Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
2045

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар муносибат бо наздикон сабру таҳаммул ва оромиро нигоҳ доред. Муҳимтар аз ҳама, аз танқиди одамони наздикатон худдорӣ кунед. Бо волидонатон тавре рафтор кунед, ки онҳо ғамхории худро ба шумо дареғ надоранд. Кореро, ки нияти анҷом додан надоред, беҳтараш оғоз накунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз барои анҷом додани сафари кӯтоҳ рӯзи хубу бобарор аст. Бо нафарони ҳассос вохӯрданатон дар назар аст. Ба нафаре, ки худро дӯсти шумо мегирад, аз ҳад зиёд бовар накунед. Ба онҳое бештар бовар кунед, ки дар лаҳзаҳои мушкил дар баратон бошанд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Нафарони муҷаррадро маҳфилҳои нави ошиқонаву романтикӣ интизор аст. Дар муносибат бо наздиконатон мушкилиҳо пеш меоянд. Дағалӣ накунед, балки коре кунед, ки дубора боварии онҳо, аз ҷумла боварии ҳамсаратонро ба даст оред. Даромади иловагӣ дар назар нест, сарфакор бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бештар хӯрокҳои парҳезӣ истеъмол кунед ва ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳед. Барои оштӣ кардан бо нафароне, ки дербоз қаҳрӣ будед, рӯзи мувофиқ аст. Касерову чизеро не, танҳо фикри саломатии худро кунед ва истироҳат намоед. Кӯшиш кунед, ки зиёд хоб накунед.

Асад (23 июл-22 август)

Аз оне ки ба корҳои беҳуда машғул мешавед, вақти худро барои истироҳату фароғат сарф кунед. Чизҳои куҳнаатон, аз ҷумла ҷиҳози нодаркори хонаро партоед. Аз нафаре, ки аз пуштатон ғайбат мекунад, ҳеҷ гоҳ кумак напурсед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз ҳар гуна ҷангу ҷанҷол худдорӣ карда, ба ҳар ош қатиқ нашавед. Хусусан, ба баҳсҳое, ки ба шумо умуман дахл надоранд, дахолат накунед. Беҳтараш ба корҳое машғул шавед, ки ба шумо нерӯ ва эҳсоси мусбӣ мебахшанд, на манфӣ.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Эҳтимол вазъи саломатиатон каме нохуб мешавад. Сабаб дар он аст, ки бемориҳоро ба эътибор нагирифта, сари вақт ба назди духтур намеравед. Пешгирӣ намудани бемориҳо аз табобати он осонтар аст. Дар муносибат бо аҳли оила боэҳтиёт бошед. Дар ҳама соҳа тартиботро риоя карда, аз рӯи нақша амал кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз кӯмакеро, ки ба шумо равона шудааст, рад накунед. Фурӯтаниву хоксории шуморо ба инобат гирифта, баъзеҳо дар наздатон дарди дил мекунанд. Даромади ногаҳонӣ дар назар аст. Занҳоро лозим аст, ки ба оилаву фарзандони худ диққати бештар зоҳир намоянд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Тамоми ҳодисаву воқеаҳоро таҳти назорати ҷиддӣ бигиред ва дар ҳолати тағйир ёфтани вазъият вокуниш нишон диҳед. Ҳушёр бошед ва нагузоред, ки касе шуморо идора кунад. Забон дар даҳон посбони сар аст, ба он чизе ки аз даҳонатон мебарояд, диққат диҳед, касеро хафа карданатон мумкин аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Зиракиро аз даст надиҳед, баъзан барои ба даст овардани натиҷаи ба дил наздик зиракӣ ба кор меояд. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявиатон бояд касбу кори худро дигар кунед. Барои беҳтар шудани вазъи саломатӣ бештар хӯрокҳои серғизо истеъмол кунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз аз суҳбат бо нафаре, ки шуморо нороҳат мекунад, дурӣ ҷӯед. Дӯстдоштаатон ба шумо бори дувум шанс медиҳад. Аз он истифода карда, муносибати қаблии худро барқарор кунед. Эҳтимоли ба кори дигар гузаштанатон вуҷуд дорад. Аз интернет пул кор карданро омӯзед, зеро ин тақозои замон аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз парҳезро як тараф гузореду бештар ширинӣ истеъмол кунед. Ҳангоми ба нақша гирифтани корҳое, ки давоми рӯз бояд анҷом диҳед, корҳоеро дар мадди аввал гузоред, ки зуд натиҷа медиҳанд. Ростқавл бошед ва сирри касеро ба каси дигар нагӯед, вагарна обруятон мерезад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД