзи номусоид, вале барои маблағгузорӣ рӯзи бобарор аст.

 

Мизон

Агар тамоми ҳодисаҳои ин рӯзро оромона қабул намоед, чизе наметавонад хотиратонро озурда гардонад. Вазъи молиявӣ аз шумо вобастагӣ надорад, аз ин лиҳоз, асабӣ шудан маънӣ надорад. Нафареро вомехӯред, ки замоне дӯст медоштед. Кӯшиш намоед, дубора ба доми фиреб наафтед.

 

Ақраб

Азбаски аз маълумоти зиёде воқиф ҳастед, нисбати кор масъулият эҳсос мекунед. Агар дар ҳаёти шахсӣ муваффақ набошед, хатогиро дар худ ҷӯед. Аз имкон дур нест, ки нисбати дӯстдоштаатон серталаб ҳастед. Сафари бегоҳирӯзиятон бобарор мегардад.

 

Қавс

Нисбати шахси бароятон наздик худро гунаҳгор мешуморед, зеро бо як сабаби ночиз моҷаро ороста, дилашро сахт меранҷонед. Дастовардҳоятон чунон зиёд мегарданд, ки шахси машҳур мегардед. Метавонед ба зиёд шудани маош умед бандед.

 

Ҷаддӣ

Агар худро бад ҳис карда, аз дарди сар азоб мекашида бошед, беҳтараш дар хона монед. Шояд шамол кашидаеду дарҳол бояд табобатро сар кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ хеле бодиққат бошед, вагарна пулҳоятонро аз даст медиҳед.

 

Далв

Дар ин рӯз гапро кам карда, бештар хомӯш бошед. Бо вуҷуди ба дурустии ҳарфҳоятон бовар доштан, бо ҳамкорон баҳс накунед. Бонувоне, ки кайҳо боз ба кошонаи ҳусн нарафтаанд, маҳз дар ҳамин рӯз ба зебоии худ диққат доданашон лозим аст.

 

Ҳут

Агар нисбати атрофиён сахтгиру дағал бошед, муваффақ намегардеду таърифу тавсиф ҳам намешунавед. Агар вазъият талаб намояд, ҳалиму нармгуфтор бошед. Бегоҳирӯзи шуморо шоми ошиқона интизор аст. Рафту гирифтори зуком гардида, таббатон баланд бошад, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД